ЭЪЛОНИ ҶОРАБИНИҲОИ 5 МАЙ

- Имрӯз соати 10:00 дар доираи ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоишномаи “Баҳодури рӯйинтан” аз ҷониби Театри давлатии драмавии шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ба саҳна гузошта мешавад.

- Ҳамчунин, имрӯз соати 17:30 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ намоишномаи “Гарнири фаронсавӣ” аз ҷониби ҳунармандони театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қарағандаи Қазоқистон намоиш дода мешавад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 5 МАЙ

Соли 1947 – Дар шаҳри Душанбе Осорхонаи санъати тасвирии Тоҷикистони Шӯравӣ ифтитоҳ гардид. Соли 1959 осорхона ба Осорхонаи таърих ва кишваршиносӣ якҷо карда шуда, сипас, 27 ноябри соли 199 ба он мақоми Осорхонаи миллӣ дода шуд.

Соли 2007 – Дар назди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мактаби тоҷикӣ-русӣ ифтитоҳ гардид.

Соли 2010 – Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ширкати “Innovative Road Solutions” (IRS)-ро ба ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ барои истифодаи роҳи Душанбе-Чаноқ муттаҳам кард. Гуфта мешуд, ки шартномаи идоракунии роҳ бе озмун ба ин ширкат дода шудааст. 

Соли 2011 – Додгоҳи олии Тоҷикистон 9 нафарро, ки соли 2010 аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) фирор карда буданд, ба муддатҳои гуногуни зиндон маҳкум кард. 

Соли 2016 – Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бинои нави “Хонаи афсарон”-ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ кард.  Ин бино бо дастгирии молиявии Чин, бо маблағи зиёда аз 15 миллион доллари ИМА, сохта шудааст. 

Соли 2020 – Дар заминаи авҷи пандемияи COVID-19, Президенти Тоҷикистон Насим Олимзодаро аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сабукдӯш кард. Ба ҷойи ӯ Ҷамолиддин Абдуллозода, ки қаблан директори беморхонаи “Истиқлол” буд, таъин гардид. 

Соли 2021 – Пас аз муноқишаҳои марзӣ Тоҷикистон ва Қирғизистон мувофиқа карданд, ки роҳи алоҳидае ба ҷамоати Ворух сохта шавад.  Ин роҳ аз деҳаи Хоҷа Аъло то Ворух, бо убури шарқии деҳаи Қапчиғайи Қирғизистон тӯл мекашад. 

Соли 2021 – Федератсияи байналмилалии текбол (FITEQ) эълон кард, ки Тоҷикистон расман ба ин федератсия ҳамроҳ шудааст. 

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1905 - Зодрӯзи Саидсултон Саидмуродов, ҳунарманд, коргардон ва драманависи тоҷик.

Соли 1906 – Мавлуди Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, забоншиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор.

Соли 1906 – Зодрӯзи Анатолий Гурский, ботаник ва асосгузори Боғи ботаникии "Помир".

Соли 1918 – Мавлуди Амон Ҳамдамов, композитор ва дирижёр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони Шӯравӣ.

Соли 1912 – Мавлуди Мирсаид Миршакар, Шоири халқии Тоҷикистон.

Мирсаид Миршакар

Мисаид Миршакар аз шоирони тавонои асри ХХ, аз ҳамсафон ва ҳамнафасони устод Мирзо Турсунзода буд. Аз ҷумлаи шоиронест, ки шеъру достонҳояш миёни хонандагон маҳбубияти хос доранд.

Соли 1930 мактаби марказии ҳизбиро хатм кардаву муддате дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” кор кардааст. Муддати дигар муҳаррири рӯзномаи “Зарбдори сохтмони Вахш” будааст.

 Аз соли 1937 котиби масъули рӯзномаи “Васияти Ленин”, аз соли 1940 то 1943 котиби масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, солҳои 1946-1959 котиби масъули Иттифоқи нависандагон ва ҷонишини мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон будааст.

Барои достонҳояш “Қишлоқи тиллоӣ” ва “Панҷи ноором” соли 1950 ба дарёфти ҷоизаи Сталин ноил шудааст.

Мирсаид Миршакар якуми августи соли 1993 дар шаҳри Душанбе дида аз олам барбаст.

Соли 1924 – Зодрӯзи Болта Ортиқов, нависандаи тоҷик.

Соли 1932 – Зодрӯзи Мавҷуда Ҳакимова, шоир ва нависандаи тоҷик.

Мавҷуда Ҳакимова

Мавҷуда Ҳакимова факултети таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, дар рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон", моҳномаи «Машъал», рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон", "Пионери Тоҷикистон", "Занони Тоҷикистон" кор кардааст.

Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Суруди саҳар», «Илҳом», «Мошини мошинсавор», «Ба сӯйи нур», «Набзи роҳ», «Тӯйи баҳор», «Диёри муҳаббат» мебошад. Маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Мошин дар мошин», «Қатраи Офтоб», «Дастони моҳир», «Баҳори шукуфон», «Шаршара» барои бачагон офарида шудаанд.

Намоишномаҳои «Зистан мехоҳам», «Сояи гуноҳ», «Интизорӣ», «Зафар», «Ҳабиба», «Дунёи равшан», «Лолаҳои сафед» ва «Афсонаи солинавӣ» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Соли 1932 – Додхудо Карамшоев, доктори илмҳои филологӣ, профессор.

Соли 1938 - Мавлуди Рустами Абдураҳим, навозанда ва оҳангсози тоҷик.

Соли 1948 – Мавлуди Зокир Вазиров, муовини пешини сарвазир ва собиқ сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон.

Зокир Вазиров

Соли 1993 дар ҳукумати мусолиҳаи миллӣ вазири маориф ва пас аз имзои Созишномаи сулҳ муовини сарвазир, вазири шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ректори Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат буд. Аз соли 2008 то 2012 сафири фавқулодда ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон буд.

Доктори улуми фалсафа ва мутахассиси соҳаи фалсафаи иҷтимоии ислом ва иқтисод буд. Муаллифи беш аз 200 асару мақолаи илмӣ аст.

Соли 2012 баъди ду моҳи беморӣ ва бистарӣ дар беморхонаи шаҳри Боку аз олам даргузашт ва ҷасадаш ба Тоҷикистон оварда дафн карда шуд.

Соли 1949 – Зодрӯзи Зафар Мирзоён, таърихшинос ва шарқшиноси тоҷик.

Зафари Мизоён

Солҳои гуногун дар вазифаҳои мудири шуъбаи идеологии кумитаи партиявии ноҳияи Ховалинг, раиси ҶДММ «Митра», роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб фаъолияти назаррас дошт.

Аз шоҳномашиносони маъруфи кишвар маҳсуб мешуд. Беш аз 10 сол дар шаҳри Кӯлоб бо таъсиси маҳфили «Шоҳномахонӣ» онро сарварӣ кардааст. Инчунин, дар кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба донишҷӯён оид ба «Баёни андеша ба забони тоҷикӣ», «Усули нақднигорӣ дар журналистикаи муосир» дарс гуфтааст.

Китобҳояш бо номҳои «Ҷашни Наврӯз – омили худогоҳии миллии тоҷикон», «Ниёиши некон ва покон», «Худовандагори сухани порсӣ» ва «Се шикасти ориёиҳо» таълифу нашр шуда, ба дасти хонандагон ва дӯстдорони илму адабу каломи бадеъ расидаанд.

Рӯзи 7 июни соли 2023 даргузашт.

Соли 1951 - Мавлуди Валиҷон Акбарӣ, шоири тоҷик.

Соли 1957 – Мавлуди Матлуб Халифаев, собиқ раиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъморӣ.

Соли 1960 - Зодрӯзи Рустами Ваҳҳоб, Шоири халқии Тоҷикистон.

Рустами Ваҳҳоб

Рустами Ваҳҳоб хатмкардаи бахши филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти кориашро ҳамчун муаллим ва ҳамзамон рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" оғоз намуда, минбаъд дар маҷаллаи "Фарҳанг" кор кард. Аз соли 1994 то 2006 дар Донишгоҳи улуми инсонии Бишкек устоди забон ва адабиёти форсӣ буд. Соли 2007 фаъолиятро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз намуд.

Муаллифи китобҳои "Калимаҳо", "Шаҳри хуршед", "Салом" аст.

Аз соли 2008 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Рустами Ваҳҳоб 28 августи соли 2020 бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

Соли 1962 – Мавлуди Зариф Ализода, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - намояндаи ваколатдори президент дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зариф Ализода

Зариф Ализода яке аз ҳуқуқшиносони муваффақи Тоҷикистон дониста мешавад, ки дар вазифаҳои калидӣ дар ҳукумати Тоҷикистон ифоаи вазифа кардааст.

Ӯ аввалин ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мебошад.

Ализода солҳои 1990—1993 раиси Кумитаи назорати конститутсионии Тоҷикистон ва баъдан, ду сол - 1993—1995 муовини раиси Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон (1995—2000) буд.

Вай ҳамзамон, дар солҳои 1997-2000-ум узви Комиссияи оштии миллӣ ва як муддат вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000—2001) буд.

Баъди ин, ба Раёсати хидмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сардор рафт ва солҳои 2003-2006 раиси Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон буд.

Солҳои 2006-2009 мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо ташкил шудани сохтори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Омбудсмен) ӯ ба курсии он такя зад ва 10 сол – то 2019 дар ин мақом кор кард.

Аз соли 2019 то ҳол ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - намояндаи ваколатдори президент дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Соли 1964- Зодрӯзи Ҳафиз Раҳмон, номзади илмҳои филология ва аз шахсиятҳои матраҳи ҷомеаи илмии кишвар.

Соли 1975 - Мавлуди Муҳаммадулло Шерализода, раиси пешини ноҳияи Варзоб, вакили ҳозираи парлумон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

5 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон дар чанд кишвари Аврупо таҷлил мешавад. Он аз соли 1992, дар пайи ташаббуси созмонҳои маъюбон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар 17 кишвари аврупоӣ оғоз ёфт, ки бо шиори “Ҳуқуқҳои баробар барои ҳама” баргузор шуд. Мақсади ин рӯз баланд бардоштани огоҳии ҷамъият дар бораи ҳуқуқҳои шахсони дорои маълулият ва баробарсозии имкониятҳо мебошад.


5 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии момодояҳо (International Day of the Midwife) таҷлил мешавад. Он бо пешниҳоди Ассотсиатсияи байналмилалии момодояҳо (ICM) дар соли 1987 таъсис ёфтааст. Он аз соли 1992 ба таври васеъ дар кишварҳои гуногун таҷлил мешавад.


Мақсади ин рӯз таъкид бар нақши ҳаётан муҳими момодояҳо дар нигоҳубини модару кӯдак ва беҳбуди хидматрасонии тиббии перинаталӣ мебошад.

Имрӯз дар Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ Рӯзи кӯдакон таҷлил мешавад. Ин рӯз дар Кореяи Ҷанубӣ аввалин бор 5 майи 1923 ҷашн гирифта шудааст. Аз соли 1975 расман ҳамчун рӯзи истироҳат пазируфта шудааст.


5 майи 1949 дар шаҳри Лондон бо имзои Созишномаи Лондон аз ҷониби 10 кишвари аврупоӣ Шӯрои Аврупо (Council of Europe) таъсис ёфт. Ин аввалин созмони байниҳукуматии Аврупо пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буд, ки ҳадафаш ҳифзи ҳуқуқи инсон, демократия ва волоияти қонун мебошад. Ҳоло 46 кишвари узв дорад ва қароргоҳи он дар шаҳри Страсбург (Фаронса) ҷойгир аст.


5 майи соли 2000 вируси компютерии “I love you” ба таври оммавӣ паҳн шуд. Он тавассути почтаи электронӣ бо мавзӯи “I LOVE YOU” ва замимаи зараровар ба миллионҳо компютер ворид шуд. Тахминан 10 миллиард доллар зарари иқтисодӣ расонид ва дар Китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун яке аз хатарноктарин вирусҳои компютерӣ сабт шудааст. Муаллифаш як донишҷӯи филиппинӣ будааст.


Имрӯз Рӯзи ихтирои атри “Chanel №5” аст. 5 майи соли 1921 дар шаҳри Париж Coco Chanel атри маъруфи Chanel №5-ро муаррифӣ намуд. Он нахустин атри сунъии ҷаҳон аст, ки дар таркибаш аз маводи табиӣ ва кимиёвӣ истифода шудааст. То имрӯз он ҳамчун машҳуртарин ва пурфурӯштарин атр дар ҷаҳон шинохта мешавад. 5 рақами дӯстдоштаи Коко Шанел буд ва аз ин рӯ, таърихи нашри атр ҳам ба рӯзи 5 май рост омад.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 5 МАЙИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 21+26º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 25+30º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 26+31º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 31+33º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º, рӯзона 14+19º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 23+25º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.