ЧОРАБИНИИ РӮЗИ 14 МАЙ
- Рӯзҳои 14-15-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Мавзӯи асосии форум «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: уфуқҳои нави ҳамкории башардӯстона» мебошад.
Дар ҳошияи форум вохӯриҳои роҳбарони академияҳои илмҳои миллӣ, ҷаласаи муштараки Раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона ва Шӯрои ҳамкории башардӯстонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешаванд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 14 МАЙ
Соли 1992 – Телевизиони "Кӯлоб" таъсис ёфт. Дар соли 2002 ин телевизион узви Кумитаи телевизион ва радиои кишвар шуд.
Соли 2003 – Дар шаҳри Хоруғ (ВМКБ, Тоҷикистон) консулгарии Афғонистон ифтитоҳ ёфт. Ин консулгарӣ бо мақсади беҳтар кардани ҳамкориҳои дуҷониба, хусусан дар бахшҳои тиҷорат, муҳоҷират ва амният таъсис ёфт.
Моҳи ноябри соли 2023 Нақибулло Деҳқонзода ном шахс дар наворе худро сарпарасти Консулгарии генералии ҳукумати Толибон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон муаррифӣ кард ва гуфт “консулгарӣ расман фаъолият мекунад ва он мустақил буда, мустақиман таҳти ҳимоят ва ҳидояти Вазорати умури хориҷии ҳукумати Толибон қарор дорад”.
Вале ВКХ Тоҷикистон мегӯяд, "ба ҳеҷ як намояндаи ин гурӯҳ парвона (аккредитатсия) фаъолият надодааст".
Соли 2015 – Сандуқи Глобалӣ (Global Fund) Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистонро ба тақаллуби ҳисобот ва ҳуҷҷатгузорӣ муттаҳам кард. Ин масъала боиси қатъи маблағгузорӣ аз ҷониби Сандуқи Глобалӣ ба лоиҳаҳои марбут ба мубориза бо вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) дар Тоҷикистон гардид.
Соли 2016 – Дар қабристони Хованское дар ҷануби ғарби Маскав задухӯрди оммавие бо иштироки тақрибан 200 нафар рух дод. Дар натиҷаи ин задухӯрди оммавӣ, се нафар ҳалок шуданд, ки ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.
Соли 2020 – Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сел омад, ки ба манзилҳои сокинон зарар расонд. Бар асоси арзёбиҳои ибтидоӣ, зиёда аз 300 хона зарар диданд, ки 14 адад пурра тахриб шуданд. Ҳамчунин, ду нафар ҳалок шуданд ва чандин нафар ҷароҳат бардоштанд.
Соли 2020 – Ҳукумати Тоҷикистон Қарор “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ”-ро қабул кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1944 – Зодрӯзи Рустам Каримов, меъмор собиқ раиси Иттифоқи меъморон ва сармеъмори шаҳри Душанбе.
Рустам Каримов дар рушди меъморӣ ва инфрасохтори шаҳрҳо дар охири солҳои 70-80-уми асри гузашта саҳм гузоштааст. Вай инчунин директори институти "Гипрогор" буд, ки дар ин давра бисёр лоиҳаҳои шаҳрҳо тартиб дода шудаанд.
Ӯ дорандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соҳаи меъморӣ, ҳаммуаллифи муҷассамаҳои Сино (дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (дар Қараболо) ва Айнӣ (дар назди "Садбарг") мебошад.
Соли 1965 – Зодрӯзи Зайниддин Раҳимов, футболбози тоҷик, сармураббии пешини дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон.

Зайниддин Раҳимов аз 7-солагӣ ба машқи футбол дар мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст. Ӯ дар дастаҳои Вахш (Бохтар), Ҳосилот (Фархор), Равшан ва Ҷавонон (Кӯлоб) дар солҳои 1985-1997 бозӣ кардааст.
Фаъолияти мураббигиро аз мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб дар соли 1997 оғоз карда, то соли 2005 дар ҳамин мактаб фаъолият намудааст. Раҳимов соли 2005 ба Мактаби ҷумҳуриявии маҳораташ олии варзишӣ оид ба футбол ба Душанбе меояд ва соли 2016 сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таъин мешавад.
Зайниддин Раҳимов чанд пеш то охири мавсим масъулияти сармураббии дастаи "Ҳосилот"-ро бар дӯш гирифт
Соли 1992 – Зодрӯзи Ҷамолиддин Зардиев, футболбози тоҷик, нимҳимоятгар, Устоди варзиши Тоҷикистон.
Соли 2024 – Лолахон Сатторӣ, рӯзноманигор, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт.

Лолахон Сатторӣ аз соли 1982 то соли 1992 наттоқи радиои тоҷик, аз соли 1993 дар вазифаҳои муҳаррири варзидаи идораи сиёсӣ ва директори телевизиони тоҷик, сарвари Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалии радио, телевизион ва кино, раиси иттиҳодияи “Тоҷиккино”, мудири шуъбаи наттоқони радиои тоҷик, директори “Тоҷикфилм” хидмат намудааст.
Гўянда, баранда, шореҳи барнома ва намоишҳои калонҳаҷми сиёсӣ дар радио ва телевизиони Тоҷикистон буд. Бо садои ӯ даҳҳо барномаҳои радиоӣ ва намоишҳои телевизионӣ сабт гардидаанд, ки иддае аз онҳо дар “Хазинаи тиллоӣ”- и Радиои Тоҷикистон ва видеотекаи телевизиони Тоҷикистон ҳифз гардидаанд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
14 майи соли 1973 Истгоҳи нахустини мадории амрикоӣ “Скайлэб” ба мадори Замин бароварда шуд. Он вақт касе дар дохили он набуд. Истгоҳи “Скайлэб” ба таври худкор дар орбита қарор гирифт ва вазифаи асосии он иҷрои таҷрибаҳои илмӣ ва омӯзиши мутобиқати инсон ба шароити вазнинӣ (бевазнӣ) буд.

Се экспедитсияи кайҳонӣ дар он ширкат карданд, ки ҳар яке аз онҳо масъули иҷрои таҷрибаҳо дар сатҳҳои гуногуни илмӣ буданд. Аз ҷумла, онҳо тадқиқоти астрономӣ, биологӣ ва тиббӣ анҷом доданд. Яке аз муҳимтарин натиҷаҳои тадқиқоти астрономӣ ин ҳаҷми иттилоот дар бораи физикаи Офтоб буд, ки ду маротиба афзуд ва боиси кашфи якчанд равандҳои то он замон номаълум дар тоҷ (корона)-и Офтоб гардид.
Истгоҳи “Скайлэб” давоми ду сол фаъолият кард, аммо рӯзи 11 июли соли 1979 аз мадор хориҷ шуда, дар атмосфера сӯхт ва боқимондаҳои он ба уқёнуси Ҳинд фурӯ рафт.
14 майи соли 1878 номи “Вазелин” дар ИМА ҳамчун тамғаи молӣ ва тиҷоратӣ ба қайд гирифта шуд. Ин маводи шифобахш ва косметикӣ аз ҷониби кимиёдони англис Роберт Август Чезбро ихтироъ ва патент шудааст.
Чезбро дар натиҷаи таҳқиқоти худ мушоҳида кард, ки кормандони соҳаи нафт массаи парафиниро, ки ба таҷҳизоти парма мечаспид, барои муолиҷаи буридагӣ ва сӯхтагӣ истифода мебаранд. Вай таркиби онро таҳлил карда, моддаҳои фоиданокро ҷудо намуд ва бо истифода аз ин таркиб вазелинро ихтироъ кард. Пас аз ин, ӯ ба истеҳсол ва паҳн кардани маҳсулот шурӯъ кард.

Вазелин, ки дар натиҷаи ин кори илмӣ ба вуҷуд омад, то имрӯз аз маҳсулоти нафтӣ истеҳсол мешавад ва дар соҳаҳои гуногуни тиб, косметология, байторӣ, саноат ва инчунин ҳамчун равғани техникӣ истифода мешавад. Маҳсулоти вазелин дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла кремҳо, равғанҳо ва мазҳои шифобахш, ҳамеша дар байни маҳсулоти назарраси нигоҳубини пӯст ва табобат қарор дорад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 14 МАЙИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 15+20º гарм, рӯзона 27+32º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 28+33º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 32+34º гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3º, рӯзона 13+18º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 31+33º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 33+35º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 33+35º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 24+26º гарм.
Аз машқҳои пинҳонӣ то қаҳрамонӣ. Чӣ гуна Мадина нахустин медали “Grand Slam”-ро миёни занон соҳиб шуд?
"Ҳофизхонӣ" дар "Азия-Плюс" ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ
Юнуси Имомназар: Дар ҳар шаҳри Ӯзбекистон бояд дӯкони китоби тоҷикӣ боз шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Баҳои умр” қисми 3
Ҳамлаи Исроил ба Эрон. Алии Хоманаӣ: “Исроил бояд интизори муҷозоти сахте бошад”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 июни соли 2025
Дархост барои вуруд ба Русия. Дар пойгоҳи “Госуслуги” ва замимаи мобилии “RuID” чӣ тавр сабти ном бояд кард?
Даҳ адиби тоҷик сазовори ҷоизаҳои Айнӣ ва Турсунзода шуданд. Онҳо кистанд?
Суқути ҳавопаймои "Air India" дар Ҳиндустон бо беш аз 240 мусофир
Амрико бархе кормандони худро аз сафорат ва пойгоҳҳои низомияш дар кишварҳои Ховари Миёна берун мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста