Дар маҷлиси навбатии ҳукумати кишвар, ки дирӯз, 30-юми апрел баргузор шуд, лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ оид ба амалисозии лоиҳаи “Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуда, барои тасдиқ ба парлумони Тоҷикистон ирсол гардид.
Хадамоти матбуотии роҳбари давлат хабар медиҳад, ки “бо амалӣ намудани лоиҳаи мазкур зиёда аз 5500 шаҳрванди кишвар бо кор таъмин хоҳанд шуд”.
Дар назди президент ва дигар аъзои ҳукумат, дар бораи амалисозии лоиҳа Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гузориш додааст.
“Гуфта шуд, ки мақсади таҳия ва қабули лоиҳаи мазкур саҳмгузорӣ дар амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар буда, ҷалби сармоя, бунёди кластерҳои агросаноатӣ ва коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили кишвар пешбинӣ мегардад”, - навиштааст хадамоти матбуотии президент.
Дар идомаи маҷлис, лоиҳаи қарори ҳукумати кишвар дар бораи дарёфти манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ баррасӣ гардида, барои муҳокима ба парлумон ирсол гардид.
Манбаъ менависад, ки дар идомаи маҷлис, ҳамчунин оид ба як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла идора ва назорати самараноки истифодаи замин қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста