ЧОРАБИНИҲОИ 21 ИЮН

- Имрӯз ва пагоҳ дар бинои Театри давлатии академии Лоҳутӣ дар Душанбе чорабинии “Бозори маҳалли ҳунармандон” (АРТЕЛЬ LOCAL BAZAAR) баргузор мегардад. Он аз соати 14:00 то 22:00 идома мекунад.

Дар ин чорабинӣ маҳсулоти хӯрокворӣ, молҳои хона ва ороишӣ, маҳсули кулолгарӣ, либос ва лавозимот, ҷавоҳирот ва маҳсулоти зебоӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Вуруд озод аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 21 ИЮН

Соли 1992 – Дар ноҳияҳои Вахш ва Бохтари вилояти Қӯрғонтеппа нахустин задухӯрдҳои мусаллаҳона сурат гирифтанд, ки ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон замина гузоштанд.

Соли 2003 – Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Маскав боздошт гардид. Баъди чанде озод ва дубора бедарак шуд. Соли 2004 маълум шуд, ки ӯ ба Тоҷикистон оварда шуда, ба зиндон маҳкум гардидааст.

Ӯ баъди 13 соли зиндон, дар ҳамин рӯзи соли 2016 аз маҳбас озод гардид.

Соли 2007 – Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи авф”, ки ба ифтихори 10-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ қабул шуда буд, ба иҷро даромад.

Соли 2012 – Дар вилояти Боткен сокинони деҳаи марзии Қарабак 16 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар бозори “Равоти кабуд”-и Боткен савдо мекарданд, гаравгон гирифтанд. Пас аз чанд рӯз онҳо озод карда шуданд.

Соли 2016 – Иттиҳодияи фаронсавии “Ашан” дар шаҳри Душанбе аввалин фурӯшгоҳи бузурги (супермаркет) худро ифтитоҳ кард. Дар маросими кушодашавии он Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ширкат дошт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1934 – Мавлуди Анвар Тӯраев, ҳунарпеша ва коргардони синамои тоҷик.

Анвар Тӯраев

Анвар Тӯраев дар рушди синамои тоҷик нақши бориз дорад ва солҳо Иттифоқи синамогарони Тоҷикистонро раисӣ ҳам кардааст. Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи Шепкини Маскав буда, фаъолияти худро дар Театри давлатии ба номи Лоҳутӣ оғоз намудааст. Баъдан дар киностудияи “Тоҷикфилм” ба фаъолият пардохт ва 20 сол, аз соли 1970 то соли 1990 коргардони ин студия буд. Соли 1991 раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон таъин шуда, то соли 1996 фаъолият кард ва баъдан ба Алмоти кӯчид.

Ӯ дар якчанд филмҳои синамои тоҷик, аз ҷумла, “Тӯҳфаи тақдир”, ”Вохӯрӣ дар назди масҷиди кӯҳна”, “Вазифаи баланд” ва “Ситорае дар шаб” ҳамчун ҳунарпеша нақш офаридааст. Ҳамчунин, як қатор филмҳоро рӯйи саҳна овардааст, аз ҷумла “Духтари сеюм”, “Ишқи аввалини Насриддин”, “Гузаштаатро фол бин”, “Ман писанди ӯ”, “Ҳамла”, “Дарди ишқ”, “Тӯҳмат” ва ғайра.

Соли 1936 – Зодрӯзи Давлатхӯҷа Исмоилов, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Соли 1941 – Мавлуди Маҷнун Баротов, навозанда ва оҳангсози суннатӣ.

Соли 1954 – Мавлуди Саидбурҳон Икромӣ, нависандаи тоҷик.

Соли 1960 – Зодрӯзи Исматулло Холиқов, овозхон ва оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Исматулло Холиқов

Исматулло Холиқов хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода буда, муддате дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ сарояндагӣ кардааст. Солҳои 1982-1992 дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа (Бохтари ҳозира) фаъолият намудааст.

Баъдан дар дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, аз ҷумла “Гулшан” сароянда ва роҳбари бадеӣ будааст.

Таронаҳои “Дидам санаме”, “Холакат дона-дона”, “Сафое надорад”, “Чашми пурхумор”, “”Нигаҳбонат худо бодо”, “Майда-майда”, “Вахши ман”, “Ёри хушандом” аз зумраи беҳтарин таронаҳои ӯ мебошанд.

Соли 1968 – Зодрӯзи Фирӯза Раҳмонова, ҳунарпешаи театру синамо.

Фирӯза Раҳмонова

Фирӯза Раҳмонова бо иҷрои як қатор нақшҳои дурахшон дар синамои тоҷик симои худро муаррифӣ кардааст. Ӯ, ки чанд соли охир дар Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский ҳунар меозмояд, қаблан дар театр-студияи “Нимҷазира” фаъолият доштааст.

Ӯ дар намоишномаҳои “Антигона”, “Утоқи хурд бо пешайвони калон”, “Рустам ва Сӯҳроб”, “Субҳидами ин ҷо сокит аст”, “Хоб дар шаби тобистон” нақшҳои муассир офаридааст.

Дар синамо бошад, дар филмҳои бадеии “Мо кистем?” “Паймон”, “Маро бубахш”, “Пайроҳаи мураббӣ” ва “Дов” нақш офаридааст.

Соли 2018 – Раҳим Масов, таърихнигори маъруфи тоҷик дар 79-солагӣ даргузашт.

Раҳим Масов

Академик Раҳим Масов аз камтарин рӯшанфикрони тоҷик дар поёни қарни XX ва аввали XXI буд, ки дар қазоват ба ҳаводиси таърихӣ ва сиёсатгузориҳои рӯзгораш бештар аз диди адолати илмӣ, ҷасорати шахсиятӣ ва шаҳомати ахлоқӣ бархӯрд мекард. Ин ҷанбаи шахсиятияш ӯро аз дигар ҳамтоён, хусусан ҳамкоронаш дар Академияи улум ва донишгоҳҳо фарқкунанда карда буд.

Ӯ соли 1961 риштаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, то поёни умр дар Пажӯҳишгоҳи таъриху мардумшиносии Академияи улум кор кард. 27 сол, яъне то соли 2015 раҳбари ин Пажӯҳишгоҳ буд.

Соли 1991 китоби “Таърихи табартақсим”-и академик Масов ба нашр расид, ки пушти саҳнаи таърихнигории шӯравӣ, аз ҷумла тақсимоти милливу ҳудудӣ дар Осиёи Марказӣ ва ташкили кишварҳое чун Тоҷикистону Ӯзбекистону Қазоқистону Туркманистонро ошкор мекард. Ин асар, ки фарогири асноду мадорики то ин вақт барои доираҳои илмӣ дастнорас буд, ба Масов шӯҳрати зиёде овард ва ӯро барои суханронӣ ба донишгоҳҳои маъруфи кишварҳои Ғарб даъват карданд.

Раҳим Масов 21 июни соли 2018 дар 79-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Пиромуни фаъолияту эҷоди ин донишманди шинохтаи тоҷик дар маводи “Раҳим Масов: душмани таърихсозиҳои дурӯғин” мутолиа кунед.

Соли 2024 – Парда Қосим, овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон дар 76-солагӣ даргузашт.

Парда Қосим соли 1965 Омӯзишгоҳи ҷумҳурияви маданӣ - равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ)-ро хатм карда, беш аз 30 сол сароянда ва роҳбари бадеии ансамбли тарона ва рақси “Шодӣ”-и ноҳияи Панҷ ва аз соли 1998 овозхони дастаи рақсии “Лола” буд.

Парда Қосим осори шуарои классик ва муосири тоҷикро оҳанг бастааст. Таронаҳои маъруфаш “Бародарам”, “Тоҷикистон аз манӣ”, “Ман масту ту девона”, “Эй ошиқон”, “Юсуфи гумгашта”, “Сурӯши Сталинград”, “Доғи ғурбат”, “Наврӯзи оворагӣ”, “Бӯса ба дарё задам” ва ғайра мебошанд.

Ӯ соле пеш дар 76-солагӣ даргузашт. Маросими видоъ бо ҳунарпешаро дар гузориши "Азия-Плюс" бо номи  “Ҳастиаш ҳунар буд". Парда Қосимро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд” тамошо кунед.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии инсондӯстӣ қайд мегардад. Гарчанде ки ин рӯз мақоми расмии байналмилалӣ надорад, вале аз ҷониби созмонҳои гуногуни гуманистӣ эътироф шудааст. Ин созмонҳо ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, пуштибонии андешаҳо пиромуни адолати иҷтимоӣ, сулҳҷӯӣ, эҳтироми шаъну шарафи инсон ва баробарҳуқуқиро ҳадафи худ қарор додаанд.


Ҳамасола 21-уми июн ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии гидрография таҷлил мешавад. Ин рӯз соли 2006 бо ибтикори Созмони байналмилалии гидрографӣ (IHO) таъсис ёфт.

Гидрография илми омӯзиш ва тасвир кардани хусусиятҳои физикии обҳои рӯизаминӣ (баҳрҳо, уқёнусҳо, кӯлҳо, дарёҳо ва обанборҳо) мебошад. Он барои киштигардӣ, иншооти соҳилӣ, корҳои ҳарбӣ-обӣ, тадқиқоти илмӣ ва таъмини бехатарии роҳҳои обӣ аҳамияти калон дорад.


Имрӯз ҳамчунин Рӯзи байналмиллаии “йога” таҷлил мегардад. Ин сана аз соли 2014 бо қарори Маҷмааи Умумии СММ ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи ин рӯз баланд бардоштани огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи аҳамияти йога ва тарғиби он ҳамчун ҷузъи тарзи ҳаёти солим аст.

Йога ин машқи қадимаи ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва маънавист, ки реша дар фарҳанги Ҳиндустон дорад. “Йога” аз калимаи санскрит гирифта шуда, маънои “пайванд”, “ваҳдат” ё “иттиҳод”-ро дорад ва робитаи тан ва шуурро ифода мекунад.


Имрӯз ҳамчунин Рӯзи байналмилалии скейтбординг аст. Скейтбординг намуди варзиш ва машғулиятест, ки шахс бо тахтае, ки дар зери он чархчаҳо насб шудаанд, ҳаракат мекунад.


21-уми июн рӯзи дарозтарини сол аст. Дар ин рӯз Офтоб дар баландтарин нуқтаи худ дар осмон қарор мегирад ва давомнокии рӯз ба ҳадди аксар мерасад ва шаб кӯтоҳтарин мешавад. Ин рӯз оғози тобистон дар нимкураи шимолӣ аст.

Ассамблеяи Генералии СММ соли 2019 ин рӯзро ҳамчун Рӯзи байналмилалии таҷлили рӯзҳои офтобӣ муқаррар кардааст.


21-уми июни соли 1948 нахустин барномаи компютерӣ бо меъмории фон Нейман ба кор даромад. Вазифаи ин барнома ҳалли масъалаи оддии математикӣ – ёфтани бузургтарин тақсимкунандаи ададҳо буд.

Ин рӯйдод оғози давраи нави рушди технологияҳои компютерӣ дониста мешавад, зеро нишон дод, ки имкон дорад компютерҳо бо барномаҳое кор кунанд, ки дар хотираи онҳо сабт шудаанд. Дар асоси ҳамин меъморӣ тамоми компютерҳои муосир бунёд ёфтаанд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 21 ИЮНИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ  ва чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 23+28º гарм, рӯзона 38+43º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 31+36º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 33+35º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+7º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар баъзе минтақаҳо то 20+22º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш ва чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 28+30º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.