Дар пайи 202 садами нақлиётӣ дар ним сол дар вилояти Хатлон 131 нафар ҳалок шуда, 212 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора пулиси Хатлон иттилоъ дода, садамаҳои нақлиётӣ дар ин вилоятро изтиробангез хондааст.
Ҳамзамон, ин ниҳод омор ва сабабу омилҳои рух додани садама, синну соли ҳалокшудагон ва вақту соатҳои садамаҳоро нашр кардааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, сабаби асосии садамаҳои маргбор дар роҳҳои Хатлон рондани мошин бо суръати баланд аст, ки 46% садамаҳоро ташкил медиҳад.
Дар баргаҳои зерин дар бораи ин садамаҳо муфассал маълумот медиҳем:
Бояд зикр кард, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар садҳо нафар ҳалок ва ҷароҳат мебардоранд. Аз рӯи омори расмӣ давоми соли гузашта дар кишвар 1 ҳазору 233 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин дар муқоиса бо соли 2023, 122 ҳолат (соли 2023 – 1 ҳазору 111 садама) бештар будааст.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2026
Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста