Аз аввали моҳи май барои ҳаракати нақлиёти гаронвазн дар роҳҳои кишвар маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ шуд. Ҳангоми беш аз 25 дараҷа гарм будани ҳаво ҳаракати нақлиёте, ки беш аз 6 тонна вазн дорад, аз соати 10:00 то 20:00 маҳдуд карда мешавад.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти кишвар иттилоъ дода, навиштааст, ин қарор бо мақсади пешгирии вайроншавии пӯшиши роҳҳо роҳандозӣ шуда, то 31-уми август идома меёбад.
Ба иттилои манбаъ, ин маҳдудият дар роҳҳои мошингарди зерин татбиқ мегардад:
Маҳдудият барои дигар роҳҳое, ки дар ин феҳрист ишора нашудааст, аз 8 тонна боло гуфта мешавад.
Манбаъ навиштааст, ин маҳдудият нисбат ба мошинҳое, ки мусофирон, кӯмаки башардӯстона, маҳсулоти хӯроквории зудвайроншаванда, борҳои хатарнок, калонҳаҷм, ангишт мекашонанд ва ё иҷозатномаи махсус доранд, татбиқ намешавад.
Ба иттилои ин ниҳод, қарори маҳдудияти мавсимӣ барои ҳаракати нақлиёти гаронвазн аз 8-уми ноябри соли 2011 қабул шудааст ва татбиқи имсолаи он аз суханронии охири Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Данғара маншаъ мегирад, ки пиромуни гармтарин сол дар таърихи мушоҳидаҳо арзёбӣ шудани соли 2025 зикр карда буд.
Кӯдакон дар куҷо машқи футбол кунанд? Суроға ва рақами тамоси мактабҳои футбол дар Душанбе
Хадамоти гумрук: Боҷ барои воридоти телефони мобилӣ ба Тоҷикистон 20% аз арзиши гумрукии телефон аст
Нархи сабзавот дар Тоҷикистон боло рафт. Сабаб дар чист?
Аз “Шаҳри ҳушманд” то кӯдакистони муосир. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Душанбе кадом биноҳоро ифтитоҳ кард?
Идомаи ҳамлаҳо, “ду ҳафта”-и беохири Трамп ва эҳтимоли оғози гуфтугӯ. Ҳаштумин рӯзи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон
“Касе осеб надидааст”. Тарабхонаи “Яккасарой”- и Хуҷанд ба коми оташ рафт
Сафири Эрон гуфт, аз мавқеи Тоҷикистон, ки ҳамлаи Исроилро маҳкум кард, қадрдонӣ мекунанд
Темур Раҳимов медали биринҷӣ гирифт. Паҳлавонони тоҷик аз қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон бо се медал ба ватан бармегарданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Гунҷишк”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 июни соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста