ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 17 МАЙ
- Имрӯз соатҳои 17:00 ва 19:00 тавассути автобусҳои болокушоди сурх метавонед ба тамошои кӯчаву хиёбонҳои пойтахт равед. Ин иқдом 10-уми май роҳандозӣ гардид ва то моҳи октябр идома меёбад. Мавзеи ҷамъшавӣ назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ муқаррар шудааст.
- Имрӯз дар Эрон ҷаҳорумин Маҷмаи гуфтугӯи Теҳрон оғоз мегадад. Ин чорабинӣ то 19-уми май идома карда, дар он Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ширкат мекунад.
- Дар Тоҷикистон то 14-уми июн маъракаи ихтиёрӣ додани хун баргузор мешавад, ки ба Рӯзи ҷаҳонии донорони хун бахшида шудааст. Ҳар касе, ки мехоҳад, метавонад дар ин маърака ширкат кунад. Барои ин бояд ба филиали наздики Маркази ҷумҳуриявии хун ё ба поликлиника муроҷиат намуд (ҳар рӯзи шанбе — то нисфирӯзӣ). Донор метавонад шаҳрвандии Тоҷикистон бошад, ки синнаш аз 18 то 60 - сола буда, тарзи ҳаёти солимро риоя мекунад. Пеш аз додани хун, донор ройгон муоинаи тиббӣ мегузаронад. Ҳамчунин, хоҳишмандон бояд ҳатман бояд бо худ шиноснома дошта бошанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 17 МАЙ
Соли 2002 – Байни Тоҷикистон ва Чин Созишномаи иловагӣ оид ба сарҳади давлатӣ ба имзо расид. Ин созишнома барои такмили ҳуҷҷатҳои қаблии марзбандӣ ва таъмини сулҳу субот дар минтақаи сарҳадӣ байни ду кишвар муҳокима ва тасдиқ карда шуд.
Соли 2003 – Дар “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе нахустин маросими тақдими ҷоизаи мусиқии “Суруди сол” баргузор гардид. Ин чорабинии фарҳангиро радиои “Азия-Плюс” ташкил намуда буд. Дар маросим президент Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, бо суханони рӯҳбаландкунанда ба ҳозирин муроҷиат кард ва эълон дошт, ки минбаъд 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон таҷлил хоҳад шуд.
Соли 2010 – Ҳавопаймои мусофирбари Антонов Ан-24 (рақами парвоз PM-112), ки ба ширкати хусусии афғонистонӣ - “Pamir Airways” тааллуқ дошту дар масири Кундуз–Кобул парвоз мекард, суқут кард. Ҳавопаймо соати 8:30-и субҳ аз фурудгоҳи Кундуз бархоста, пас аз 10 дақиқа алоқа бо он қатъ гардид. Он дар наздикии гузаргоҳи Саланг, тақрибан 20 километр дуртар аз фурудгоҳи байналмилалии Кобул, дар шароити обу ҳавои номусоид ба кӯҳ бархӯрда, суқут кард. Ҳамаи 44 нафар дар дохили ҳавопаймо, аз ҷумла 39 мусофир ва 5 узви ҳайати халабонҳо ҷон бохтанд. Дар байни қурбониён се шаҳрванди Тоҷикистон низ буд.
Соли 2018 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Александр Лукашенко, президенти Беларус дар шаҳри Ҳисор корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи кишоварзиро ифтитоҳ карданд.
Соли 2019 – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон расман Протоколи табодули санадҳои тасдиқоти Созишномаи шарикии стратегӣ байни ду кишварро ба имзо расониданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1897 – Мавлуди Мирзобобо Аҳмадов, сароянда ва навозанда, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.
Мирзобобо Аҳмадов фаъолияти ҳунарии худро ҳамчун сароянда ва навозандаи Театри драмаи мусиқии шаҳри Конибодом оғоз намуда, минбаъд дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба фаъолият пардохтааст. Сурудҳои “Мепарварам”, “Боди сабо”, “Эй гули хандон, биё”, “Ёбам туро”, “Аз фироқи ёр нолонам”, “Зи тоби ҷаъди мушкинаш”, “Адабгоҳи муҳаббат” аз беҳтарин таронаҳои номбурда дониста мешаванд.
Соли 1934 – Зодрӯзи Улмас Ҷамол, шоир ва рӯзноманигори ӯзбакзабони Тоҷикистон.

Улмас Ҷамол зодаи шаҳри Ургути Самарқанд буда, ҳанӯз дар овони хурдсолиаш хонаводаи онҳо ба Сталинободи собиқ, ҳоло Душанбе, кӯчида буд. Ӯ бахши суханшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1963 то 2012 дар нашрияи ӯзбакзабони “Халқ овози” кор мекард.
Нахустин маҷмӯаи шеъраш соли 1969 чоп шудааст. Дар маҷмӯъ, бист китоби ӯро нашр кардаанд.
Аз Улмас Ҷамол ҳамчун шоири “зуллисонайн” ё дузабона ном мебаранд. Ӯ 27-уми июни соли 2017 дар 84-солагӣ дунёро падруд гуфт.
Соли 1948 – Мавлуди Низом Ҳамробоев, сарояндаи опера, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Соли 1964 – Зодрӯзи Тоҳири Муҳаммадризо, нависанда ва драматурги тоҷик.

Тоҳири Муҳаммадризо факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, муддате корманди Осорхонаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносии ба номи Камолиддини Беҳзод будааст.
Солҳои 1986-2004 корманди Телевизиони Тоҷикистон ва сармуҳаррири “Тоҷиктелефилм” будааст.
Номбурда муаллифи гулчини қиссаву ҳикояҳои “Ишқи парӣ”, “Чарх”, “Фарёди кӯҳҳо”, “Парвоз”, романи “Рӯзҳои Худо тезгузаранд…”, “Парвоз” ва қиссаҳои “Ғӯраи сармозада”, “Чарх”, “Муноҷот” мебошад.
Песаҳои “Ишқи парӣ”, “Бардак” ва “Дарёи дилҳои ҳастӣ”-и Тоҳири Муҳаммадризо дар театрҳои ҷумҳурӣ ба саҳна гузошта шудаанд. Инчунин ӯ як қатор филмҳои ҳунариро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Соли 1996 – Зодрӯзи Муин Ғафуров, варзишгари муборизаҳои омехтаи ҳунарҳои размӣ, қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта.

Муин Ғафуров варзишгари маъруфи тоҷик ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи муҳорибаҳои омехта мебошад. Вай яке аз аввалин намояндагони Тоҷикистон дар лигаи бонуфузи UFC ба шумор меравад.
Ӯ фаъолияти варзишии худро соли 2013 оғоз намуда, дар тӯли фаъолияти худ дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла, UFC, ONE Championship, LFA иштирок кардааст. Аз ҷумла, соли 2025 дар мусобиқаи UFC-311 дар Лос-Анҷелес бар Риня Накамура пирӯз гардид.
Муин Ғафуров ду маротиба чемпиони ҷаҳон оид ба самбои ҷангӣ (WCSF), чемпиони ҷаҳон оид ба грэпплинг (FILA), чемпиони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта (версияи WKA) аст. Варзишгари 28-солаи тоҷик дар умум дар муҳорибаҳои омехта 26 қувваозмоӣ гузаронида, дар 20-тои он ғолиб омадааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии алоқаи маҷозӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ таҷлил мешавад. Ин рӯзро Маҷмаи умумии СММ дар моҳи марти соли 2006 таъсис додааст.

Ин рӯзи касбии барномасозон, таҳвилдиҳандагони интернет, тарроҳони веб, муҳаррирони нашрияҳои электронӣ ва ҳамаи онҳое аст, ки дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ фаъолият мекунанд.
17-уми май дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бо гомофобия таҷлил мегардад. Пешниҳоди таъсиси ин рӯзро нависанда ва донишманди фаронсавӣ Луи-Жорж Тэн пешниҳод намудааст.
Ҳамасола 17 май дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо гипертонияи шараёнӣ (фишорбаландӣ) таҷлил мегардад. Мақсади асосии ин рӯз баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи яке аз бемориҳои маъмултарини низоми дилу рагҳо, хатарҳои эҳтимолии он, роҳҳои пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи саривақтӣ, инчунин таълими усулҳои дақиқи ченкунии фишори шараёнӣ мебошад.

Гипертония ё фишорбаландии шараёнӣ як ҳолати хатарнокест, ки фишори хун дар рагҳо аз меъёри муқаррарӣ (140/90 мм сутунчаи симоб ва ё бештар) боло меравад. Ин бемориро аксаран “қотили хомӯш” меноманд, зеро он метавонад бенишона рушд кунад ва бисёре аз беморон ҳатто аз мавҷудияти он хабар надоранд.
Тибқи маълумоти Ҷамъияти байналмилалии гипертония (ISH), ҳар рӯз дар ҷаҳон зиёда аз 28 ҳазор нафар аз сабаби гипертония ҷони худро аз даст медиҳанд. Ба иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), 1,28 миллиард нафар дар синни 30 то 80-сола дар ҷаҳон гирифтори ин беморӣ мебошанд ва беш аз нисфи онҳо табобат намегиранд.
17 майи соли 1861 бори аввал як акси ранга ба таври оммавӣ ба намоиш гузошта шуд. Ин намоишро физики маъруф Ҷеймс Клерк Максвелл дар Коллеҷи шоҳигарии Лондон баргузор кард. Барои аксбардорӣ ӯ банди шоҳии сабки шотландиро дар заминаи матои махмалии сиёҳ интихоб намуд. Ин таҷриба яке аз аввалин кӯшишҳои илмии сабти тасвири ранга ба ҳисоб меравад.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 17 МАЙИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 15+20º гарм, рӯзона 25+30º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 26+31º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 30+32º гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3º, рӯзона 14+19º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 34+36º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 26+28º гарм.
"Бо сухан сурат кашид!". Маҳфили адабӣ ба ифтихори 80-солагии шоир Ҳабибулло Файзулло дар Ховалинг
Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?
“Худо Эрони азизи моро дар паноҳаш нигаҳ дорад”. Сокинон Тоҷикистон ба даргирӣ миёни Исроилу Эрон чӣ назар доранд?
Кӯдаконро дар кадом истироҳатгоҳ ва бо чӣ шарту шароит метавон ба фароғат фаро гирифт?
Боздошти як зодаи Тоҷикистон баъди тақдими гувоҳнома барои хариди хона дар Русия
Мушакпартоиву бомбандозӣ ва аввалин гуфтугӯ дар Женева. Нӯҳумин рӯзи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон
Қаҳрамонҳо баргаштанд. Пешвози бошукӯҳи ҷудокорони тоҷик аз Қаҳрамонии ҷаҳон-2025
Дар Тоҷикистон давоми 5 моҳ барои “дуздӣ”-и барқ 130 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 июни соли 2025
Кӯдакон дар куҷо машқи футбол кунанд? Суроға ва рақами тамоси мактабҳои футбол дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста