ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 21 МАЙ
- Имрӯз соати 14:00, дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Озарбойҷон дар Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи осори адабиёти Озарбойҷон ифтитоҳ мегардад. Соати 15:00 бошад, дар ин мавзеъ миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Озарбойҷон маросими рамзии имзои Ёддошти тафоҳум ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобила доир мешавад.
- Ҳамчунин, соати 18:00 дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Озарбойҷон дар Тоҷикистон дар Консерваторияи миллӣ шоми мусиқии этноҷаз баргузор мешавад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 21 МАЙ
Соли 2003 – Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид карда, дар он моддаи махсуси “Қочоқи одамон”-ро ҷой дод.
Соли 2008 – Баъди танаффуси тӯлонӣ корхонаи муштараки “Тоҷиказот” фаъолиятро аз сар гирифт.
Соли 2012 – Консепсияи сиёсати демографии давлатии Тоҷикистон дар мавриди банақшагирии оилавӣ тасдиқ гардид.
Соли 2014 – Ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон моддаи нав илова шуд, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои иштирок дар ҷангҳо ва низоъҳои мусаллаҳона дар хориҷ пешбинӣ мекунад.
Соли 2020 – Ҳавопаймои украинӣ 30 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бинобар пандемия дар Украина дармонда буданд, ба Душанбе овард. Бо ҳамин парвоз беш аз 100 шаҳрванди Украина ва Қазоқистон аз Тоҷикистон низ таҳвил шуданд.
Соли 2021 – Бонки миллии Тоҷикистон бо сабаби мушкилоти молиявӣ иҷозатномаҳои фаъолияти ду бонки асосии кишвар – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро бозхонд кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1939 – Зодрӯзи Талъат Нуруллохоҷаев, пизишки шикастабанд, раиси Ҷамъияти илмии ортопедҳои Тоҷикистон.
Соли 1945 – Мавлуди Нигина Рауфова, ҳунарманди маъруфи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Нигина Рауфова Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон буда, бо иҷрои сурудҳои дилангез дар дили мардум ҷо гирифтааст. Ӯ бо иҷрои сурудҳои халқии “Ёрат манам”, “Қадат баланд аст ёр”, “Ман садқаи ту”, “Намепурсӣ номи ман”, “Духтари каҷтоқӣ” маъруф аст.
Фаъолияти эҷодиаш дар маҳфили ҳаваскорони Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагии шаҳри Душанбе оғоз ёфта, баъдан дар Ансамбли суруду хореографии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва ансамблҳои “Гулшан”, “Шашмақом” ва “Дарё” ҳунарнамоӣ кардааст. Нигина Раупова овози дилнишину ҷолиб дошта, дар таронасароӣ услуби вижа дошт.
Ҳунарпеша 22-юми декабри соли 2010 дар синни 65-солагӣ аз олам чашм баст.
Соли 1957 – Зодрӯзи Маҳмадбек Ғаниев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Соли 1972 – Мавлуди Рухшона Восиева, адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ ба хотири гуфтугӯ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушд таҷлил мегардад. Ин рӯз бо мақсади баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи аҳамияти гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои фарҳангӣ, инчунин барои таҳкими ҳамкориҳо байни мардумони гуногун ва ташвиқи сулҳ ва таҳаммулпазирӣ дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад.

Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ аз соли 2003 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба расмият шинохта шудааст. Ин иқдом ба хотири таъкид кардани нақши фарҳанг дар рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ роҳандозӣ гардида, ҳамзамон ба ҳифзи мероси фарҳангии башар таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.
Ҳамчунин, дар ҳамин рӯзи соли 1904 дар шаҳри Париж Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) таъсис ёфт. Ҳадафи асосии ФИФА муттаҳид сохтани федератсияҳои миллии футбол ва ташкил намудани мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ буд. Президенти аввали ФИФА Робер Герен буд. Ҳоло ФИФА ҳамчун ҷомеаи ҷаҳонии футболбозон бо 211 ассотсиатсияи миллии футбол муттаҳид шудааст.

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар моҳи декабри соли 2019 бо қарори худ 21 майро ҳамчун Рӯзи байналмилалии чой эълон намуд.
Чой яке аз нӯшокиҳои маъруфи ҷаҳон буда, пас аз об бештар истеъмол мешавад. Вале фарқ аз об, чой на танҳо барои таскин додани ташнагӣ, балки ҳамчун нӯшокии нерӯбахш ва гармкунанда истифода мегардад. Гуногунии навъҳои чой имкон медиҳад, ки дӯстдорони он мувофиқи завқи худ интихоб кунанд.

Маълум аст, ки ватани чой шимолу шарқ ва ҷанубу ғарби Чин ва манотиқи шимолии Мянмар мебошад ва таърихи истифодаи он ба беш аз 5000 сол пеш бармегардад. Барои бисёр кишварҳо саноати чой бахши муҳими иқтисод маҳсуб ёфта, шумораи зиёди шаҳрвандонро бо кор таъмин мекунад. Барои мардум ҷамъоварии чой манбаи асосии даромад ва барои давлатҳо манбаи муҳими содирот мебошад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 21 МАЙИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 22+27º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 15+20º гарм, рӯзона 28+33º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 25+30º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 34+36º гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3º, рӯзона 15+20º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 33+35º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 33+35º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 37+39º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 29+31º гарм.