ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 2 МАЙ
- Имрӯз соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими кушодашавии ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад.
Ҳамчунин, баъди чорабинии ифтитоҳии ҷашнвора операи “Рӯдакӣ”-и Ш.Сайфиддинов аз ҷониби театри мазкур ба саҳна гузошта мешавад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 2 МАЙ
Соли 1946 – Дар пойтахти Тоҷикистон варзишгоҳи “Динамо” ба истифода дода шуд.
Соли 2007 – Аввалин пойгоҳи иттилоотии тоҷикӣ бо номи "varorud.tj" ба кор оғоз намуд.
Соли 2008 – Дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи ВАО-и форсизабон бо номи “Афруз” ба таври расмӣ сабти ном гардид.
Соли 2001 - Дар шаҳри Душанбе вохӯрии 11-уми Шӯрои вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид.
Соли 2014 – Дар Тоҷикистон Шӯрои миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушд таъсис дода шуд.
Соли 2017 – Дар Тоҷикистон фурӯши зиёда аз ду симкорти як ширкат ба номи як шахс манъ гардид.
Соли 2018 – Кумитаи андози назди Тоҷикистон хидматрасонии пардохти андозҳоро тавассути корти бонкӣ роҳандозӣ намуд.
Соли 2022 – Рақси варзишӣ ё брекданс бори аввал ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1903 – Мавлуди Комил Ёрматов, аввалин коргардони касбии Тоҷикистон, ҳунарпеша ва коргардони синамои тоҷик.

Комил Ёрматов аз бунёдгузорони синамои миллии Тоҷикистон буда, оғози таърихи синамои тоҷик бо фаъолияти ӯ сахт алоқаманд аст. Ёрматов нахустин коргардони синамои миллист. “Ҳуқуқи бошараф” аввалин филми таҳиякардаи Ёрматов дар “Тоҷиккино” мебошад. Филми “Муҳоҷир” барҷастатарин филми бадеии беовози тоҷик маҳсуб мешавад.
Фаъолияти минбаъдаи эҷодии ӯ дар киностудияи “Ӯзбекфилм” сурат гирифтааст. Комил Ёрматов барои мустаҳкам гаштани робитаҳои эҷодии кинематографистони Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳми босазое гузоштааст.
Дар филмҳое, ки ӯ дар “Ӯзбекфилм” ба навор гирифтааст, адибон ва ҳунармандони тоҷик иштироки фаъолона доштанд, аз ҷумла М.Орифов, М. Қосимов, А. Бурҳонов ва Тӯҳфа Фозилова дар филми “Абуалӣ Ибни Сино”, С.Азаматова ва М. Тоҳирӣ дар филми “Вақте ки гулҳо мешукуфтанд”, Г.Завқибеков дар филми “Тӯфон дар Осиё”, Сайрам Исоева дар филми “Нодирабегим” ва ғайра.
Соли 1911 – Зодрӯзи Мирзо Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон.

Мирзо Турсунзода баъди хатми Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошканд ҳамчун роҳбари шуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ба фаъолият пардохта, баъдтар бахши адабии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи А. С. Пушкини вилояти Ленинободро роҳбарӣ намудааст.
Соли 1935 роҳбари шуъбаи ташкилотӣ-оммавӣ ва роҳбари бахши драматургияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Соли 1939 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъин гардид. Аз соли 1943 сардори Раёсати санъати назди Шӯрои Кумитаи халқии ҶШС Тоҷикистон ва аз соли 1946 то охири умр раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Мирзо Турсунзода ҳамчунин намояндаи Шӯрои Олии ИҶШС, аъзои Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Комитаи советии ҳамраъйии мамлакатҳои Осиё ва Африко буд.
Шоир 24-уми сентябри соли 1977 дар 66-солагӣ аз олам даргузашт.
Аввалин маҷмӯаи шеърҳои Турсунзода бо номи “Байрақи зафар” нашр шудааст. Сипас, шеъру достонҳои “Ба эҷодкорам”, “Манзараҳои Хӯҷанд”, “Офтоби мамлакат”, “Хазон ва баҳор”, “Суруди ҷавонӣ”, “Мамлакати тилоӣ”, “Оҳанрабо”, “Халқи далер”, “Чаманистон”, “Мо аз Хоруғ омадем” дастраси хонандагон гардидааст.
Дар солҳои ҷанг Турсунзода достонҳои “Писари Ватан” ва “Барои Ватан”-ро ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ эҷод мекунад. Инчунин ӯ муаллифи силсилаасарҳои “Ман аз Шарқи озод”, “Қиссаи Ҳиндустон”, “Садои Осиё”, “Чароғи абадӣ”, “Ҷони ширин” ва достони “Аз Ганг то Кремл аст.
Ба бузургдошти номи ӯ дар Тоҷикистон шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Турсунзода (қаблан ноҳияи Регар) ва Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода номгузорӣ шудааст.
Соли 1913 – Мавлуди Муҳаммадҷон Рабиев, ҳунарпеша, коргардон, ва драманависи театр ва синамо.

Ӯ солҳои 1936-1938 ба ҳайси ҳунарпеша, коргардон ва директори Театри мусиқӣ-драммавии Хоруғ кор кардааст. Баъдан ба пойтахт омад ва соли 1941 муовини директори Театри опера ва балет буд. Баъди иштирок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ сардори шуъбаи Раёсати санъат, директор ва роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, директори Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ будааст.
Муҳаммадҷон Рабиев ва Азиза Азимова муаллифони нахустин балети ба саҳна гузошташудаи тоҷик “Ду гул” мебошанд. Аз рӯи либреттоҳои ӯ балетҳои “Дилбар”, “Қолини осмониранг” ба саҳна гузошта шудаанд.
Ӯ инчунин муаллифи зиёда аз 20 пйесаҳои театрҳои драмавӣ ва дастаҳои ҳаваскори бадеӣ мебошад. Ҳамкории эҷодии ӯ бо синамои миллӣ аз соли 1961 оғоз шудааст. Ӯ дар ҳаммуаллифӣ сенарияҳои филмҳои “Зумрад”, “Ошиқ аст – ошиқ нест”, “Дар ағба типарронӣ манъ аст”-ро навиштааст.
Муҳаммадҷон Рабиев 19-уми апрели соли 1983 дар синни 60-солагӣ аз олам чашм баст.
Соли 1925 – Зодрӯзи Носирҷон Маъсумӣ, забоншинос, шоир, ходими ҷамъиятӣ ва илмӣ.

Носирҷон Маъсумӣ соли 1930 курси дусолаи муаллимини Самарқандро хатм карда, шаш сол дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент муаллим будааст. Соли 1940 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо ба итмом расонда, солиёне дар ҳамин ҷой муаллим ва мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ва муовини ректор оид ба корҳои илмӣ будааст.
Носирҷон Маъсумӣ соли 1959 директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таъин шудааст. Фаъолияти илмии Носирҷон Маъсумӣ пурсамар буда, соли 1962 рисолаи ӯ “Адабиёти тоҷик дар асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX” ба табъ расидааст, ки яке аз давраҳои торику ҳассоси таърихи адабиёти тоҷикро равшан мекунад.
Дар ҷодаи таҳқиқи ҷараёни инкишофи забону сарфу навҳ ва маданияти гуфтори тоҷикӣ, махсусан, таҳқиқи забони асарҳои устод Айнӣ заҳмат кашидааст. Иддае аз мақолаҳояш дар китоби “Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик” ва “Ҷаҳонбинӣ ва маҳорат” гирд омадаанд. Инчунин дар таълифи китобҳои дарсӣ, таҳриру танзими “Фарҳанги забони тоҷикӣ” , “Луғати русӣ-тоҷикӣ” ва мақолоти Энсиклопедияи советии тоҷик ҳиссаи сазовор дорад. Чанд дафъа вакили мардумӣ интихоб шудааст.
Носирҷон Маъсумӣ 16 августи соли 1974 дар синни 59-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1927 – Мавлуди Баҳрулло Нарзуллоев, олим, доктори илмҳои физикаву математика.
Соли 1947 – Зодрӯзи Мақсуд Икромов, арбоби ҷамъиятӣ ва сиёсатмадор, собиқ раиси шаҳри Душанбе.

