Имрӯзҳо дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Порис таҷлили 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, шоири маҳбуби тоҷику форс таҳти унвони “700 сол бо Ҳофиз” идома дорад. Он бо ташаббуси Тоҷикистон баргузор гардида, дар доираи он аллакай, намоиши ҷашнӣ, конфронси байналмилалӣ ва барномаи фарҳангӣ бо ширкати аҳли ҳунару фарҳанг ва адаби Тоҷикистон гузашт.

Кормандони “Азия-Плюс” низ ба ин муносибат дар идора базми шеър ороста, аз Ҳофиз “фолкушоӣ” карданд.

Ҳофизро “Лисон-ул-ғайб” - донандаи асрори ғайб мегӯянд, чун шеъри ӯ хусусияти аҷиб дорад. Дар дилхоҳ маврид ба дарди хонанда мехӯраду таскини дил мегардад: гӯё Ҳофиз ҳамин лаҳза ин байтро барои ӯ гуфта бошад.

Шарти ҳофизхонии мо низ ҳамин буд: қироати байте, ки алҳол ифодагари рӯҳияи мо бошад. 

Ҳофизи Шерозӣ аз бузургтарин шоирони форсигӯй буда, эҷодиёташ дар адабиёти ҷаҳонӣ арзиши баланд дорад.

Ҷашнвораи байналмилалии “700 сол бо Ҳофиз”, ки рӯзи 11-уми июн дар ЮНЕСКО оғоз шуд, то 14-уми июн давом мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.