ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 18 МАЙ
- Имрӯз дар Душанбе мусобиқаи дави миллӣ ва марафони дучархаронӣ баргузор мешавад. Ҳарду мусобиқа соати 7:30-и субҳ аз терминали “Чорбоғ” оғоз шуда, тавассути кӯчаи Карамова ва хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то маҷмааи “Наврӯзгоҳ” давом мекунад. Дар ин мусобиқаҳо варзишгарон ва дустдорони дучархарониву давидан ширкат карда метавонанд.
- Имрӯз аз соати 18:00 то соати 23:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии “Шабе дар осорхона” баргузор мегардад. Даромад ройгон аст. Барномаи баргузории чорабинии мазкурро дар ин тасвирбаён бубинед:

- Имрӯз соати 19:00 тавассути автобусҳои болокушоди сурх метавонед ба тамошои кӯчаву хиёбонҳои пойтахт равед. Ин иқдом 10-уми май роҳандозӣ гардид ва то моҳи октябр идома меёбад. Мавзеи ҷамъшавӣ назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ муқаррар шудааст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 18 МАЙ
Соли 2009 – Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ба Қонуни ҶТ “Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро тасдиқ кард, ки мувофиқи он нигоҳдории чорвои майдаву калон ва парандаи хонагӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе манъ карда шуд.
Соли 2016 – Бонки миллии Тоҷикистон барои беҳтар кардани вазъи молиявии “Тоҷиксодиротбонк” ва ҳифзи манфиатҳои пасандозгузорон ва қарздиҳандагон маъмурияти муваққатӣ таъин кард. Ин маъмурият барои се моҳ таъин шуда, баъдан муҳлати он тамдид гардид. Аммо амонатгузорони ин бонк то ҳол пули худро пурра нагирифтаанд.
Соли 2017 – Ҳукумати Тоҷикистон рақами ягонаи хидмати наҷот – 112-ро тасдиқ намуд. Ин рақам ҷойгузини рақами қаблии 111 гардид, ки ба сабаби ворид шудани зангҳои беасос самаранок набуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1048 – Мавлуди Умари Хайём, шоири форс-тоҷик, файласуф ва риёзидон.

Умари Хайём шоир, файласуф, риёзидон, табиб ва мунаҷҷим буд, ки осораш то имрӯз арзиши илмию адабии воло доранд. Бо вуҷуди он ки Хайём дар давраи зиндагияш бештар ҳамчун олим шинохта мешуд, имрӯз вай дар ҷаҳон пеш аз ҳама бо рубоиёташ маъруф аст. Шеъри Хайём бо андешаи фалсафӣ, ифодаи шубҳа дар муқобили тақдир, маърифати зиндагӣ, баҳри лаззати фурсат ва маҳкум кардани риёву зоҳирпарастӣ шинохта мешавад.
Ҳамчунин Умари Хайём дар заминаи математика корҳои пурарзиш анҷом додааст, аз ҷумла дар таҳияи назарияи муъодилаҳои дараҷаи сеюм ва омӯзиши амиқи геометрияи Евклидӣ. Китоби маъруфи ӯ “Рисолаи алҷабр ва алмуқобала” дар илми алгебра ҷойгоҳи вижа дорад ва то дергоҳ ҳамчун манбаи дарсӣ дар мадрасаҳои шарқ истифода мешуд.
Инчунин бо роҳбарии ӯ соли 1079 тақвими нави офтобӣ – тақвими Ҷалолӣ таҳия шуд, ки дақиқтар аз тақвими григорианӣ ҳисобида мешавад. Ин тақвим дар давраи султон Маликшоҳи Салҷуқӣ истифода мешуд.
Соли 1918 – Мавлуди Моҳҷон Назардодова, овозхон ва навозандаи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.
Соли 1937 – Зодрӯзи Музаффар Махсумов, ахтаршинос, доктори илмҳои физикаву математика, фарзанди Нусратулло Махсум.

Музаффар Махсумов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов ва Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо ихтисоси “астрофизика” аст. Ӯ солҳои зиёд дар гурӯҳи “Сохтор ва динамикаи системаи ситораҳо” фаъолият бурда, чанд муддат роҳбари он буд. Баъдан дар Институти астрофизика ва Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст.
Самтҳои асосии фаъолияти илмии ӯро динамикаи системаи ситораҳо, физикаи галактикаҳо (масъалаҳои устуворӣ ва эволютсияи галактикаҳо) фаро мегирад.
Соли 1938 – Мавлуди Ҳамроқул Шодиқулов, мунаққид, адабиётшинос, тарҷумони тоҷик.
Соли 1949 – Зодрӯзи Насриддин Садриддинов, иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ.
Соли 1954 – Мавлуди Шариф Ҳамдамов, муассис ва роҳбари гурӯҳи расонаҳои “Оила”.
Соли 1972 – Зодрӯзи Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Соли 2018 – Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт.

Муъмин Қаноат факултаи филология Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияташро дар маҷаллаи “Садои Шарқ” оғоз кардааст. Соли 1968 ӯ муовини аввали раис ва аз 1976 то 1991 котиби якуми Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва роҳбари Пажўҳишгоҳи осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Тайи солҳои 1996-2000 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, солҳои 2001-2011 муовини раиси Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Абӯабдулло Рўдакӣ буд. Муъмин Қаноат чандин маротиба вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Маҷмӯаи нахустини ашъори ӯ бо номи “Шарора” ва дуюмаш “Ситораҳои замин” ба табъ расидаанд. Минбаъд ӯ ба жанри достон рӯ оварда, достонҳои “Мавҷҳои Днепр”, “Достони оташ”, “Суруши Сталинград”, “Тоҷикистон исми ман”, “Гавҳари Сино”, “Падар”, “Ситораи Исмат” “Ҳамосаи дод” ва “Масъуднома” маҳсули эҷоди ин адиби суханпардоз аст.
Мӯъмин Қаноат 18-уми майи соли 2018 дар синни 86-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.
Соли 2024 – Раҳматилло Зойиров, сиёсатмадори тоҷик, ҳуқуқшинос, асосгузор ва Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар 66-солагӣ аз олам даргузашт.

Раҳматилло Зойиров яке аз сиёсатмадорони маъруфи тоҷик аст, ки дар давоми фаъолияти чандинсолаи худ дар ин бахш тавонист ҳамчун як сиёсатмадори матраҳ худро муаррифӣ кунад.
Солҳои 1986-1993 устоди риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Дар соли 1989 кори вакили мудофеъро оғоз кард ва аз нахустин касоне ҳисоб мешавад, ки дар Тоҷикистон созмони ғайриҳукуматӣ таъсис додааст. Ӯ ҳамчунин ба ҳайси коршинос дар СММ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ ва чанде дигар аз созмонҳои байнулмилалӣ кор кардааст. Солҳои 2001‑2003 дар вазифаи мушовири давлатии президенти Тоҷикистон дар бахши сиёсати ҳуқуқӣ кор кардааст.
Моҳи марти соли 2003 зидди тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон садо баланд кард ва чун садояш шунида нашуд аз мақомаш истеъфо дод. Баъди истеъфо ҲСДТ-ро таъсис дод. Дар чандин интихоботи парлумонӣ бо ҳизби худ ширкат карду ноком гардид. Дар чанд интихоботи президентӣ ҳам талош кард номзад бошад, аммо боз ҳам ин иҷозаро пайдо накард.
Ахиран аз роҳбарии ҳизб ҳам истеъфо дод ва эълон кард, ки аз майдони сиёсӣ канор меравад. Раҳматилло Зоиров 18‑уми майи соли гузашта дар синни 67‑солагӣ, бар асари беморӣ аз дунё даргузашт.
Дар робита ба шахсияту корномаи ин сиёсатмадор дар ин мавод хонед: Сиёсатмадоре бо мавқеи устувор. Назари ҳамкорону ҳамкасбон дар бораи Раҳматилло Зоиров
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 18 май дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо таҷлил мегардад. Ин рӯз соли 1977 ба тақвим ворид шудааст, вақте ки Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо (ICOM) қарор дар бораи таъсиси чунин рӯзро қабул кард. Ҳадафи аслӣ аз таҷлили он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба нақши муҳим ва муассири осорхонаҳо дар ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Осорхонаҳо ҳамчун ниҳоди илмӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ на танҳо ба ҷамъоварӣ, ҳифз ва омӯзиши ёдгориҳои моддӣ ва маънавии таърих машғуланд, балки дар раванди тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати таърихӣ ва фарҳангии мардум низ нақши калон мебозанд.
Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии қурбониёни БПНМ – Бемории пазируфтаи норасоии масуният (СПИД) таҷлил карда мешавад. Имсол ин рӯз ба 19 май рост меояд. Ин рӯз аз соли 1983 инҷониб ҳар сол ҷиҳати гиромидошти хотираи нафарони дар натиҷаи бемории СПИД фавтида ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи ВИЧ/СПИД дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад.

18 май ҳамчунин боз як ҷашни ғайрирасмӣ – Рӯзи Пантери гулобӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашн аз ҷониби гурӯҳҳои ҳунармандон, мусиқинавозон, ошпазон ва намояндагони соҳаҳои эҷодӣ таъсис дода шудааст.
Пантери гулобӣ як қаҳрамони маъруфи филмҳои тасвирӣ ва бадеӣ буда, рамзи андешаи ғайримаъмулӣ, зиракӣ ва хушҳолӣ аст. Таъсиси ин рӯз бо хислатҳои хоси ин қаҳрамон – қобилияти “ранг кардани ҷаҳон” ба гулобӣ, яъне табдили дунё бо тафаккури эҷодӣ ва рӯҳияи мусбат рабт дода шудааст.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 18 МАЙИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 18+23º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 18+23º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3º, рӯзона 12+17º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 29+31º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 26+28º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 31+33º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 24+26º гарм.
Буҳрони доимӣ ё душвориҳои муваққатӣ? Чаро дар Хуҷанд автобусҳо боз аз равуо бозмонданд?
Ҷашни Тиргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Русия аз ҳисоби патенти муҳоҷирон миллиардҳо рубл даромад гирифтааст
Тоҷикистон ҳамлаи Амрико ва Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эронро қатъиян маҳкум кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 июни соли 2025
Саноати Тоҷикистон: рақамҳои таъсирбахш, вале воқеияти нигаронкунанда
Дар ҳавои гарм чӣ хӯрдану чӣ нӯшидан лозим нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 июни соли 2025
"Бо сухан сурат кашид!". Маҳфили адабӣ ба ифтихори 80-солагии шоир Ҳабибулло Файзулло дар Ховалинг
Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста