ЧОРАБИНИҲОИ 16 АВГУСТ

- Имрӯз дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ва маснуоти ҳунарҳои мардумии вилояти Суғди Тоҷикистон доир мегардад.

Соҳибкорони вилояти Суғд зиёда аз 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту мева, хушкмева ва чормағз, инчунин, дигар зироатҳои полизии худро, ки минтақа бо онҳо маъруф аст, ба шаҳри Остонаи Қазоқистон мебаранд.

Меҳмонону сокинони инр шаҳр имрӯз ва пагоҳ дар ярмарка метавонанд маззаи таъомҳои миллиро чашида, инчунин аз фазои бозори шарқӣ бо рафу дӯконҳои савдои ҳарранга, бӯйи хӯришҳову мусиқии зинда ҳаловат баранд.

- Имрӯз соати 10:00 дар “IT-парк”-и Душанбе ҳамоиши “AI NEXT FORUM” баргузор мешавад, ки ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи соҳибкорӣ, технологияи молиявӣ ва зиндагии ҳаррӯза бахшида шудааст. Дар ҳамоиш 10 коршинос суханронӣ мекунанд.

- Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино, олим, файласуф ва мунаҷҷими машҳури халқи тоҷик намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” идома дорад. Намоишгоҳ дирӯз, 14-уми август ифтитоҳ гардид ва шаҳрвандони кишвар ва меҳмонон имкон доранд, ки то 1-уми сентябр аз он боздид кунанд.

Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 80 осори таърихию фарҳангие, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Абуалӣ ибни Сино, ба монанди асарҳои санъати тасвирӣ, кандакорӣ,  рангдонҳои сафолӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ, абзори тиббӣ, сиккаҳои ҷашнӣ, сӯзанӣ, муҷассамаҳои сафолӣ, биринҷӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ ва дигар осори аҳамияти осорхонавидошта ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 16 АВГУСТ

Соли 2006 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба унвони “Шаҳрванди фахрӣ”-и шаҳри Сочии Русия сазовор гардид.

Соли 2011 – Дар ВМКБ пули чорум бар рӯйи дарёи Панҷ, ки Тоҷикистону Афғонистонро мепайвандад, ба истифода дода шуд.

Соли 2011 – Дар Хуҷанд мурофиаи додгоҳии Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори “Би-Би-Сӣ” оғоз ёфт. Нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми робита доштан бо ҳизби фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълоншудаи “Ҳизб-ут-таҳрир” ифтитоҳ гардида буд.

Додгоҳ Усмоновро дар хабар надодан ба мақомот дар бораи содир шудани ҷиноят айбдор дониста, ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум кард.

Соли 2020 – Бо миёнравии Созмони байналмилалии муҳоҷират тақрибан 200 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бинобар пандемияи коронавирус дар марзи Ӯзбекистон ва Қазоқистон монда буданд, ба ватан баргаштанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1974 – Зодрӯзи Раҳимқул Малахбеков, муштзани маъруфи тоҷик.

Соли 1974 – Носирҷон Маъсумӣ, забоншинос ва олими тоҷик дар синни 59 даргузашт.

Носирҷон Маъсумӣ

Носирҷон Маъсумӣ соли 1930 курси дусолаи муаллимини Самарқандро хатм карда, шаш сол дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент муаллим будааст. Соли 1940 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо ба итмом расонда, солҳои зиёд дар ҳамин ҷой муаллим ва мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ва муовини ректор оид ба корҳои илмӣ будааст.

Носирҷон Маъсумӣ соли 1959 директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таъин шудааст. Фаъолияти илмии Носирҷон Маъсумӣ пурсамар буда, соли 1962 рисолаи ӯ “Адабиёти тоҷик дар асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX” ба табъ расидааст, ки яке аз давраҳои торику ҳассоси таърихи адабиёти тоҷикро равшан мекунад.

Дар ҷодаи таҳқиқи ҷараёни инкишофи забону сарфу навҳ ва маданияти гуфтори тоҷикӣ, махсусан, таҳқиқи забони асарҳои устод Айнӣ заҳмат кашидааст. Иддае аз мақолаҳояш дар китоби “Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик” ва “Ҷаҳонбинӣ ва маҳорат” гирд омадаанд. Инчунин дар таълифи китобҳои дарсӣ, таҳриру танзими “Фарҳанги забони тоҷикӣ” , “Луғати русӣ-тоҷикӣ” ва мақолоти Энсиклопедияи советии тоҷик ҳиссаи сазовор дорад. Чанд дафъа вакили мардумӣ интихоб шудааст.

Носирҷон Маъсумӣ 16 августи соли 1974 дар синни 59-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2020 – Ҷамшед Исмоилов, Ҳунарпешаи  халқии Тоҷикистон дар 63-солагӣ даргузашт.

Ҷамшед Исмоилов фориғуттаҳсили факултаи маданию равшаннамоии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар Кумитаи ҷавонони ш. Душанбе оғоз намудааст.

Сипас сарояндаи яккахони ансамбли мақомхонони Кумитаи радио ва телевизион буд. Баъдан директори гурӯҳҳои ҳунарии кумитаи мазкур буда, аз соли 1995 то соли 2001 муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон буд.

Ӯ 17 сол, а зсоли 2003 то соли 2020 раҳбари Иттиҳодияи эҷодию консертии Вазорати фарҳанги кишвар буд.

Ҷамшед Исмоилов баробари сарояндаи соҳибсабк будан инчунин муаллифи зиёда аз 60 суруд буда, таронаҳояш чун “Хез модар”, “Гуфтамат имшаб биёям”, “Бародарон”, “Биё бародар шавем”, “Хоки ватан”, “Эй сорбон”, “Омадӣ ҷонам ба қурбонат” маъруфияти хоса касб кардаанд.

Ӯ аз аввалин ташаббускори гузаронидани ҷашнвораҳои мусиқии “Дурдонаҳои Шашмақом”, “Ахтарон” ва “Суруди сол” аст.

Номбурда 16-уми августи соли 2020 дар синни 64 даргузашт.

Соли 2022 – Фозил Тоҳиров, ҳуқуқшинос, собиқ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар 83-солагӣ аз олам чашм баст.

Фозил Тоҳиров

Фозил Тоҳиров риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм намуда, аз соли 1966 то 1995 дар вазифаҳои гуногун дар ҳамин донишгоҳ фаъолият намудааст.

Солҳои 1990-1995 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Сипас ба кори Академияи илмҳои Тоҷикистон гузашт ва солҳои 1995-2006 саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва аз соли 2006 директори Пажуҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳо ва раиси Ҷамъияти “Дониш”-и Тоҷикистон буд.

Фозил Тоҳиров аз собиқадорони риштаи ҳуқуқ дар кишвар ба ҳисоб мерафт. Ба қалами ӯ 150 асару китоби илмӣ ва таълимӣ таълиф гардидааст.

Ин  академики тоҷик 16-уми августи соли 2022 дар синни 83 пас аз бемории тӯлонӣ даргузашт.

Соли 2023 – Абдураҳмон Ашӯров, ҳунарпешаи театри тоҷик дар синни 68 даргузашт.

Соли 2023 – Мақсудҷон Муҳиддинҷонов, рӯзноманигор ва аксбардори тоҷик, собиқ суратгири раисҷумҳури Тоҷикистон дар синни 73 аз олам чашм баст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

16-уми августи соли 1960 Академияи байналмилалии кайҳоннавардон таъсис ёфтааст. Он дар шаҳри Стокҳолм бо қарори Конгресси XI байналмилалии кайҳоннавардон бо ибтикори Теодор фон Карман, профессори маъруфи соҳаи мушаксозӣ ва аэродинамика таъсис ёфт.


Имрӯз зиёда аз 83 кишвар узви ин академия буда, ҳадафаш рушди кайҳоннавардӣ, дастгирии олимони инфиродӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи тадқиқоти кайҳонӣ мебошад.

16-уми августи соли 1976 Конвенсияи назорати маводи психотропӣ, ки ҳамон сол бо ибтикори СММ қабул шуда буд, ба иҷро даромад. То соли 2018 онро 184 кишвар имзо кардаанд. Конвенсия низоми байналмилалии назоратро бар маводи психотропӣ муқаррар намуда, барои табобату барқарорсозии вобастагон ба чунин мавод чораҳо пешбинӣ мекунад.


Имрӯз ҳамчунин Рӯзи мураббои марминҷонӣ аст. Ин ид соли 2015 аз ҷониби сомонаи Daily-menu.ru пешниҳод шуд. Пештар ин рӯзро ҳамчун “Рӯзи марминҷон” ҷашн мегирифтанд. Мураббои ин навъи буттамева дорои витаминҳои зиёди фоидаовар, чун мис ва оҳан аст, ки ба меъда зарар надошта, хосияти зиёди шифобахшӣ дорад. Баъдтар ин рӯзро ҳамчун Рӯзи мураббои марминҷонӣ ҷашн мегирифтанд.


Ҳар сол 16-уми август Рӯзи Ҷокер, ки иди ғайрирасмӣ аст, ҷашн гирифта мешавад.

Он ба корте бахшида шудааст, ки дар колодии 54-кортии фаронсавӣ ҷой дорад ва “Ҷокер” ё корти озод ном дорад. Ҷокер вобаста ба қоидаҳои бозӣ метавонад нақши ҳар гуна кортро бозад ва аксар вақт дар он расми масхарабози сирромез тасвир мегардад.

Ҳоло Ҷокер на танҳо як унсури бозиҳои кортӣ, балки як образи маъруфи адабӣ ва синамоӣ гардидааст.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 16 АВГУСТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 28+33º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 28+33º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 35+37º гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10º гарм, рӯзона 19+24º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 35+37º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.