Мақсуд Икромов соли 1969 баъди хатми факултети сохтмон ва муҳандисии техникии Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишкадаи технологии Тоҷикистон) ҳамчун раиси ташкилоти сохтмони “Душанбестрой” ва муҳандиси “Промстройбанк” ба фаъолият пардохтааст.
Аз соли 1983 то 1986 масъули бахши сохтмон ва собиқ котиби кумитаи вилоятии ҳизби коммунистӣ дар Кӯлоб буд.
Мақсуд Икромов аз соли 1986 то 1993 раиси шаҳри Душанбе буд. Инчунин дар ду даъват вакили парлумон буд.
Икромов 23-юми декабри соли 1997 дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ҷон бохтааст.
Соли 1950 – Мавлуди Абдусалом Баракаев, олим, профессор, доктори илмҳои тиб.
Соли 1963 – Зодрӯзи Лидуш Ҳабиб (номи аслиаш Алидоншоҳ Шораҳматуллоев), рӯзноманигор, шоир, овозхон.
Соли 1968 – Мавлуди Абдураҳим Холиқзода, директори Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон.

Абдураҳим Холиқзода хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқшинос буда, фаъолияти кориашро ҳамчун мутахассиси хурд, парастор ва сарпарасти мактаб-интернати ёрирасони ноҳияи Вахш оғоз кардааст.
Ӯ соли 2007 сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъйин гардид. Баъдан дар вазифаи мудири шуъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроия кор кард. Солҳои 2010-2014 Раиси кумитаи корҳои динии назди Ҳукумат ва сипас Раиси кумитаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон будааст. Ду навбат вакили парлумон интихоб гардидааст.
Абдураҳим Холиқзода аз соли 2021 то имрӯз дар вазифаи директори Маркази исломшиносӣ фаъолият мекунад.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии туна, як навъи моҳӣ мебошад. Ин рӯз бо қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ бо мақсади баланд бардоштани огоҳии аҳолии ҷаҳон дар бораи арзиши ин навъи моҳӣ, фоидаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии идоракунии устувори захираҳои онҳо таъсис дода шудааст.

Аз сабаби сайди беш аз ҳад, таҳдидҳои экологӣ ва тағйирёбии иқлим, шумора ва макони зисти туна дар чанд даҳсолаи охир коҳиш ёфтааст. Бинобар ин, СММ назорати шадиди моҳидориро ба роҳ монда, тадбирҳо барои ҳифз ва нигоҳдории захираҳои арзишманди уқёнусҳоро амалӣ мекунад.
2 майи соли 1945 неруҳои шӯравӣ пурра шаҳри Берлинро ба тасарруфи худ дароварданд. То соати 21:00-и ҳамон рӯз беш аз 70 ҳазор сарбозу афсари немис асир гирифта шуданд.

2 майи соли 2011 дар шаҳри Абботтабоди Покистон "террористи рақами 1" ва роҳбари шабакаи байналмилалии террористии “Ал-Қоида” Усама бин Лодан кушта шуд. Амалиёт бо номи рамзии “Найзаи Нептун” (Neptune Spear) аз ҷониби Президенти ИМА Барак Обама тасдиқ шуда, бо иштироки неруҳои махсуси амрикоӣ "SEAL Team Six" (бахши вижаи "DEVGRU") ва дар ҳамкорӣ бо "CIA" амалӣ гардид.

Барои анҷоми амалиёт як гурӯҳи вижа аз Афғонистон ба Покистон фиристода шуд. Баъд аз анҷоми амалиёт, ҷасади бин Лодан барои ташхиси шахсият ба Афғонистон интиқол дода шуда, ҳамон рӯз дар баҳр ба таври махфӣ дафн карда шуд. “Ал-Қоида” марги роҳбарашро 6 май тасдиқ кард ва таҳдид намуд, ки барои кушта шуданаш интиқом хоҳад гирифт.
2 майи соли 2014 дар шаҳри Одесса дар майдони Куликов, бар асари бархӯрди шадиди тарафдорону мухолифони "Евромайдон" даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд.

Тарафдорони Евромайдон ҷонибдори тағйири ҳокимият ва ҳамгироии Украина бо Аврупо буданд, дар ҳоле ки мухолифон барқарорсозии тартибот дар кишвар ва муқовимат бо гурӯҳҳои ифротии ростгароро мехостанд. Дар пасманзари ин рӯйдодҳо, шиддатёбии буҳрони сиёсӣ дар Украина, аз ҷумла ҷудо шудани Қрим ва ҳамроҳшавии он ба Русия, муқовиматро боз ҳам тундтар кард.
Дар натиҷаи бархӯрдҳо ва сӯхтори бузург дар бинои Иттифоқи касабаҳо, 48 нафар ба ҳалокат расиданд, ки бештари онҳо ё дар сӯхтор ҷон бохтанд ё аз дуди ғализ нафасгир шуданд. Беш аз 200 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Мақомоти Одесса се рӯзи мотам эълон карданд ва 2 май ҳамчун рӯзи мотами солона дар шаҳр қабул гардид. То имрӯз, гунаҳкорони асосии ин фоҷиа ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд.
2 май дар Испания ҳамчун Рӯзи Мадрид таҷлил карда мешавад. Ин сана ба ёди шӯриши таърихии мардуми Мадрид бар зидди ишғолгарони фаронсавӣ таҳти раҳбарии Наполеон Бонапарт дар 2 майи соли 1808 бахшида шудааст. Гарчанде ин шӯриш бо шиддат саркӯб гардид, аммо он оғози муборизаи истиқлолхоҳонаи мардуми Испания гардид ва дар таърихи кишвар, махсусан пойтахт нақши муҳим гузошт.

Имрӯз Мадрид пойтахт ва калонтарин шаҳри Испания мебошад. Он ҳамзамон маркази маъмурии вилояти Мадрид ва минтақаи автономии ҳамном аст. Мадридро яке аз зеботарин ва пуртаъсиртарин пойтахтҳои Аврупо ва ҷаҳон медонанд.
Имрӯз мухлисони афсонавии Ҳаррӣ Поттер Рӯзи байналмилалии қаҳрамони дӯстдоштаи худ Ҳаррӣ Поттерро ҷашн мегиранд. Маҳз дар ҳамин рӯз, мувофиқи китобҳои Ҷоан Роулинг, Ҳаррӣ Поттер Волан-де-Морт, душмани асосии худ ва ҷаҳони ҷодугаронро нобуд кард.

Қобили зикр аст, ки дастнависи нахустин китоб “Ҳаррӣ Поттер ва санги фалсафӣ” аз ҷониби 12 нашриёт рад шуда буд, то он ки нашриёти "Bloomsbury" онро пазируфт. Тиражи аввал ҳамагӣ 1000 нусха буд. Баъдан, силсилакитобҳои Ҳаррӣ Поттер ҷаҳонро тасхир карданд ва Ҷоан Роулингро ба яке аз сарватмандтарин занони Бритониё табдил доданд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 2 МАЙИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 15+20º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 19+24º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27 гарм, дар шарқи вилоят шабона -4+1º, рӯзона 10+15º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Инчунин чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 27+29º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 27+29º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 31+33º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 21+23º гарм.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста