Пагоҳ, 8-уми июл Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Сафари ӯ ба кишвари мо ду рӯз, то 9-уми июл давом карда, дар доираи он вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон, имзои санадҳои ҳамкорӣ ва дар ҳошияи он, баргузории чорабиниҳои иқтисодиву фарҳангӣ дар назар аст.
Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон
Ҳоло як гурӯҳ соҳибкорони қирғиз ба Тоҷикистон омаданд ва дар назар аст, ки имрӯз,7-уми июл аз бархе ширкатҳои Тоҷикистон боздид кунанд. Онҳо намояндагони 8 ширкати тиҷорӣ, 6 ширкати саноатӣ ва 5 ширкати сайёҳии Қирғизистон мебошанд.
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки рӯзи 8-уми июл, соати 14:00 дар маҷмааи “Кохи Истиқлол” форуми сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон доир хоҳад шуд.
Мақсади баргузории форум “таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон” гуфта мешавад.
Дар доираи форум, пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ, мулоқотҳои “B2B” ва мунозираҳои панелӣ дар назар аст.
Ҳамчунин рӯзи 8-уми июл, соати 9:00 дар “Маркази ЭКСПО-Душанбе” намоишгоҳи Қирғизистон ифтитоҳ мегардад ва давоми рӯз имкони боздид аз он фароҳам аст.
Барномаи фарҳангии “Дӯстии абадӣ” дар Кохи “Борбад”
Ҳамчунин, дар назар аст, ки дар доираи сафари раисҷумҳури Қирғизистон, шоми 8-уми июл бо ширкати ҳунармандони ду кишвар дар Кохи “Борбад”-и Душанбе барномаи фарҳангии “Дӯстии абадӣ” баргузор шавад. Бо ин мақсад, як рӯз пештар дастаҳои ҳунарии Қирғизистон ба Тоҷикистон омаданд.
Мирзоолим Саидов, сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанг дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт интизор меравад, ки дар барномаи консертӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров, сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ширкат варзанд.
Манбаъ гуфт, ба эҳтимоли зиёд консерти “Дӯстии адабӣ” соати 18:00 баргузор мешавад.
Ҳамчунин, рӯзи 9-уми июл, соати 18:00 дастаи ҳунарии Қирғизистон дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ барномаи консертӣ доир мекунад.
Ёдрас мешавем, ки дар бораи сафари Содир Жапаров ба Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқоти Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш маълум шуд. Гуфта мешуд, дар доираи ин сафар ҷонибҳо масоили кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ мекунанд.
Зимнан, баъди ҳалли баҳсҳои марзӣ дар минтақа, ки дар солҳои гуногун боиси муноқишаҳо ва изтиробу ташвиши сокинон гардида буд, муносибатҳои ду кишвар аз нав гарм шуданд.
Баъди қариб чаҳор соли баста будани сарҳад, моҳи марти соли 2025 миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон созишнома оид ба сарҳад имзо шуд. Рӯзи 31-уми март дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид, ки ҳунармандону аҳли фарҳангу зиёи Қирғизистон низ дар он иштирок намуданд.






Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста