ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 6 МАЙ
- Имрӯз, соати 10:00 дар доираи ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз”дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ намоишномаи “Сиёвуш” аз ҷониби ҳунармандони ин театр ба саҳна гузошта мешавад.
- Ҳамчунин имрӯз, соати 17:30 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими анҷоми расмии фестивали байналмилалии "Наврӯз" баргузор мешавад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 6 МАЙ
Соли 2009 – Дар шаҳри Душанбе филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов таъсис ёфт.
Соли 2009 – Дар натиҷаи садама дар майдони сохтмони НБО-и “Роғун” ду нафар ҳалок шуданд.
Соли 2011 – Дар Душанбе фестивали фарҳангиву маърифатии мусиқии “Бе марз” миёни кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ ва равонӣ баргузор гардид.
Соли 2011 – Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор қабул кард, ки фаъолияти Бюрои машваратӣ, ташхисҳои забоншиносӣ ва тафтишоти рӯзноманигорӣ, ки муассиси ҳафтаномаи “Пайкон” буд, қатъ намояд.
Ин қарор дар пайи даъвои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки Бюроро ба нақзи қонунгузорӣ муттаҳам мекард. Аз ҷумла, иддао мешуд, ки Бюро дар мақомоти андоз сабти ном нашудааст, ҳисоботи солонаи фаъолият пешниҳод накардааст ва бе огоҳии мақомот суроғаи ҳуқуқии худро иваз намудааст.
Соли 2016 – Ширкати ҳавонавардии “Сомон Эйр” аввалин парвозро дар масири Душанбе – Лоҳур – Душанбе роҳандозӣ намуд.
Соли 2020 – Дар остонаи 75-солагии Ғалаба беш аз 1 миллион сомонӣ аз фонди захиравии Президенти ҷумҳурӣ барои қадрдонии собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷудо карда шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1899 – Мавлуди Мунаввар Шоҳгадоев, арбоби давлатӣ, собиқ раиси Шӯрои Олии Тоҷикистони Шӯравӣ.
Соли 1940 – Мавлуди Вафо Назаров, рассом, собиқ раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Рассоми халқии Тоҷикистон.

Вафо Назаров, ки дар санъати рассомии тоҷик саҳми босазо дорад, хатмкардаи Омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе ва Институти театр, мусиқӣ, кинематография ва телевизиони шаҳри Ленинград аст.
Ӯ солҳои гуногун дар Телевизони "Тоҷикистон" рассом-таҳиягар ва саррассом буд. Соли 1981 раиси раёсати Фонди бадеии Тоҷикистон ва ҷонишини раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон иштихоб шудааст. Ӯ аз соли 1997 ҷонишини раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва баъд раиси Бунёди рассомони Тоҷикистон буд. Назаров соли 2009 раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Номбурда 12 январи соли 2024 дар синни 84-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Соли 1942 – Мавлуди Зокир Нишонов, композитор, Арбоби ҳунари Тоҷикистон.
Соли 1950 – Зодрӯзи Комил Ёдгор, рассом ва наққоши тоҷик.
Соли 1967 – Мавлуди Равшан Раҷабзода, олим, арбоби давлатии тоҷик, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 1982 – Зодрӯзи Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик, қаҳрамони олимпӣ дар бозиҳои Рио-де-Жанейро.

Дилшод Назаров хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аст. Ӯ моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин шуд. Дилшод Назаров инчунин раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.
Дар ҷаласаи навбатии Ассамблеяи 44-уми Генералии Шӯрои олимпии Осиё (OCA) Дилшод Назаров ҳамчун раиси Кумитаи варзиши Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамзамон аъзои Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардид.
Дилшод Назаров нахустин қаҳрамони олимпии Тоҷикистон дар бозиҳои Рио-де-Жанейро дар риштаи гурандозӣ аст. Ӯ инчунин барандаи медали нуқраи мусобиқаи қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (1999 ва 2001) мебошад.
Соли 1996 – Минҳоҷ Ғуломов, равонпизишк, доктори илми тиб дар 72-солагӣ кушта шуд.

Минҳоҷ Ғуломов факултети муолиҷавии Донишкадаи тиббии Самарқанд ба номи И. П. Павловро хатм кардааст. Ӯ солҳои 1957-1960 роҳбари Маркази ҷумҳуриявии клиникии психиатрия буд.
Аз соли 1960 то соли 1996 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият карда, як муддат ноиби ректори ин донишгоҳ буд. Бо ибтикори ӯ дар ҷумҳурӣ аввалин марказҳои реабилитатсионии бачагонаи психиатрии соҳаи тандурустӣ таъсис дода шудаанд. Он солҳо ӯ аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ягона намояндаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) буд.
Ӯ ҳамчунин мураттабсози лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии психиатрӣ” аст. Муалифи 377 таълифоти илмӣ, 18 монография, 13 кашфиёт, 8 китоби дарсӣ, 48 дастури таълимӣ, аз ҷумла як қатор китобҳои дарсӣ аст.
Соли 1996 Минҳоҷ Ғуломов ҳамроҳи ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Баширхон Исҳоқӣ аз ҷониби шахсони номаълум бераҳмона кушта шуд. Куштори табиб ва олими забардаст мардуми кишварро адуҳгин намуд. Дертар чанд нафар барои ин куштор ҳабс шуданд.
Соли 2010 – Зулфиқори Азиз, овозхони саршиноси тоҷик ва яке аз таъсисдиҳандагони гурӯҳи мусиқии “Анис” дар 43-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
6 майи соли 1953 аввалин амалиёти ҷарроҳӣ бо истифодаи дастгоҳи гардиши сунъии хун анҷом дода шуд. Гарчанде идеяи чунин дастгоҳро физиологи фаронсавӣ Жюлиен Легаллуа ҳанӯз соли 1812 пешниҳод карда буд, худи ӯ ҷуръати озмоиш надошт. Соли 1885 духтури австриягӣ Максимиллиан фон Фрей аввалин дастгоҳи такомулёфта барои обогатсияи хуни инсон бо оксигенро сохт. Аммо танҳо баъд аз кашфи гепарин соли 1916, ки аз қатшавии хун ҷилавгирӣ мекард, таҷрибаҳо самара бахшиданд.

6 майи соли 1953 ҷарроҳи амрикоӣ Ҷек Гиббон дастгоҳи пурраи таъмини фаъолияти дил ва шушро ба кор бурд. Бемори 18-сола пас аз 26 дақиқа аз дастгоҳ ҷудо шуда, зинда монд. Ин дастгоҳ ба рушди технологияҳое, ки имрӯз дар тиб васеъ истифода мешаванд, асос гузошт.
6 майи соли 1994 маросими ифтитоҳи нақби нақлиётӣ зери тангии Ла-Манш баргузор гардид, ки Британияи Кабирро бо Фаронса мепайвандад. Тӯли нақб 51 км буда, 38 км-и он зери баҳр мегузарад. Ин сохтмон яке аз дастовардҳои бузурги муҳандисии асри XX ба ҳисоб меравад. Сафар байни Лондон ва Париж ҳоло камтар аз се соат вақтро мегирад.

6 майи 1840 дар Британияи Кабир нахустин тамғаҳои почтавӣ бо номи “Пенсии сиёҳ” нашр шуданд. Баъдтар, Иттиҳоди почтаи ҷаҳонӣ қоидае ҷорӣ намуд, ки номи кишвар бояд бо ҳарфҳои лотинӣ дар тамғаҳо нишон дода шавад. Аммо Британия, ҳамчун аввалин кишваре, ки тамға нашр кардааст, аз ин талаб озод шуд.
Дар ибтидои асри ХХ тамғаҳо дар 310 кишвар мавриди истифода қарор доштанд.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 6 МАЙИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 21+26º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 25+30º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 26+31º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 31+33º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º, рӯзона 14+19º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 33+35º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 32+34º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 34+36º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 26+28º гарм.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста