ЧОРАБИНИҲОИ 20 ИЮН
- Имрӯз соати 11:00 дар Маҷористон марҳилаи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо байни дастаҳои омехта доир мегардад. Ҳамчунин соати 19:00 қувваозмоиҳои ниҳоӣ баргузор мешаванд.
- Имрӯз соати 10:00 дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон вобаста ба Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон, ки 8–10 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, брифинг доир мешавад. Дар он намояндагони ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ имкони иштирок доранд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 20 ИЮН
Соли 2008 – Дар Душанбе Сафорати Корея ифтитоҳ гардид
Соли 2017 – Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бузургтарин боғи обии Тоҷикистон – “Обшорон”-ро мавриди истифода қарор дод.
Соли 2018 – Дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” оғоз гардид.
Соли 2019 – Барои истифодаи симкортҳо бо мақсади содир намудани ҷиноят ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ карда шуд.
Соли 2020 – Дар Тоҷикистон пас аз ду моҳи мамнӯъият баргузории тӯйҳо ба шарти муқаррароти нав иҷозат дода шуд. Даъват намудани то 40 нафар ва риояи тадбирҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла бастани ниқоб барои ҳамаи иштирокдорон ва риояи масофаи иҷтимоӣ аз ҷумлаи шартҳои баргузории тӯйҳо буданд.
Соли 2024 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қонуни манъи воридоту фурӯшу ба бар кардани либоси “бегона” ва идгардак дар ҷашнҳои Рамазону Қурбонро имзо кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1908 – Мавлуди Нодир Шанбезода, шоири тоҷик.
Соли 1923 – Зодрӯзи Иброҳим Обидов, доктори илмҳои педагогӣ, профессор.
Соли 1937 – Мавлуди Академик Ҳабиб Сафаров, доктори илми биология, профессор.
Соли 1953 – Зодрӯзи Абдуҷаббор Ширинов, раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон ва сафири пешини Тоҷикистон дар Амрико.

Абдуҷаббор Ширинов яке аз амалдоронест, ки дар давраи раиси Бонки миллии Тоҷикистон буданаш номаш бисёр расонаӣ шудааст.
Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо ихтисоси “Математикаи амалӣ” ва “Молия ва қарз” буда, фаъолияташро ҳамчун муҳандиси барномасоз дар озмоишгоҳи ҳисоббарории ин донишгоҳ оғоз намудааст. Аз соли 1992 фаъолияти ӯ дар соҳаи бонкдорӣ оғоз гардид ва солҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон ва “Агроинвестбонк” дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Баъдан як муддат раиси Кумитаи давлатии назорати давлатии молиявӣ ва муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон буд.
Ширинов соли 2007 сафири Тоҷикистон дар Амрико таъин гардид ва то соли 2012 кор кард. Соли 2012 раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд ва моҳи августи соли 2015 ӯ ва тамоми муовинонаш аз вазифа озод шуданд. Гуфта мешавад, ки ӯ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа сабукдӯш гардид, аммо дар расонаҳо дар бораи фаъолияти минбаъадаи ӯ маълумоте пайдо нашуд.
Баъди сари мансаб омадани раҳбарияти нав аз ыумла бонк 200 кормандонро ихтисор карда, мошинҳои сабукравашро ба таври музояда ба фурӯш гузошт.
Соли 1956 – Зодрӯзи Холмаҳмад Холов, адабиётшиноси тоҷик.
Соли 1957 – Мавлуди Маҳмадназар Солеҳов, собиқ вазири умури дохилӣ ва додситони кулли Тоҷикистон.

Муҳаммадназар Солеҳов фаъолияти худро ба ҳайси хаткашони Додгоҳи собиқ ноҳияи Октябр (Фирдавсӣ)-и шаҳри Душанбе ва баъдан иҷрокунандаи ҳукмҳои Додгоҳи собиқ ноҳияи марказии Душанбе оғоз карда, пас аз як муддат кор дар дастгоҳи Додситонии кулли Тоҷикистон, ноиби додситони собиқ вилояти Кӯлоб ва соли 1988 додситони ноҳияи Конибодом таъйин шудааст.
Пас аз шикасти Ҳукумати Муросои Миллии Тоҷикистон дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба мақоми Додситони кулли Тоҷикистон баргузида шуд ва то соли 1995 дар ин вазифа кор кард.
Баъдан як муддат ноиби вазири умури дохилии Тоҷикистон, сардори дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, раиси Додгоҳи қонуни асосӣ ва раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон буд.
Ӯ моҳи ноябри соли 2006 ба курсии вазири умури дохилии Тоҷикистон нишаста, 29 январи соли 2009 аз ин мақом барканор шуд.
Тибқи иттилои расмии мақомот, Муҳаммадназар Солеҳов 17-уми июни соли 2009 ҳангоми амалиёти боздошташ худкушӣ кард.
Соли 1964 – Мавлуди Суҳроби Зиё, рӯзноманигори тоҷик, хабарнигори бахши форсии телевизиони ВВС дар Тоҷикистон.

Суҳроби Зиё аз зумраи хабарнигорони варзидаи тоҷик буда, солҳо дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ фаъолият кардааст.
Ӯ дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро соли 1986 ба унвони муҳаррири хурди шуъбаи барномаҳои сиёсии Телевизиони Тоҷикистон оғоз намудааст. Баъдан як муддат хабарнигори ҳафтаномаи “Оинаи зиндагӣ” ва ҳафтаномаи ҷамъиятӣ-сиёсии “Тоҷикистон” буд. Баъдан дар радиои Тоҷикистон ва дубора дар Телевизиони Тоҷикистон фаъолият кард.
Суҳроби Зиё солҳои 1994-1997 мухбири хабаргузории ИРНА дар Тоҷикистон буд. Моҳи майи соли 1997 дар асоси озмун ба унвони хабарнигор дар бахши форсии радиои Би-би-сӣ ба кор пазируфта шуд.
Солҳои 2002-2009 раиси дафтари ВВС дар Тоҷикистон буд. Аз моҳи январи соли 2009 то ҳоло рӯзноманигори аршад ва хабарнигори телевизиони форсии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Ӯ муаллифи чанд китоб низ ҳаст, аз ҷумла соле пеш китоби ӯ бо унвони “Муждаи субҳ” ба чоп расид, ки маҷмӯаи очерку мусоҳибаҳои ӯ бо чеҳраҳои шинохтаи илму адаби кишварро фаро мегирад.
Соли 1971 – Зодрӯзи Нозим Қаландаров, аксбардори шинохтаи тоҷик.

Аз рӯи ихтисос физик буда, соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ӯ аз хурдӣ ба аксбардорӣ шавқу рағбат пайдо карда, бо аксбардори тамғаи "ФЭД", ки он замон барои бисёриҳо ифтихор буд, сурат мегирифт. Баъдтар шуғли ӯ ба як касб табдил ёфт. Соли 2002 Нозим Қаландаров ба “Азия-Плюс” ба кор омад ва то ҳол ҳол ҳамкорӣ дорад.
Аксҳои ӯ дар ҷашворҳаои бузурги дохиливу хориҷӣ ҷойҳои намоёнро касб карда, китобу тақвим ва девораҳои бисёриҳоро оро медиҳанд.

Соли 2013 – Ҳалим Ёров, Ҳофизи халқии Тоҷикистон дар 66-солагӣ даргузашт.
Ҳалим Ёров хатмкардаи Институти педагогии Хуҷанд буда, баъди он се сол дар Филармонияи давлатӣ овозхонӣ кардааст. Солҳои 1970-1972 директори хонаи маданияти ноҳияи Айнӣ будааст. Баъдан беш аз 35 сол дар деҳаи Зосуни ин ноҳия муовини директор ва директори мактаб будааст.
Ӯ тӯли ин солҳо лаҳзае аз мусиқӣ канора нагирифта, таронаҳо офаридааст.

“Ноз макун”, “Рӯди Сир”, “Ба ҳасрат меравам”, “Биё”, “Ишқи гумкарда”, “Бахт чист”, “Ишқи Дилшод” барин сурудҳояш хуш истиқбол ёфтаанд.
Соли 2022 – Ҳомид Маҷидов, забоншиноси тоҷик дар 85-солагӣ аз олам чашм баст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии гурезагон аст, ки соли 2000 бо қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ шудааст.

Гурезагон ва муҳоҷирони маҷбурӣ онҳоеанд, ки бо сабаби таъқиб ба хотири нажод, дин, миллат, ақидаҳои сиёсӣ ё мансубият ба гурӯҳи иҷтимоии муайян аз кишварҳои худ фирор кардаанд ва наметавонанд ё намехоҳанд ба Ватан баргарданд.
Бисёр одамон инчунин бар асари офатҳои табиӣ ё фалокатҳои техногенӣ гуреза мешаванд. 80 дарсади гурезагонро дар ҷаҳон занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд. Ҳоло дар ҷаҳон тақрибан 22,5 миллион гуреза ва 25 миллион аҳолии интиқолдодашуда ба қайд гирифта шудаанд. Чоряки онҳо аз кишварҳои Сурия ва Ироқ мебошанд. Низоъ дар Сурия боис шуд, ки 11 миллион нафар манзили худро тарк намоянд.
Ҳамчунин, имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи филҳо дар боғҳои ҳайвонот таҷлил мешавад. Ҳомиёни табиат мардумро ба таваҷҷуҳ ба мушкилоти ин ҳайвоноти азимҷусса даъват мекунанд.

Бори аввал Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи филҳо дар боғҳои ҳайвонот соли 2009 таҷлил гардид. Он замон фаъолон озод кардани ҳамаи филҳои ҷаҳонро аз асорат ҳадафи асосии худ қарор доданд.
Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии Wi-Fi низ таҷлил мешавад. Ин сана ташаббуси ҷаҳонист, ки ҳадафаш бартараф кардани нобаробариҳои рақамӣ аст.
Ин пешниҳод аз ҷониби Эътилофи бесими васеъҳудуд (WBA) муаррифӣ шуда, зарурати андешидани чораҳо барои ҳалли мушкилоти то ҳол мавҷудаи дастрасӣ ба интернети баландсуръат дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва ҷаҳони сеюмро таъкид мекард.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 20 ИЮНИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 22+27º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва хокбориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 22+27º гарм, рӯзона 37+42º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кутоҳмуддат борида, чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 33+35º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+7º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар баъзе минтақаҳо то 20+22º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кутоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 34+36º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 38+40º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 28+30º гарм.
Пагоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳо баста мешаванд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояҳои Антон Чехов. Аз зери пилла ба авҷи қулла
Аз либосу паҳпод то чархбол. Дар намоишгоҳи маҳсулоти нассоҷӣ ва дигар молҳои Тоҷикистону Қирғизистон чӣ ба маъраз гузошта шуд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 июли соли 2025
Аз фурудгоҳ то Донишгоҳи аграрӣ. Кӯчаҳои асосии Душанбе барои се моҳ баста мешаванд
15 рӯз мӯҳлат ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ барои тарки Тоҷикистон. Кумитаи паноҳҷӯён гуфт, касе шикоят накардааст
“Сомон-Эйр” ҳам парвозҳо миёни Душанбе ва Теҳронро барқарор мекунад
Рақобатҳо барои унвон дар Ҳисору Тошканд. Кӣ дар "CAFA Nations Cup-2025" қаҳрамон мешавад?
Сабтином барои кор дар Корея оғоз гардид. Ба куҷо ва бо кадом ҳуҷҷатҳо бояд муроҷиат кард?
Дар Тоҷикистон 343 гектар заминҳои партофташуда ба гардиши кишоварзӣ баргардонида шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста