Имрӯз, 2 май дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот, ки ҳар сол 3-юми май таҷлил мегардад, бо ширкати созмонҳои байналмилалӣ ва рӯзноманигорӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Конфронс бо ташаббуси Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон бо ҳамкорӣ ва дастгирии “Internews”, намояндагии Иттиҳоди Аврупо, сафоратҳои Олмон, Фаронса ва Британияи Кабир дар Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Дар чорабинӣ мушкилот ва имкониятҳои озодии сухан, тақвияти ҳамкориҳо барои муҳити устувори расонаӣ, олишҳои мавҷуда, мубориза бо иттилооти бардурӯғ, меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорӣ ва масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимнан, имрӯз “Хабарнигорон бидуни марз” раддабандии ҳарсолаи худро оид ба озодии баён нашр кард, ки Тоҷикистон дар ин шохис дар соли 2025-ум ду зина боло баромада, аз байни 180 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 153-юм қарор гирифт.
Аммо Нуриддин Қаршибоев, раиси Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар инчорабинӣ таъкид кард, ки болоравии Тоҷикистон дар Шохиси ҷаҳонии озодии матбуот “нишондиҳандаи пешрафт дар соҳаи озодии иттилоот нест”. Ба гуфтаи ӯ, “воқеият тамоман дигар аст”.
“Дар кишвар вазъи озодии баёни андеша ва озодии матбуот ҳамоно шиддатнок боқӣ мемонад. Сабабҳои асосии ин шиддат таъқиби судии рӯзноманигорон, фишор ба хешовандони онҳо, худсензура дар фазои иттилоотӣ ва омилҳои дигар мебошанд. Дар масъалаи ҳимояи ҳуқуқи рӯзноманигорон механизмҳои мавҷуда ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нестанд. Мутаассифона, шахсони масъули баъзе аз созмонҳои хайрия вазъи воқеии корҳоро дар кишвар дарк намекунанд”, - гуфт ӯ.
Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис дар суханронии худ қайд кард, ки “ягон рӯзноманигор набояд барои иҷрои вазифаи худ мавриди таҳдид ё ҳабс қарор гирад”.

“Озодии баёни андеша ё сухан дар ВАО – ин ҳуқуқ аст, на ҷиноят. Ҳимояи озодии ВАО аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо таҳмили берунӣ нест. Ин на “арзиши аврупоӣ ё ғарбӣ” аст, ки онро содир ё таҳмил кардан мумкин бошад, балки ҳуқуқи умумибашарист, ки дар саросари ҷаҳон аз ҷониби ҳамаи онҳое, ки ба адолат, шаъну шараф ва масъулият бовар доранд, эътироф шудааст”, – иброз дошт сафир.
Ба гуфтаи ӯ, расонаҳои мустақил ва фаъол ба субот таҳдид намекунад, балки "пояи сулҳ, пешрафти демократӣ ва иқтисодӣ" мебошад.
Вазъи озодии матбуот дар сатҳи ҷаҳонӣ
Муаллифони Шохиси озодии матбуот зикр мекунанд, ки бадшавии умумии вазъи озодии матбуот дар ҷаҳон беш аз 10 сол идома дорад.
“Дар соли 2025 хатти сурхи нав убур карда шуд: холи миёнаи ҳамаи кишварҳои баҳодиҳишуда аз 55 нуқта ("вазъи душвор") поён рафт. Зиёда аз шаш аз даҳ кишвар (дар маҷмӯъ 112 кишвар) холи миёнаи Шохис коҳиш ёфтааст. Бори аввал дар таърихи таҳияи рейтинг, шароит барои кори рӯзноманигорӣ дар нисфи кишварҳои ҷаҳон бад ва танҳо дар ҳар чаҳорумин кишвар қаноатбахш гардидааст”, - омадааст дар гузориш.
Муаллифони Шохис мегӯянд, гарчанде зӯроварии ҷисмонӣ нисбати рӯзноманигорон шакли намоёнтарини таҷовуз ба озодии матбуот боқӣ мемонад, фишори иқтисодӣ низ таҳдиди на камтар ҷиддӣ мебошад, аммо чунин намуди фишор ба таври возеҳ зоҳир намешавад.
Ҳамин тавр, дар соли ҷорӣ нишондиҳандаи иқтисодии Шохиси ҷаҳонии озодии матбуот ба коҳиши худ идома дода, ба сатҳи ниҳоят паст расид, ки ин расонаҳоро осебпазир мегардонад.

Дар Шохиси мазкур кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мавқеъҳои зеринро ишғол намуданд:
- Қазоқистон – ҷойи 141-ум;
- Қирғизистон – ҷойи 144-ум;
- Ӯзбекистон – ҷойи 148-ум;
- Туркманистон – ҷойи 174-ум.
Тибқи иттилои "Хабарнигорон бидуни марз", Қирғизистон ва Қазоқистон мавқеъҳои худро бад кардаанд.
Дар садри рӯйхат Норвегия, Эстония ва Нидерландия қарор гирифтанд. Дар поёни рӯйхат бошад Чин, Кореяи Шимолӣ ва Эритрея ҷойгир шуданд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста