Дирӯз, 15-уми май, дастикам се тан аз чеҳраҳои сиёсати Тоҷикистонро, ки бо иттиҳоми “табаддулоти давлатӣ” маҳкум шуданд, аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) ба зиндони шаҳри Ваҳдат интиқол додаанд.
“Азия-Плюс” нусхаи феҳристи маҳкумшудагони ба зиндони 3/1-и Ваҳдат интиқолшударо дастрас кард. Дар он феҳрист номи Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили собиқи парлумон, Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдодон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон зикр гардидааст.
Яке аз пайвандони маҳкумшудагон низ интиқоли ин се танро ба зиндони 3/1-и Ваҳдат тасдиқ кард.
Аммо мақомот расман дар ин бора иттилоъ надода, интиқоли маҳкумшудагонро ба зиндон тасдиқ накардаанд.
Қаблан, аз миёни маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” нахустин шуда, рӯзи 22-юми апрел Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори ҷавони тоҷик ва модари ду кӯдаки ширхораро аз Боздоштгоҳи муваққатӣ ба зиндони занонаи шаҳри Норак интиқол дода буданд.
Баъдан, ба иттилои Радиои Озодӣ, рӯзи 8-уми май Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ду тани дигарро аз Боздоштгоҳи муваққатӣ ба яке аз зиндонҳо интиқол додаанд. Маълум нест, ки ду тани дигар киҳоянд ва онҳоро ба кадом зиндон бурданд.
Сарнавишти маҳкумшудагони дигари “парвандаи табаддулот” маълум нест.
Боздошти чеҳраҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 баъди дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Додситони кул ӯро ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ гунаҳкор кард.
Баъдтар, дар доираи ин парванда яке паси дигар чеҳраҳои шинохта, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ, Нураҳмад Ғанизода ва Ҷамшед Бобоев боздошт шуданд.
Мурофиаи додгоҳии ҳамаи онҳо дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе ва бидуни иштироки пайвандон ва намояндагони расонаҳо баргузор шуд.
Ҳукми онҳо рӯзи 5-уми феврали соли 2025 эълон гардид ва каме баъд Додгоҳи олӣ дар нишасти матбуотӣ ҷурми маҳкумшудагонро расман эълон кард.
Ҳамаи маҳкумшудагон аз болои ҳукми додгоҳ шикоят бурданд, вале ҳукми онҳоро додгоҳи марҳилаи таҷдиди назар бетағйир гузошт.
Ҳамаи маҳкумшудагон аз замони боздошт то кунун дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) нигоҳ дошта мешуданд.
Дар бораи ин парванда дар матлаби зерини “Азия-Плюс” бештар маълумот пайдо кунед.
Марги декани пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар боздоштгоҳ баъди эълони ҳукми додгоҳ
Даргирӣ миёни Телавив ва Теҳрон давом дорад. Дар Исроил ва Эрон чӣ мегузарад?
Лағви чанд парвоз аз Тоҷикистон ба Эрон. Парвози чартерӣ тавассути Ашқобод баррасӣ мешавад
НБО Сангтуда-1: Таърифа поён, қарз бахшида, вале муҳлати истифодаи нерӯгоҳ аз сӯйи Русия тамдид шуд
Эълони исми ғолибони озмуни аксбардории “Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон”
Ваъдаи ним млн сомонӣ барои пайдо кардани Сабинаву Малика, ки 12 сол пеш гум шуда буданд
Қурби доллар нисбат ба сомонӣ баъди уфти чашмрас дубора боло рафт
Боздошти як гурӯҳи 5-нафара бо гумони муомилоти 180 кг маводи мухаддир
Байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ барқарор шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Бори гарон” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста