ЧОРАБИНИҲОИ 22 ИЮН

- Дар боғи “Ирам”-и шаҳри Душанбе бо иштироки деҳқнонону боғдорон аз тамоми манотиқи кишвар ҷашни “Тиргон” бо баргузории “Иди зардолу” ва намоиши “Хушкмеваи Тоҷикистон” таҷлил мегардад.

- Дар бинои Театри давлатии академии Лоҳутӣ дар Душанбе чорабинии “Бозори маҳалли ҳунармандон” (АРТЕЛЬ LOCAL BAZAAR) идома меёбад. Он дирӯз оғоз гардида буд ва имрӯз аз соати 14:00 то 22:00 давом мекунад.

Дар ин чорабинӣ маҳсулоти хӯрокворӣ, молҳои хона ва ороишӣ, маҳсули кулолгарӣ, либос ва лавозимот, ҷавоҳирот ва маҳсулоти зебоӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Вуруд озод аст.

- Дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ду намоишнома ба саҳна гузошта мешавад. Соати 14:00 намоишномаи “Фазои кушод”-и Мирзоюсуф Аҳмадов ва соати 16:00 намоишномаи “Афсона дар бораи сулҳ, ки онро ду санг нақл мекунанд”-и Наталя Ли ба саҳна гузошта мешаванд.

Дар саҳнасозии ин асарҳо ҳунармандон ва коргардонҳои Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Тӯҳфа Фозилова (Конибодом), Театри давлатии мусиқии тамошобинони наврас ба номи О. Назаров (Хуҷанд) ва Театри мусиқӣ-комедияи ба номи Камоли Хуҷандӣ иштирок мекунанд. Ин намоишҳо дар доираи фестивали драматургҳои ҷавони Осиёи Марказӣ дар Хуҷанд сурат мегиранд.

- - Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи “Рӯбоҳаки ҳилагар” ба саҳна гузошта мешавад. Намоиш дар жанри афсона таҳия шуда, ҳунармандон Геран Одинаева, Гулнисо Саидалиева ва Вайсиддин Сатторов нақш офаридаанд. Пеш аз оғози намоиш дар толори ошёнаи якум шоу-барнома низ намоиш дода мешавад. Нархи чипта 20 сомонӣ аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 22 ИЮН

Соли 1958 – Дар Душанбе чойхонаи маъруфи “Роҳат” ба фаъолият оғоз намуд. Ин чойхона яке аз рамзҳои фарҳангии пойтахт ҳисоб мешуд. Баҳси тахриби ин бино чанд сол боз идома дошт ва соле пеш масъулони Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки чойхонаи “Роҳат” ва Театри Лоҳутӣ дар маркази шаҳри Душанбе тахриб мешаванд. Моҳи марти имсол ин бинои таърихӣ тахриб шуд.


Соли 2001 – Дар канораи Душанбе, минтақаи Теппаи самарқандӣ амалиёти низомие бо номи шартии “Барқ” оғоз шуд. Амалиёт алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ таҳти роҳбарии Раҳмон Сангинов (Раҳмон Ҳитлер) ва Мансур Муаккалов равона буд. Дар пайи он, роҳбаронни ин гурӯҳ маҳву чанде аз аъзоёни он боздошт шуданд.

Соли 2003 – Дар Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида шуд.

Соли 2020 – Парлумони кишвар ба Қонун “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” тағйирот ворид намуд, ки мувофиқи он минбаъд дар низоми Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии давлатӣ кору фаъолият кардани хешовандони наздик дар як ҷо манъ карда шуд.

Соли 2023 – Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо, аз ҷумла  “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи таъмини ченаки ягона” , “Дар бораи алоқаи барқӣ” ва “Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ” имзо гузошт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1936 – Мавлуди Иззатулло Ҳаёев, раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, сарвазири пешини Тоҷикистон.

Иззатулло Ҳаёев

Ҳаёев дар қатори Ғоибназар Паллаев ва Қаҳҳор Маҳкамов аз шахсиятҳои калидии сиёсии аввали солҳои 90-уми қарни гузашта буд. Ӯ аз соли 1986 то соли 1990, яъне то ҳаводиси баҳманмоҳи хунин раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон буд. Дар пайи кушта шудани 25 нафар дар 12-уми феврали соли 1990, ки дар таърихи навини Тоҷикистон бо номи “баҳманмоҳи хунин” ёд мешавад, ҳамроҳ бо котиби аввали Кумитаи марказӣ - Қаҳҳор Маҳкамов ва раиси раёсати Шӯрои олӣ, парлумони вақти Тоҷикистон - Ғоибназар Паллаев ба истеъфо рафт.

Иззатулло Ҳаёев корро аз вазифаи корманди Кумитаи иҷроияи вилояти Ғарм ва нозири Вазорати молия шурӯъ карда, баъдан вазири кишоварзии ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд.

Вай ба ҳайси муовини сардори шӯъбаи Кумитаи назорати халқии ҶШС Тоҷикистон, вазири саноат ва гӯшти Тоҷикистон, котиби аввали кумитаи ҳизби минтақавии Кӯлоб, раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон, ноиби раисҷумҳури Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва нахуствазири Тоҷикистон кор кардааст.

Баъд аз истиқлоли Тоҷикистон ӯ чанд муддат - аз соли 1994 то 4-уми феврали соли 1996 - раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент ва ҳамзамон муовини нахуствазири Тоҷикистон буд.

Номбурда моҳи апрели соли 2015 дар 79-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1977 – Зодрӯзи Алишери Муҳаммадӣ, шоир, мутарҷим ва мунаққиди тоҷик.

Соли 2012 –Шавкат Халилов, директори ширкати “Телеком Техноложи”, ки аввалин интернет-провайдери Тоҷикистон аст, дар 51-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

22-юми июни соли 1941 яке аз санаҳои тақдирсоз дар таърихи ҷаҳон ва хусусан кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор меравад. Дар ин рӯз Олмони фашистӣ бидуни эълони ҷанг ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла кард.

Ҳамин рӯз дар Иттиҳоди Шӯравӣ оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ эълон шуд, ҷанге, ки 1418 рӯз идома ёфт. Дар натиҷаи ин ҷанг Иттиҳоди Шӯравӣ талафоти сангин дид: тақрибан 27 миллион шаҳрванд, аз ҷумла ҳарбиён ва аҳолии осоишта ҷони худро аз даст доданд.


22-юми июн ҳамчун Рӯзи хотира дар қаламрави аксар кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таҷлил мешавад. Он ба ёди шаҳидон ва қурбониёни ҷанг бахшида шудааст.

Аз Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба ҷабҳа фиристода шуданд. Аз ин теъдод, тақрибан 100 ҳазор нафар дар майдонҳои ҷанг ҷон бохтанд. Ба 65 нафар тоҷикон, ки иштирокдори ҷанг буданд, унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Тибқи охирин маълумот, ҳоло дар кишвар 17 иштирокчии ҷанг дар қайди ҳаётанд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 22 ИЮНИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи бориши борон ва раъду барқ пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 25+30º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 23+28º гарм, рӯзона 38+43º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 35+37º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 20+22º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: шабона 24+26º гарм, рӯзона 37+39º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.