“Почтаи тоҷик” пас аз як соли танаффус хадамоти интиқоли мактуб ва баста миёни Тоҷикистон ва Русияро дигарбора оғоз кардааст. Сабаби то имрӯз қатъ гардидани ин хадамот маълум нест.
Аз КВД “Почтаи тоҷик” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки кори почта аз 20-уми май барқарор шудааст.
“Ҳамакнун шаҳрвандон имкон доранд мактуб ва бастаро ба тамоми минтақаҳои Русия равон кунанд”, - зикр карданд аз ин ниҳод.
Аммо қариб як сол қатъ гардидани ин хадамотро шарҳ надоданд.
Қаблан Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқа, гуфта буд, ки мушкилот байни хадамоти почтаи ду кишвар ҳанӯз аз моҳи июли соли 2024 оғоз шудааст. Ӯ гуфта буд, ки байни ин корхона ва “Почтаи Русия” “баъзе мушкилот” ва “ихтилофи назар” мавҷуд аст.
Бояд гуфт, ки моҳи ноябри соли 2024 хонандагон бо исроли мактуб ба идораи “Азия-Плюс” нигаронӣ карда буданд, ки “Почтаи тоҷик” ба Русия мактуб ё ҳар гуна бастаи дигар равон намекунад.
Он замон барои санҷиши вазъ хабарнигори “Азия-Плюс” ба чанд шуъбаи “Почтаи тоҷик” дар Душанбе муроҷиат кард. Дар ҳама нуқтаҳо бори моро барои ба Русия равон кардан қабул накарданд ва гуфтанд, ки Русия “борҳои “Почтаи тоҷик”ро қабул намекунад”.
Аммо Фаридун Қурбонов, директори “Почтаи тоҷик” дар суҳбати телефонӣ ин мушкилро рад карда, изҳор дошта буд, ки “мактубҳо ба Русия фиристода мешаванд”.
Дар “Почтаи тоҷик” ба муроҷиаткунандагон тавсия додаанд, ки ба хадамоти хусусии “Почтаи аср” муроҷиат кунанд, аммо нархи ин почтаи хусусӣ чанд маротиба гаронтар аст. Хабарнигори “Азия-Плюс” он вақт санҷид, ки чаро почтаи давлатӣ ин хадамотро пешниҳод намекунад, аммо почтаи хусусӣ ба роҳ мондааст.
Буҳрони доимӣ ё душвориҳои муваққатӣ? Чаро дар Хуҷанд автобусҳо боз аз равуо бозмонданд?
Ҷашни Тиргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Русия аз ҳисоби патенти муҳоҷирон миллиардҳо рубл даромад гирифтааст
Тоҷикистон ҳамлаи Амрико ва Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эронро қатъиян маҳкум кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 июни соли 2025
Саноати Тоҷикистон: рақамҳои таъсирбахш, вале воқеияти нигаронкунанда
Дар ҳавои гарм чӣ хӯрдану чӣ нӯшидан лозим нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 июни соли 2025
"Бо сухан сурат кашид!". Маҳфили адабӣ ба ифтихори 80-солагии шоир Ҳабибулло Файзулло дар Ховалинг
Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста