ЧОРАБИНИҲОИ 13 ИЮН
- Дар Қароргоҳи ЮНЕСКО дар пойтахти Фаронса, шаҳри Порис ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, шоир ва файласуфи тоҷику форс конфронси илмӣ-байналмилалӣ таҳти унвони “700 сол бо Ҳофиз” идома дорад. Дар конфронс олимону ҳофизшиносон, ҳунармандон ва аҳли фарҳанг аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат доранд. Он рӯзи 11-уми июн оғоз шуда буд.
- Дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи байналмилалии савдо – “Суғд-2025” ва форуми сармоягузорӣ идома дорад. Дар ярмарка ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти худро муаррифӣ карда, бо шарикони хориҷӣ музокирот анҷом медиҳанд ва интизор меравад, ки созишномаҳо ба имзо расонанд. Намоишгоҳ 12-уми июн ифтитоҳ гардид ва пагоҳ ба анҷом мерасад.

- Дар Амфитеатри шаҳри Душанбе ҷашнвораи “Корея-2025” идома дорад. Дар ҷашнвора рақсу сурудҳо намоиш дода шуда, гӯшаҳои намоишӣ, дарси маҳорат ва озмунҳо ташкил мешаванд. Ин чорабинӣ дирӯз, 12-уми июн оғоз ёфт ва то 15-уми июн идома мекунад. Вуруд ба он озод аст.
- Дар Тоҷикистон то 14 июн бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун марафони ихтиёрии хунсупорӣ баргузор мешавад. Ҳар як шахс метавонад дар маърака иштирок кунад.
Барои ин ба филиали наздиктарини Маркази ҷумҳуриявии хун ё ба маркази саломатии маҳаллӣ худ муроҷиат кардан лозим аст. Донор метавонад шаҳрванди Тоҷикистон бошад, ки аз 18 то 60 сол дошта, тарзи ҳаёти солимро пеш мебарад. Пеш аз супоридани хун донор аз муоинаи тиббии ройгон мегузарад. Шахсоне, ки хоҳиши иштирок карданро доранд, бояд бо худ шиносномаашонро дошта бошанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 13 ИЮН
Соли 1951 – Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи Академияи миллии улуми Тоҷикистон ба номи Аҳмади Дониш таъсис ёфтааст.
Соли 2001 – Ҳукумати Тоҷикистон Консепсияи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистонро ба хориҷи кишвар тасдиқ кард.
Соли 2016 – Дар бинои Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар Душанбе Маркази иттилоотӣ ва захиравии СММ ифтитоҳ ёфт.
Соли 2019 - Тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ” қабул шуд, ки тибқи он маъмурияти тамоми ноҳияву шаҳру вилоятҳо бояд дар шабакаи интернет сомона дошта бошанд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1937 – Мавлуди Одина Ҳошим, овозхон ва Ҳунарманди халқии Тоҷикистон.
Одина Ҳошим, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва яке аз фалаксароёни номвар аст. Мавсуф аз мардумитарин ҳофизоне буд, ки дар синни ҷавонӣ шуҳрат пайдо кард.
Ӯ мактаб ва сабки хоси сурудхонӣ дошт. Ба ашъори шоирони классики форсу тоҷик оҳанг мебаст ва ғазалиёт, қасоид ва достонҳои назмии шоиронро бо сабки ба худ хос месуруд. Матнҳои сурудаи ӯ вазни баланд ва мазмуни ирфониву инқилобӣ доштанд.
“Гулъизори ман куҷост?”, “Рафтӣ”, “Охир эй сарви хиромон, зи кадомин чаманастӣ?”, “Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро”, “Хиҷил аст сарви бӯстон бар қомати баландаш”, “Куҳандиёро”, “Ало, хамзада кокул”, “Ҷингилак мӯй дорӣ”, “Дилфиребам аз ғамат сабзинае”, “Хирмани гул”, “Моҳи ман”, “Хами зулф”, “Мадоро накунӣ” аз машҳуртарин сурудҳои ӯ мебошад.
Одина Ҳошим соли 1993 дунёро тарк кард ва дар қабристони Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супорида шудааст.
Дар бораи зиндагинома, эҷодиёт ва сарнавишти Одина Ҳошим дар матлаби мо бо номи “Раҳматулло Ҳошим: Сурудҳои ирфонии Одина Ҳошимро ба Ҳизби коммунисту Кумитаи амният мефиристоданд”, мутолиа кунед.
Соли 1942 – Зодрӯзи Равшани Ёрмуҳаммад, нависанда, тарҷумон ва драматурги тоҷик.

Равшани Ёрмуҳаммад нависандаи маъруфи тоҷик, падари адвокати маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров аст.
Ӯ хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинаст. Ӯ солҳо дар Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ, рӯзномаҳои “Тоҷикистони Советӣ” ва “Ҳақиқати Колхозобод”, Комитети давлатии нашриёт, полиграфия ва савдои китоб, ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” кор кардааст.
Соли 1991 сармуҳаррири маҷаллаи “Тоҷикистон” таъйин шуда, солҳои 1998-2003 ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва сармуҳаррири нашрияи “Афсона” буд.
То кунун чиҳил асари Равшани Ёрмуҳаммад, ки аз ҳикоя, қисса, достон ва роман иборат аст, мунташир шудааст. Аз ҷумла, ӯ муаллифи китобҳои “Шоҳбузи сафед”, “Қиссаи шаҳри беҷон ё Саргузашти духтари бофанда”, “Гӯркоб”, “Қиссаҳои “Буду набуд”, романи Бармакиён”, қиссаҳои “Тӯфони Нӯҳ” ва “Хоб ва бедорӣ” ва ғайра аст.
Муаллифи 10 драма мебошад, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои якум, дувум ва савум гардидаанд.
Дар таҳияи мунтахаби ҳикояҳои «Тазкират-ул-авлиё», рисолаҳои «Усули навиштани иншо», «Никоҳ, талоқ ва ҳуқуқи зан» ҳиссагузорӣ кардааст.
Соли 2001 барои китоби «Гӯрков» сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст.
4 марти соли 2018 вафот кард.
Соли 1948 – Мавлуди Ато Ҳамдам, нависанда, рӯзноманигор ва Нависандаи халқии Тоҷикистон.

Ато Ҳамдам аз рӯзноманигорони номвар ва қолабшикани асри ХХ шинохта шудааст ва солҳо симмати сардабирии рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”-ро ба дӯш доштааст. Дар замони сардабирии Ато Ҳамдам он пурнашртарин рӯзномаи вақти Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Мавсуф хатмкардаи риштаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯза ДМТ) ва журналистикаи Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд аст.
Ӯ беш аз 10 сол сардабири рӯзномани “Комсомоли Тоҷикистон” буд ва аз ин минбар шӯҳратёб шуд. Баъд аз ин, аввалин вазири фарҳанги Тоҷикистон ва мушовири калони раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд. Муддате директори нашрёти “Адиб”-ро ба ӯҳда дошт ва аз соли 2009 сармуҳаррири нашриёти “Эр-граф” ва ҳамраиси Анҷумани тарҷумонҳо ва ноширони давлатҳои ИДМ ва кишварҳои назди Балтика аст.
Пиромуни ҳаёту эҷоди ин драматург ва рӯзноманигор дар мусоҳибаи “Азия-Плюс” бо унвони “Ато Ҳамдам: Замона дигар гашту мо ҳам дигар...” мутолиа кунед.
Соли 1950 – Зодрӯзи Ҷумъа Қувват, Шоири халқии Тоҷикистон.

Ҷумъа Қувват хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар идораи рӯзномаи ноҳиявии “Нури Нуробод” шурӯъ кардааст. Солҳо мудири шӯъба, ҷонишини сармуҳаррир ва сармуҳаррири рӯзномаи мазкур будааст. Як муддат ҳамзамон, хабарнигори рӯзномаи “Садои мардум” дар водии Рашт буд.
Муаллифи китобҳои “Нони гандум”, “Орзу”, “Чодари сабза”, “Дидор”, “Сухан гоҳе бигирад ҷои дору” аст. Намоишномаҳои “Иҷоракорони Сабзазор” ва “Оқилу Одил” дар театрҳои халқӣ ба саҳна гузошта шудаанд ва достонҳои “Пеш аз субҳ” ва “Достони Об”-аш дар байни хонандагон шуҳрат ёфтаанд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
13 июн Рӯзи байналмилалии огоҳӣ аз албинизм аст. Ин мушкилот ба гурӯҳи бемориҳои ирсӣ тааллуқ дорад. Албинизм вақте рух медиҳад, ки нокомии генҳои масъули меланин ба вуҷуд ояд.

Аломатҳо аз набудани ранг дар мӯй, чашм ва пӯст ва мушкилоти рӯъё иборатанд. Одамони гирифтори ин мушкил бояд ҳамеша худро аз офтоб муҳофизат кунанд. Ин аст, ки соли 2013 Шӯрои ҳуқуқи башари СММ бо қабули як қатънома аз давлатҳо даъват кард, ки барои аз байн бурдани ҳама шаклҳои табъиз нисбати одамони гирифтори албинизм чораҳои муассир андешанд.
Дар ин рӯзи соли 1912 дар Маскав Осорхонаи санъати тасвирӣ (ҳоло Осорхонаи давлатии санъати тасвирии ба номи Пушкин) кушода шуд.

Бинои осорхона байни солҳои 1898-1904 сохта шудааст. Имрӯз коллексияи рассомии он зиёда аз 400 000 мусаввара, маҳсули кандакорӣ ва нигораҳои аз асри XIV то имрӯзро дар бар мегирад.
Инчунин 13-уми июн Рӯзи мошини дарздӯзӣ таҷлил мешавад. Ин рӯз аз таърихи пайдоиши ин дастгоҳ, ки яке аз инқилобҳои соҳаи саноат дониста мешавад, маншаъ гирифтааст.

Аввалин идеяҳои сохтани мошинҳои дарздӯзӣ асри XV пайдо гардидаанд, ки ба Леонардо да Винчи тааллуқ доранд. 13 июни соли 1790 Томас Сент, ихтироъкор дар Англия барои тарҳи аввалин мошини дӯзандагӣ патент гирифт.
Имрӯз рӯзи ихтирои сӯзанак аст. 13 июни соли 1825 Уолтер Ҳант, механики амрикоӣ онро патент кард. Ӯро лозим буд, ки 15 доллар мепардохт, аммо ӯ пул надошт. Баъдан ӯ ҳуқуқи муаллифии ихтирояшро ба маблағи 400 доллар фурӯхт.

Ҳамчунин имрӯз Рӯзи гамбускаки маъруф ба “Ladybugs” аст. Ин санаи ғайрирасмӣ буда, ба хотири маъруф будани ин ҳашарот ин сана таъсис ёфтааст.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 13 ИЮНИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 19+24º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 22+27º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 15+20º гарм, рӯзона 28+33º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш ва дар баъзе навоҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст ва чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 27+32º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 33+35º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1+6º гарм, рӯзона 13+18º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 32+34º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 32+34º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 24+26º гарм.
Тарси ҷанг ва эҳсоси бегонагӣ. Чаро шарҳрвандии Русия барои муҳоҷирон дигар ҷолиб нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 июли соли 2025
Орди камғизо ва камхунии занон. Ҳукумат барои ҳалли ин мушкилот чӣ тадбир меандешад?
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд. Президент дар Деваштич кадом иншоотро ба истифода дод?
Ёдгориҳои “Хуттали Қадим” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Дар Душанбе мусобиқаи “Шоми бокс” баргузор мегардад
196 ё 72? Дар ҷанги Украина чанд шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд?
Ҷаримаи роҳбари ошхонаи “Кабир”-и пойтахт барои “дӯздӣ”-и барқ
Пешакӣ огоҳ кунед. Муҳоҷирони тоҷик барои сафар ба Русия чӣ гуна бояд омодагӣ гиранд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 июли соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста