ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 19 МАЙ

- Имрӯз дар Эрон ҷаҳорумин Маҷмаи гуфтугӯи Теҳрон, ки 17 май оғоз гардид, ҷамъбаст мешавад. Дар он Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ширкат дорад.

- Имрӯз ва пагоҳ як ҳайати соҳибкорони Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе вохӯриҳои тиҷорӣ анҷом медиҳанд. Дар доираи ин сафари корӣ баргузории Форуми тиҷорӣ ва мулоқотҳои рӯ ба рӯи соҳибкорон пешбинӣ шудааст, ки дар онҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ ва саноат баррасӣ хоҳанд шуд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 19 МАЙ

Соли 2003 –Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон соли 2004-ро Соли санъати эстрадаи муосир эълон кард.  Ин иқдом барои рушди мусиқии эстрадӣ ва дастгирии ҳунармандони ҷавон равона шуда буд.

Соли 2010 – Ба Кодекси оилаи Тоҷикистон тағйирот ворид шуд, ки мувофиқи он синни никоҳ барои духтарон аз 17 ба 18 сол боло бурда шуд.  Ин тадбир барои пешгирии никоҳҳои бармаҳал ва таъмини ҳуқуқи духтарон ба таҳсил равона шудааст.

Соли 2011 – Дафтари Омбудсмени Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2009 таъсис ёфта буд, нахустин гузориши худро оид ба ҳуқуқи инсон нашр кард.  Ин гузориш фаъолияти дафтари Омбудсменро аз сентябри 2009 то декабри 2010 ва вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар кишвар таҳлил мекард.

Соли 2019 – Дар зиндони Ваҳдат шӯрише рух дод, ки дар натиҷа 29 маҳбус ва 3 корманди зиндон кушта шуданд.

 

Зиндон дар шаҳри Ваҳдат

ШАХСИЯТҲО

Соли 1930 – Зодрӯзи Маҳмадёр Хуҷамёров, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Соли 1932 – Мавлуди Абдусаттор Мирзоев, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ.

Абдусаттор Мирзоев барои рушди забоншиносии тоҷик саҳми арзанда дорад. Ӯ факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон фаъолияташро шурӯъ намуда, то охири умр дар ин боргоҳи илм заҳмат кашидааст. Ҳамзамон солиёни зиёд дар кафедраи забони тоҷикии ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дарс додааст.

Таҳқиқоташ дар се бахши забоншиносии тоҷик - иборашиносӣ, грамматика ва имло сурат гирифтааст. Дар таълифи китобҳои  “Забони адабии ҳозираи тоҷик”, “Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик”, “Қоидаҳои асосии имлои забони тоҷикӣ”, “Имлои забони тоҷикӣ” саҳми босазо дорад. Дар ҳаммуаллифӣ “Луғати имло” ва китоби дарсии “Забони тоҷикӣ” (барои синфи 6)-ро омода кардааст. Инчунин худ муаллифи китобҳои “Ибораҳои феълии замонӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик” ва “Масъалаҳои ибора дар забони тоҷикӣ” аст.

Соли 1933 – Зодрӯзи Абдурауф Ҳошимов, доктори илмҳои фалсафа, профессор.

Соли 1936 – Мавлуди Истад Қосимзода, нависанда ва тарҷумони тоҷик.

 

Истад Қосимзода

Истад Қосимзода Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, маҷаллаи “Тоҷикистон”, Радиои тоҷик, рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” кор кардааст. Як муддат дар Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Соли 1984 ба зодгоҳаш Ӯзбекистон рафта, то соли 1990 хабарнигори рӯзномаи “Овози тоҷик” ва баъдан сардабири рӯзномаи “Садои Сурхон” бурдааст. Соли 2002 ба Душанбе баргашта, як муддат дар маҷаллаи “Пайванд” (нашрияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон) ва баъдан дар нашриёти “Адиб” фаъолият бурдааст.

Номбурда муаллифи маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳои “Янгаи соҳибҷамол”, “Ситези зиндагӣ”, “Гунҷишкаки лоло”, “Ошиқ будаем рӯзе” аст. Тарҷумаи романҳои “Рӯзгори мозӣ”,-и А. Қодирӣ, “Кимёгар”-и П. Куэло (ҳамроҳи Ҷонибеки Акобир), “Қиёмат”-и Ч. Айтматов ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Соли 2013 – Лутфӣ Кабирова, овозхон ва ҳунарпешаи тоҷик дар 80-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2020 – Хуршеди Алидод, овозхон ва оҳангнавози тоҷик дар синни 84-солагӣ аз олам чашм баст.

Соли 2022 – Меҳмон Бахтӣ, шоир, нависанда ва драматурги шинохтаи тоҷик дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт. 

 

Меҳмон Бахтӣ

Меҳмон Бахтӣ хатмкардаи риштаи забону адабиёти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд. Солҳои зиёде дар телевизиони Тоҷикистон, “Тоҷиктелефилм” ва Театри Лоҳутӣ кор карда, муаллифи филмнома ва намоишномаҳои зиёде мебошад.

Меҳмон Бахтӣ соли 2003 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд ва то соли 2015 ин масъулиятро ба дӯш дошт. Солҳои 1995-2000 вакили порлумон ва аз соли 2005 то 2010 узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон низ буд.

Қиссаҳои “Оҳи сабук”, “Хубон”, “Се соати даҳшатбор”, китоби шеърҳои “Пайғоми баҳор”, “Хаёли ширин” ва маҷмӯаи намоишномаҳои “Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…”, “Оҳанги хаёл”-ро навиштааст.

Намоишномаҳои “Фирдавсӣ”, “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” ва “Тилисми Сайҳун” (“Нангбардори Хуҷанд”) низ ҳосили заҳматҳои ӯст. Соли 1988 ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 2014 медали адабии байнулмилалии ба номи Михаил Достоевскийро гирифтааст.

Меҳмон Бахтӣ 19 майи соли 2022 дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

19 майи соли 1712, шоҳи Русия Пётри I пойтахтро аз Маскав ба Санкт-Петербург кӯчонид. Ин қарор дар доираи ислоҳоти Пётр барои муосирсозии Русия ва наздик кардани он ба Аврупо қабул шуда буд. Санкт-Петербург, ки соли 1703 бунёд шуда буд, ба рамзи “равзана ба сӯи Аврупо” табдил ёфт. Ин шаҳр пойтахти империяи Русия то соли 1918 боқӣ монд.

 


19 майи соли 1910, Замин аз дохили думби кометаи Ҳаллей (1P/Halley) гузашт. Ин комета бо ҳар 75-76 сол ба назди Замин бармегардад. Дар арафаи гузашт, дар матбуот овозаҳо паҳн шуданд, ки гӯё газҳои заҳрноки думби комета метавонанд атмосфераи Заминро заҳролуд кунанд. Аммо гузариши он бе ҳеҷ таъсири манфӣ ва бо натиҷаҳои илмии муҳим анҷом ёфт.

 


19 майи соли 1922 дар Конфронси дуюми умумироссиягии Комсомол қарор қабул шуд, ки дар тамоми қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ташкилотҳои пионерӣ таъсис дода шаванд. Онҳо барои тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи коммунистӣ ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфта буданд. Соли 1924 ба ташкилот номи пионерҳои ба номи В. И. Ленин дода шуд. Ташкилот то соли 1991 фаъолият мекард ва яке аз сохторҳои муҳими иҷтимоӣ-таблиғотии замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт.

 


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 19 МАЙИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 23+28º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 25+30º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 26+31º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, дар н.Дарвоз раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3º, рӯзона 12+17º гарм.  

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 28+30º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 27+29º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.