ЧОРАБИНИҲОИ 8 АВГУСТ
- Имрӯз нишастҳои матбуотӣ барои нимсолаи аввали соли 2025 ҷамъбаст мегарданд. Дар рӯзи охирин дар вазорату идораҳои зерин нишасти хабарӣ доир мегардад:
- Додситонии кул (8:00);
- Вазорати молия (09:00);
- Кумитаи андоз (11:00);
- Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (10:00);
- Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (09:00);
- Филиали Донишкадаи энергетикии Маскав (10:00).
- Дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 20-сола идома дорад. Тими миллии занонаи то 20-солаи Тоҷикистон шомили гурӯҳи “С” шуда, бо дастаҳои Австралия, Тайпэйи Чин ва Фаластин рақобат хоҳад кард.
Бозиҳои интихобӣ дар ин гурӯҳ то 10-уми август идома мекунанд. Дастҳои зинаи аввали гурӯҳҳо ва се тими беҳтарини зинаи дуюм ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
- Дар Хуҷанд дар осмони кушоди боғи Абумаҳмуди Хуҷандӣ ҳафтаи “Ҳаводорони илми афлок” идома дорад. Намоиш то 10-уми август давом мекунад. Сокинону меҳмонон метавонанд ҳамарӯза соатҳои 21:00 ва 22:00 бо истифода аз телескоп Моҳ, Сатурн ва ситораҳои дурахшонро мушоҳида карда, кайҳонро тамошо кунанд.

Ҳамзамон барои кӯдакон баргузории фестивалҳои роботатехникӣ, ракета-шоу, авиамоделӣ ва аквагрим низ ба нақша гирифта шудааст. Ҳаводорони илми афлок, меҳмонону сокинони вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд метавонанд давоми ҳафта ба Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ омада, намоиши барномаҳоро ройгон тамошо намоянд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 8 АВГУСТ
Соли 2006 – Ба муносибати 15-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои намунаи нав ба муомилот бароварда шуданд.
Соли 2006 – Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон пас аз таъмиру бозсозӣ мақбараи Султони Увайси Қаранӣ, ки яке аз маконҳои зиёрати сайёҳони дохилию хориҷӣ аст, боз гардид.
Соли 2011 – Дар бозори бузургтарини пойтахт – “Корвон” сӯхтори навбатӣ сар зад.
Соли 2019 – Дар кӯчаҳои Душанбе аввалин маротиба дар таърихи кишвар автобуси дуошёна ба ҳаракат оғоз кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1911 – Зодрӯзи Ҳомид Обидӣ, шоир ва рӯзноманигори тоҷик.
Соли 1935 – Мавлуди Насим Раҷаб, нависандаи тоҷик.

Насим Раҷаб баъди хатми Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба Душанбе омада, дар рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” (ҳозира “Анбоз”) ба кор пардохт ва беш аз 50 сол дар ин рӯзнома кор кард.
Ӯ муаллифи як қатор асарҳои бадеӣ аст. Нахустин қиссаи ӯ “Рӯзномае, ки бояд навишта мешуд” унвон дошта, аз ҳаёту маънавиёти наврасон ҳикоя мекунад. Силсилаи қиссаҳояш “Ҷонам фидои яхмос”, “Фара, Фира, Зара”, “Муаттар”, “Муаллими кӯча”, “Ошиқи ситорачашм”, “Асрори боғи бобом”, “Хонае, ки сӯяш мешитобам”, “Муждае, ки интизораш набуд”, “Ишқи духтари яҳудӣ” аз ҷониби кӯдакону наврасони кишвар хуш пазируфта шудаанд.
Ӯ муаллифи қариб 100 қиссаву ҳикоя ва драмаву очеркҳои бадеӣ, аз ҷумла драмаи “Ниқор”, “Марги оҳанпорағундориатон” аст.
Насим Раҷаб дар тарҷума низ дасти қавӣ дорад. Тарҷумаи асарҳои “Муму”-и С. Тургенев, “Баргҳои хазон”-и Зайниддин Дӯстматов ба забони тоҷикӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Номбурда 6-уми январи соли 2023 дар 87-солагиаш даргузашт.
Соли 1951 – Зодрӯзи Бобоназар Ғаффор, олими шинохтаи тоҷик, муаррих.
Соли 1959 – Мавлуди Саидбурҳон Абдураҳмонзода, собиқ раиси ноҳияи Дарвоз/
Соли 2021 – Истадой Муҳаммадҷонова, ҳунарпешаи театр ва овозхони тоҷик дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт.

Истадой Муҳаммадҷонова соли 1953 дар оилаи ҳунарманд дар Конибодом ба дунё омадааст. Фаъолияти кории ӯ соли 1969 дар театри мусиқӣ драмавии шаҳри Конибодом оғоз ёфт ва ӯ 50 сол дар ин театр ба фаъолияти ҳунарӣ машғул буд.
Ӯ дар намоишномаҳои “Ошӯби рӯзгор”, “Тошболтаи ошиқ”, “Муаллим”, “Зафар ва Заррина” нақшҳои ҷолиб офаридааст. Ӯ дар овозхонӣ низ муваффақ буда, дар саҳна ҳам нақш иҷро мекардааст ва ҳам тарона месароид.
Ӯ 8-уми августи соли 2021 дар 68-солагӣ даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Рӯзи 8-уми август ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии гурбаҳо таҷлил мешавад. Ин ҷашн соли 2002 аз ҷониби Бунёди байналмилалии ҳифзи ҳайвонот таъсис ёфтааст. Ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти гурбаҳои бепаноҳ ва беҳимоят мебошад.

8-уми август, ҳамасола ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба хотираи ду кӯҳнаварди шветсарӣ – духтур Мишел-Габриэл Паккар ва роҳбалад Жак Балма вобаста аст. Маҳз онҳо 8-уми августи соли 1786 аввалин шуда, ба қуллаи Монблан, баландтарин нуқтаи кӯҳҳои Алп (бо баландии 4810 метр) баромаданд.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи байналмилалии чашмпизишкӣ таҷлил мегардад. Чашмпизишкӣ ё офталмология як соҳаи тиб аст, ки ба таҳқиқ, ташхис ва табобати бемориҳои чашм машғул аст. Мутахассиси ин соҳаро офталмолог ё табиби чашм (чашмпизишк) меноманд.
Ин рӯз ба шарафи Свиатослав Фёдоров, зодрӯзи табиби маъруф, академик ва ҷарроҳи чашми рус бахшида шудааст. Ӯ дар соҳаи табобати бемориҳои чашм дастовардҳои бузург дошт ва соли 1994 ҳамчун барҷастатарин офталмологи асри XX шинохта шуд.

8-уми августи соли 1899 Алберт Маршалл, ихтироъкори амрикоӣ барои нахустин яхдони муосир патент гирифт. То он замон, одамон барои нигоҳ доштани маҳсулот бештар аз яхдонҳои дастӣ, ки бо ях ва муҳаррики ҳароратии беруна кор мекард, истифода мекарданд. Яхдонҳои аввалин масрафи зиёд доштанд ва бо ҳезум, ангишт ва керосин кор мекарданд.
Соли 1911 ширкати “General Electric” истеҳсоли яхдонҳои навро оғоз кард, вале онҳо садои зиёд доштанд ва бӯйи ногувор мебароварданд. Танҳо соли 1926 муҳандиси даниягӣ Стиндруп яхдони бебӯй ва беовоз ихтироъ кард, ки он зуд ба як таҷҳизоти маишии маъруф табдил ёфт.

8-уми август ҳамасола ҳамчун Рӯзи байналмилалии “бесарҳадӣ” таҷлил карда мешавад. Ҳадафи ҷашн тарғиби озодии андеша, фалсафа, илм ва санъат дар саросари ҷаҳон гуфта мешавад.
Ин ҷашнро соли 1987 файласуфи амрикоӣ Жан-Пер Ади Фено пешниҳод карда буд. Ӯ нависанда, шоир, рассом, ҳунарпеша, мусиқидон ва роҳбари лоиҳаҳои бадеии аудиовизуалӣ мебошад.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 8 АВГУСТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 24+29º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 30+35º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 30+35º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8º гарм, рӯзона 18+23º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 37+39º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 32+34º гарм.




Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста