Дар Душанбе аз 19 то 22-юми майи соли ҷорӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон доир мегардад. Дар доираи он баргузории барномаи консертӣ, шоми мусиқӣ ва намоишгоҳи ин кишвар дар Душанбе дар назар аст. Дар ин бора аз сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 19-уми май, меҳмонон аз Озарбойҷон ба Душанбе меоянд.
Рӯзи 20-уми май, соати 16:00, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи “Мероси миллӣ, дурдонаҳои имрӯзи санъати Озарбойҷон” ифтитоҳ мегардад. Дар он намунаҳои нодири ҳунару санъати Осорхонаи миллии Озарбойҷон, аз ҷумла “Мирзо Қодири Эривонӣ: дар буриши услубҳои шарқӣ ва аврупоии ҳунар”, ҳунарҳои мардумии суннатии Озарбойҷон, намоиши аксҳо таҳти унвони “Қарабоғ: хотираи мероси миллӣ” ва намоиши мӯд доир мегардад.
Ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳангии Озарбойҷон дар Тоҷикистон низ давоми ин рӯз – соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор мешавад.
Рӯзи 21-уми май, соати 14:00, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи осори адабиёти Озарбойҷон ифтитоҳ мегардад. Соати 15:00 бошад, дар ин мавзеъ миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Озарбойҷон маросими рамзии имзои Ёддошти тафоҳум ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобила доир мешавад.
Соати 18:00 бошад, дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон шоми мусиқии этноҷаз баргузор хоҳад шуд.
Рӯзи 21-уми май ҳайати расмии меҳмонон аз Озарбойҷон ба шаҳри Норак сафар карда, аз “Боғи анор” ва “Нерӯгоҳи барқии обии Норак” боздид мекунанд.
Ҳамчунин соати 18:00 дар ноҳияи Данғара ансамбли давлатии асбобҳои мусиқии қадимаи Озарбойҷон консерт баргузор мекунад.
Рӯзи 22-юми май Рӯзҳои фарҳангии Озарбойҷон дар Тоҷикистон ба итмом мерасад.
Қаблан дар ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” интизор мерафт, ки ҳунармандони Театри Озарбойҷон ба Тоҷикистон меоянд ва намоишнома ба саҳна мегузоранд. Аммо ҳунармандони театри ин кишвар ба Тоҷикистон наомаданд ва масъулин гуфта буданд, онҳо дар доираи рӯзҳои фарҳангии кишварашон ба Тоҷикистон меоянд. Аммо дар барномаи Рӯзҳои фарҳангии Озарбойҷон дар Тоҷикистон ба намоиши театрӣ ишорае нашудааст.
Ёдрас мешавем, ки моҳи майи соли гузашта дар шаҳрҳои Боку ва Ганҷаи Озарбойҷон Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон низ баргузор шуда буд.





“Фикр кардам корманди бонк аст ва рамзро гуфтам”. Қаллобон чӣ тавр пули сокинонро аз ҳамёну суратҳисоб медузданд?
Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста