Дар чанд рӯзи охир, як ҷонишини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва муовинони раиси чанд шаҳру навоҳоии вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ иваз шуданд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси ВМКБ, Абдулназарзода Абдулназар “бо сабаби гузаштан ба кори дигар” аз мансаби муовини раиси ВМКБ озод ва Фурқати Ҳукумат ба курсии ӯ такя задааст.
Ӯ бо розигии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон муовин раиси вилоят таъин шудааст.
Ҳоло маълум нест, ки Абдулназарзода ба кадом вазифа таъйин шудааст.
Дар бораи Фурқати Ҳукумат ҳам маълумоти зиёд дастрас нест, ки қаблан дар куҷо кор мекард ва чӣ таҷрибаи сиёсӣ дорад.
Ҳамчунин, ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон, рӯзи 28-уми апрел, чанд муовини раисони навоҳии вилояти Хатлон иваз шуданд. Аз ҷумла, Қурбониён Айюб, муовини якуми раиси ноҳияи Восеъ, Ризозода Дилшод, муовини якуми раиси ноҳияи Хуросон, Гуреззода Давлат, муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ ва Юсуфзода Нурмуҳаммад , муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав таъин шудаанд. Онҳо низ дар мувофиқа бо раисҷумҳури ба ин мансаб таъин шудаанд.

Аз ин пештар, аввали моҳи апрел Насиба Фароғатзода муовини раиси шаҳри Норак таъйин шуда буд.
Инчунин, дар чанд рӯзи охир, муовини раиси ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва муовини раиси шаҳри Турсунзода низ иваз шудаанд. Фарҳод Мукаррамзода, муовини раиси ноҳияи Айнӣ ва Сайдамин Остоназода, муовини раиси шаҳри Турсунзода таъйин шудаанд.
Бояд гуфт, ки маъмулан аввали ҳар соли нав дар Тоҷикистон тағйироти кадрии густурда мешавад ва пасон муовинону ноибон ҳам иваз мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ бо фармони раиси ҷумҳур ва муовинони раисони вилоятҳову шаҳру ноҳияҳо бо ризоияти сарвари давлат ба вазифа таъйин мегарданд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста