ЧОРАБИНИҲОИ 22-ЮМИ МАЙ

- Имрӯз ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия бозии дӯстона баргузор мекунанд. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон футболбозони достони кишвар – Валерий Турсунов, Олег Ширинбеков, Аслиддин Ҳабибуллоев, Алишер Туйчиев, Анваршо Мирзоев, Раҳматулло Фузайлов, Акмал Холматов ва дигароне, дар рушди футбол саҳм гузоштаанд, шомиланд.

Мунтахаби Русия аз футболбозони собиқадоре ба мисли Ринат Дасаев, Егор Титов, Дмитрий Аленичев, Валерий Шмаров, Сергей Киряков ва дигарон иборат хоҳад буд.

 


- Имрӯз дар маркази ЭКСПО-и Душанбе аввалин маротиба дар Тоҷикистон намоишгоҳи воситаҳои зебоӣ ва солимӣ баргузор мегардад. Дар намоишгоҳ имкони шиносоӣ бо воситаҳои косметикии истеҳсоли ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Корея, Эрон, Русия ва машварат бо мутахассисон мавҷуд аст. Намоишгоҳ то 24-уми май идома мекунад.

- Имрӯз дар шаҳри Ню-Йорк намоишгоҳи рақамии “Риштаҳои анъана: ҷашнҳои мероси фарҳангии Тоҷикистон” оғоз мегардад. Дар ин намоишгоҳ мероси ғании фарҳангу табиати Тоҷикистон, аз ҷумла, ёдгориҳои таърихӣ, манзараҳои дилфиреб, ҳунарҳои мардумӣ, чун чакану атласу адраси дастбоф ва ҳунари кандакориву наққошии тоҷикӣ намоиш дода мешаванд. Намоишгоҳ то 24-уми май идома мекунад ва вуруд ройгон аст.

- Имрӯз, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ҳунармандони Театри давлатии академии ба номи Алишер Навоии Ӯзбекистон барномаи консертӣ баргузор мекунанд. Дар он устодони санъати овозхонии Ӯзбекистон ширкат хоҳанд кард. Арзиши чипта аз 50 то 80 сомонӣ аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 22 МАЙ

Соли 1992 – Байни Тоҷикистон ва Люксембург муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд.

Соли 2016 – Дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки дар он тағйирот ва иловаҳо, аз ҷумла ду тағйироти муҳим ба Конститутсия ворид шуд: ҳуқуқи президенти амалкунанда барои пешбарии номзадии худ бидуни маҳдудият ва кам кардани синни номзадҳо ба мақоми президентӣ аз 35 то 30 сол.

Соли 2022 – Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд озмоишгоҳи “Иқтисодиёти рақамӣ” ифтитоҳ гардид.

Соли 2023 – Дар шаҳри Душанбе Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шуруъ намуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1942 – Зодрӯзи Малика Собирова, ҳунарпешаи балет, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

 

Малика Собирова

Малика Собирова, ки аз ӯ ба унвони ситораи дурахшон, марвориди Шарқ ном мебаранд, рамзи балети тоҷик дониста мешавад. Ӯ унсурҳои рақси классикӣ ва миллии тоҷикро моҳирона ба ҳам пайваст. Ба туфайли истеъдоди барҷастаи ҳунарпешагӣ ва техникаи моҳиронааш ӯро муяссар шуд, ки дар саҳнаи театр мақоми шоиста пайдо кунад.

Малика Собирова Омӯзишгоҳи академии хореографии ба номи А. Вагановаи шаҳри Ленинградро хатм кардааст. Ӯ аз соли 1963 то охири умр ҳунарпешаи Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ буд. Ба санъати ӯ аз ҷиҳати фасоҳат, дарки амиқи олами ботинии образҳои саҳнавӣ ва техникаи олӣ баҳои сазовор додаанд.

Ӯ образҳои Одеттаи фидокор ва азиятдида, Одиллияи маккор ва дилфиреб, Лизаи ишвагар ва бепарворо дар саҳнаи театр офаридааст. Инчунин балетҳои романтикии маъруф – “Жизел”, “Шурале”, “Ромео ва Ҷулйетта”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Темурмалик”-ро иҷро кардааст. Собирова инчунин дар якчанд филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ, “1002 шаб” “Малика”, “Қиссаи шарқӣ” иштирок кардааст. Ҳоло Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии Тоҷикистон дар Душанбе ба номи Малика Собирова аст.

Соли 1944 – Мавлуди Саидбой Шербоев, омӯзгор, доктори илмҳои педагогӣ, профессор.

Соли 1957 – Мавлуди Дилбар Амонова, иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.

Соли 1976 – Зодрӯзи Бобоҷон Ҷамолзода, арбоби низомии тоҷик, Фармондеҳи гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳар сол 22-юми май Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи он ҷалби диққат ба ҳифзи гуногунии биологӣ – ҳам намудҳои зинда ва ҳам системаҳои экологӣ ва мушкили нопадид шудани бархе намуди флора ва фауна дар Замин аст.

 


Ҳамчунин 22 май Рӯзи таъсиси Галереяи Третяков, осорхонаи миллии санъати тасвирии Русия, ки асарҳои қарнҳои 10 то 21-умро дар бар мегирад, таҷлил карда мешавад. Дар ҳамин рӯзи соли 1856 Павел Михайлович Третяков, ҷамъовар ва соҳибкор аввалин асарҳои санъатро харидорӣ кард. Ӯ зиёда аз 40 соли умри худро барои ин осорхона бахшидааст. Галерея соли 1881 ба рӯйи тамошобинон боз шуд ва соли 1892 Третяков коллексияи худро ба шаҳри Маскав тақдим кард. Ҳоло коллексияи Галереяи Третьяков зиёда аз 100 ҳазор асарҳои санъатро дар бар мегирад.

 


22 майи соли 1911 Федератсияи байналмилалии кинологҳо (FCI) таъсис ёфт. Кинолог шахсест, ки дар соҳаи омӯзиш, парвариш, таълими сагҳо ва нигоҳубини онҳо кор мекунад. Ҳадафи асосии ин созмон пешрафт ва ҳифзи кинология – илми парвариши сагҳои зотӣ ва татбиқи муносибати башардӯстона ба ҳайвонот мебошад. То соли 2019 Федератсияи байналмилалии кинологҳо узви федератсияҳои миллии 98 кишвар буда, 349 намуди сагро ба 10 гурӯҳи асосӣ тақсим кардааст. FCI бузургтарин ва муътабартарин созмони ҷаҳонии сагпарварон маҳсуб мешавад.

 


22 майи соли 1892 дандонпизишк аз Вашингтон Шеффилд дар шаҳри Лондон лӯлаи хамираи дандонро ихтироъ кард. Пеш аз ихтирои он дандон бо хокаи дандон шуста мешуд, ки истифодабарии он ноқулай буд.

Шеффилд, пас аз шиносоӣ бо истифодаи лӯлаҳои ранги рассомон тасмим гирифт, ки чунин лӯлаҳоро барои нигоҳдории хамираи дандон истифода барад. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳуқуқи патенти ихтироъро нагирифт ва онро дорусози ширкати “Колгейт” соҳиб шуд. Соли 1896 “Колгейт” истеҳсоли хамираи дандонро дар лӯлаҳо оғоз намуд ва ин ихтироъ дар муддати кӯтоҳ маъруфият пайдо кард.

 


ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 22 МАЙИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 15+20º гарм, рӯзона 27+32º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 27+32º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 34+36º гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3º, рӯзона 15+20º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 38+40º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 29+31º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.