ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 13 МАЙ
Соли 1940 – Боғи ботаникии Помир таъсис дода шуд. Ин боғ, ки дар баландии 2,320 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, яке аз боғҳои ботаникии баландтарин дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Соли 2010 – Аввалин маротиба дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Соли 2014 – Тибқи ҳисоботи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ сатҳи пасттарини истеъмоли машруботро дошт. Гузориш нишон медиҳад, ки танҳо 10.2% аҳолии синни 15-сола ва боло машрубот менӯшанд, ки ин нишондиҳандаи пасттарин дар минтақа мебошад.
Соли 2016 – Бори аввал дар Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ё Омбудсмени кӯдак таъсис ёфт. Раҷабмоҳ Бадриддинова аввалин ваколатдор оид ҳуқуқи кӯдак дар кишвар буд.
Соли 2019 – “Амонатбонк” ба харидории саҳмияҳои ҷамъияти барҳамхӯрдаи “Сангтуда” аз аҳолӣ ва ташкилотҳо оғоз намуд. Ин раванд бо мақсади ҳифзи манфиатҳои саҳмдорон ва танзими масъалаҳои молиявӣ амалӣ гардид. Мӯҳлати харидории саҳмияҳо то 31 декабри соли 2021 тамдид карда шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1909 – Мавлуди Латиф Раҷабов, кимиёшиноси тоҷик, доктори илмҳои химия.
Соли 1930 – Зодрӯзи Мирзо Аҳмадзода, адабиётшинос ва шарқшиниси тоҷик.
Соли 1930 – Мавлуди Исмоил Зулфиқоров, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.
Исмоил Зулфиқоров сарояндаи сурудҳои халқии мардуми кӯҳистон буда, дар ноҳияи Ғарм дастаи ҳаваскорони санъатро роҳбарӣ кардааст. “Роғ”, “Ҷонона”, “Ошиқам” (шеърҳои халқӣ), “Бархез”, “Медонӣ магар” аз беҳтарин таронаҳои иҷрокардаи ӯ мебошанд. Чанд суруди Исмоил Зулфиқоров дар Фонди мусиқии радиои Тоҷикистон маҳфузанд.
Соли 1934 – Мавлуди Лутфия Айнӣ, олим, санъатшинос, духтари Садриддин Айнӣ.

Лутфия Айнӣ дар хонаводаи Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик дида ба олам кушода, факултети санъатшиносии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносовро хатм кардааст. Ӯ ходими илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддини Беҳзод ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш буд.
Лутфия муаллифи як қатор асарҳо дар бораи санъати классикии Шарқи Миёна (меъморӣ, суратгарии миниатюрӣ, ҳунармандӣ) ва санъати муосири Тоҷикистон аст.
Лутфия Айнӣ 7 майи соли 2015, дар синни 81-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.
Соли 1955 – Зодрӯзи Отамурод Бекмурод, рӯзноманигори тоҷик.
Соли 1962 – Мавлуди Шодихон Юсуфбеков, забоншинос, доктори илми филология, профессор.
Соли 2020 – Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт.

Баҳриддин Камолиддинов баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар ин факулта ба фаъолият пардохтааст. Камолиддинов солҳои 1992-1994 муовини ректори таълими донишгоҳ, солҳои 1994-2011 мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ будааст.
Саҳми ӯ дар забоншиносии тоҷик босазо арзёбӣ мешавад. Ӯ муаллифи як қатор асарҳои боарзиш дар риштаи забону забоншиносӣ аст. Асарҳои илмии “Ҳаким Карим”, “Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён”, “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ”, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии “Услубшиносӣ”, “Маҷмӯаи машқҳои синтаксиси забони тоҷикӣ”, “Ҳусни баён”, “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд”, “Забони тоҷикӣ” (китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 11), “Наҳви забони тоҷикӣ”, “Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул” аз боарзиштарин таълифоти Баҳриддин Камолиддинов ба ҳисоб мераванд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир аст. Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир (World Migratory Bird Day) як маъракаи муҳими экологист, ки ҳадафаш баланд бардоштани огоҳии ҷомеа оид ба аҳамияти муҳоҷирати парандаҳо, муҳити зисти онҳо ва хатарҳое мебошад, ки зимни муҳоҷират дучор мешаванд.

Ин сана соли 2006 ба таърих ворид шудааст ва то соли 2017 танҳо як маротиба дар сол, дар моҳи май таҷлил мешуд. Аммо аз соли 2018 инҷониб ду бор дар сол – шанбеи дуюми моҳи май ва шанбеи дуюми моҳи октябр таҷлил мегардад, то имкони бештар барои огоҳӣ ва таблиғи масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати парандаҳо фароҳам шавад.
Тибқи иттилои Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (UNEP), дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳар ҳаштумин навъи паранда зери хатари нобудшавӣ қарор дорад.
13 майи соли 1950 дар шаҳри Силверстоуни Англия нахустин пойгаи мусобиқаи “Формула-1” баргузор гардид. Ин чемпионати аввал дар треки Силверстоун баргузор шуд, ки бар болои роҳравҳои фурудгоҳи ҳарбии пешина сохта шуда буд.

Мошинсавори итолиёвӣ Ҷузеппе Нино Фарина, ки бо мошини “Алфа-Ромео” иштирок мекард дар ин мусобиқа ғолиб омад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 13 МАЙИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 22+27º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3º, рӯзона 12+17º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 31+33º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 30+32º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 25+27º гарм.
Боҷ барои воридоти телефон ба Тоҷикистон 20 евро, на 20% ситонида мешавад (ТАСҲЕҲ)
Ҷасади омӯзгоре, ки подполковники ВКД ду сол пеш ба дарёи Фон партофта буд, то ҳол пайдо нашудааст
Таҳдиди Трамп, посухи Хоманаӣ, эътирофи Путин ва партофти “Сиҷҷил”. Ҳафтумин рӯзи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон
“Беҳтарин полис миёни шоирон...”. Маҳфили эҷодии Акбар Абдулло дар Душанбе чӣ гуна гузашт?
“Иди зардолу” ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон”. Дар Душанбе ҷашни Тиргон баргузор мегардад
Додгоҳи Хатлон як корманди худро барои "азхудкунии пули буҷет" 138 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Бори гарон” қисми 3
Гиёҳу растанӣ худиву дору бегона. Чаро дорусозӣ дар Тоҷикистон ба тиҷорат табдил ёфтааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 июни соли 2025
Корея 600 тоҷикро ба кор даъват мекунад. Маош чанд, чӣ талабот дорад ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста