ЧОРАБИНИҲОИ 23 МАЙ
- Имрӯз дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонон шоми бокс баргузор мегардад. Дар рақобати асосӣ, ки аз 10 раунд иборат аст, Баҳодур Усмонов (9-0) аз Тоҷикистон ва Алберт Пагара (35-1) аз Филиппин барои дарёфти камарбанди қаҳрамонии WBA Gold дар вазни сабук мубориза мебаранд.
- Имрӯз маросими қуръакашии расмии мусобиқаи CAFA U17–2025 доир мешавад. Дар ин мусобиқа шаш даста, аз ҷумла дастаи Тоҷикистон низ ширкат меварзад. Мусобиқот аз 24 то 31-уми май дар шаҳри Тошканд баргузор шуда, ҳамаи нӯҳ бозии мусобиқа дар шабакаи расмии CAFA дар YouTube мустақиман пахш хоҳад шуд.
- Дар маркази ЭКСПО-и Душанбе намоишгоҳи воситаҳои зебоӣ ва солимӣ идома дорад. Дар намоишгоҳ имкони шиносоӣ бо воситаҳои косметикии истеҳсоли ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Корея, Эрон, Русия ва машварат бо мутахассисон мавҷуд аст. Намоишгоҳ дирӯз, 22-юми май оғоз гардид ва то 24-уми май идома мекунад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 23 МАЙ
Соли 1997 – Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Соли 2011 – Дар пойтахт аввалин форуми миллии заноне, ки бо вируси норасоии масунияти бадан (ВНМО) зиндагӣ мекунанд, баргузор гардид.
Соли 2020 – Гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бинобар пандемияи коронавирус дар Туркия дармонда буданд, ба Душанбе оварда шуданд.
Соли 2024 – Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эронро дар зодгоҳаш шаҳри Машҳад ба хок супориданд. Чархболи ӯ рӯзи 19-уми май дар роҳи баргашт аз Табрез дар минтақаи Озарбойҷони шарқӣ суқут кард ва дар пайи ин ҳодиса ҷамъан 8 нафар ҷон бохтанд. Пас аз ин 5 рӯз дар Эрон мотами миллӣ эълон шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1892 – Мавлуди Охунҷон Ёқубов, кандакор ва наққоши тоҷик.
Соли 1937 – Зодрӯзи Алиқул Тӯраев, зистшинос, номзади илмҳои биология.
Соли 1940 – Зодрӯзи Бахтиёри Муртазо, рӯзноманигор, нависанда ва тарҷумони тоҷик.

Бахтиёри Муртазо яке аз рӯзноманигорони варзидаи тоҷик буда, солҳо дар рӯзномаҳои мухталифи кишвар ҳамчун муҳарриру сармуҳаррир фаъолият кардааст. Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, солҳо дар рӯзномаҳою ҳафтаномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Адабиёт ва санъат”, “Садои Шарқ”, “Садои мардум”, “Минбари халқ” чун муҳарриру сармуҳаррир хидмат кардааст. Як муддат раиси Шӯрои очерку публисистикаи Иттифоқи нависандагон ва хабарнигори махсуси рӯзномаи “Минбари халқ” дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” будааст.Солҳои 1969-1973 дар Афғонистон тарҷумон буд.
Бахтиёри Муртазо муаллифи маҷмӯаҳои қиссаву очерку ҳикояҳо буда, қиссаи “Роҳи Каҳкашон”-и Чингиз Айтматов, романи “Сурх ва сиёҳ”-и Стендал, “Садбарги заррин”-и Константин Паустовский ва асарҳои дигар адибонро ба тоҷикӣ баргардон кардааст.
Соли 1946 – Мавлуди Абдуҷаббор Сатторов, таърихшинос, аввалин ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия.

Абдуҷаббор Сатторов дастпарвари факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе аст. Ӯ фаъолияти худро ҳамчун омӯзгор дар мактаби миёна оғоз карда, минбаъд то ба вазифаҳои баланди роҳбарӣ расидааст. Ӯ солҳои гуногун дар вазифаҳои ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар Душанбе, котиби ҲК ҶШС Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб, сардори раёсати мактабҳои олии вазорати маориф, муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ фаъолият кардааст.
Абдуҷаббор Сатторов аввалин ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия буд, ки дар ин вазифа 8 сол (1996-2004) хидмат карда, дар рушди ин мактаби олӣ саҳми арзанда гузоштааст. Номбурда 2-юми майи соли 2013 дар 66-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.
Соли 1951 – Мавлуди Алишер Абдуллоев, риёзидон ва файласуфи тоҷик.
Соли 1951 – Зодрӯзи Шӯҳрат Султонов, олим, сиёсатшинос, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ.
Соли 2020 – Мунира Ҳакимова, яке аз ровиён ва наттоқони шинохтаи Тоҷикистон дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт.

Мунира Ҳакимова яке аз наттоқони саршиноси телевизиони Тоҷикистон буда, фаъолияти кориашро ҳамчун техники сабти овоз дар Киностудияи “Тоҷикфилм” оғоз кардааст. Баъдан китобдори Хонаи афсарони гарнизони Душанбе, наттоқи Сардирексияи барномаҳои радиои Кумитаи телевизион ва радио буд. Аз соли 2009 директори Кохи Ҷомӣ буд.
Номбурда аз синни 6-солагӣ дар дубляжи филмҳои ҳунарию мустанад, аз ҷумла филмҳои “Субҳи ин ҷо сокит аст”, “Афсонаҳои нави Шаҳрзод”, “Воқеа дар фурудгоҳ” ва ғ. (ҷамъ беш аз 200 филм) иштирок кардааст.
Ӯ 23 майи соли 2020 дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
23-юми май дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад.
17-уми майи соли 2003 – Дар “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе нахустин маросими тақдими ҷоизаи мусиқии “Суруди сол” аз ҷониби радиои “Азия-Плюс” баргузор гардид. Дар ин маросим президент Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, бо суханони рӯҳбаландкунанда ба ҳозирин муроҷиат кард ва эълон дошт, ки минбаъд 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон таҷлил хоҳад шуд.
Ҳамчунин, дар ин рӯзи соли 1997 Кумитаи кор бо ҷавонон таъсис ёфтаааст.

23-юми май рӯзи таъсиси Ҷумҳурии Федеролии Олмон аст. Пас аз таслимшавии Олмони фашистӣ дар моҳи майи соли 1945, тамоми қаламрави он ба чор минтақаи ишғолӣ тақсим карда шуд, ки таҳти назорати Иттиҳоди Шӯравӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир ва Фаронса қарор доштанд. Ҳокимияти сиёсӣ ва идорӣ дар ҳар минтақа ба зиммаи маъмурони ҳарбии кишварҳои ишғолгар вогузор гардид.

23-юми майи соли 1949, дар натиҷаи таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии минтақаи ғарбии Олмон, дар се минтақаи таҳти назорати Ғарб (амрикоӣ, англисӣ ва фаронсавӣ) пас аз қабули Қонуни асосӣ (Grundgesetz), давлати мустақил бо номи Ҷумҳурии Федеролии Олмон (ФРГ) бо пойтахташ дар шаҳри Бонн таъсис дода шуд. Қонуни асосӣ ин ҷумҳуриро ҳамчун як давлати федеративӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд муайян намуда, дар он имкони пайвастани дигар заминҳои Олмон низ пешбинӣ шуда буд.
Дар ҷавоб ба ин иқдоми Ғарб, 7-уми октябри соли 1949 дар минтақаи таҳти назорати Иттиҳоди Шӯравӣ низ конститутсияи хоса қабул шуд ва бо ин роҳ давлати дуюми олмонӣ – Ҷумҳурии Демократии Олмон (ГДР) бо пойтахташ шаҳри Берлин (Шарқӣ) таъсис ёфт.
Имрӯз дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии сангпушт ҷашн гирифта мешавад, ки рамзи хирад ва дарозумрӣ ба шумор меравад.
Ин ҷашни ғайриоддӣ дар соли 2000 бо ташаббуси Ҷамъияти наҷоти сангпуштҳои Амрико таъсис ёфтааст. Ин созмонро соли 1990 як гурӯҳи довталабон дар шаҳри Малибуи иёлати Калифорнияи ИМА таъсис доданд, то ки шумораи сангпуштҳои дар атрофи шаҳр зиндагикунандаро муҳофизат намоянд.

23 май инчунин Рӯзи байналмилалии куштӣ аст, ки бо ташаббуси худи куштигирон дар соли 2013 таъсис ёфтааст.
Ҳадафи асосии ин санаи варзишӣ тарғиби куштии озод, юнонию румӣ ва дигар намудҳои он мебошад. Ин рӯз ба ифтихори баргузории нахустин мусобиқоти ҷаҳонии куштии юнонию румӣ 23-юми майи соли 1904 дар шаҳри Вена, ки дар он 26 варзишгар иштирок доштанд, интихоб шудааст.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 23 МАЙИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 19+24º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 14+19º гарм, рӯзона 26+31º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 26+31º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 32+34º гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3º, рӯзона 13+18º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм), эҳтимоли раъду барқ дар назар буда, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 32+34º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 28+30º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 25+27º гарм.
Буҳрони доимӣ ё душвориҳои муваққатӣ? Чаро дар Хуҷанд автобусҳо боз аз равуо бозмонданд?
Ҷашни Тиргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Русия аз ҳисоби патенти муҳоҷирон миллиардҳо рубл даромад гирифтааст
Тоҷикистон ҳамлаи Амрико ва Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эронро қатъиян маҳкум кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 июни соли 2025
Саноати Тоҷикистон: рақамҳои таъсирбахш, вале воқеияти нигаронкунанда
Дар ҳавои гарм чӣ хӯрдану чӣ нӯшидан лозим нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 июни соли 2025
"Бо сухан сурат кашид!". Маҳфили адабӣ ба ифтихори 80-солагии шоир Ҳабибулло Файзулло дар Ховалинг
Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста