Имсол чорабинии асосӣ ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар баргузор мешавад. Ҳамчунин, дар вилоятҳо ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки имсол ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ин шаҳр бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар таҷлил мешавад. Барои сафари раисҷумҳур омодагӣ ҷараён дорад, аммо санаи дақиқи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Кӯлоб зикр нагардид.
Дар Душанбе кадом чорабинӣ, кай ва дар куҷо баргузор мешавад?
Аз раёсати фарҳанги шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки чорабинии асосии ҷашнӣ ба ифтихори Истиқлоли давлатӣ рӯзи 9-уми сентябр, соати 19:00, дар майдони “Истиқлол” баргузор мешавад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин рӯз бо ширкати сарояндагони маъруф ва ҳунармандон намоишномаи театришуда пешкаши иштирокдорони чорабинӣ мегардад.
Ҳамчунин, дар ноҳияҳои пойтахт чорабиниҳои фарҳангӣ аз пагоҳ, 5-уми сентябр, оғоз шуда, то 8-уми сентябр идома меёбанд.
Аз ҷумла, чорабинии фарҳангии ноҳияи Фирдавсӣ пагоҳ соати 17:00 дар Боғи Фирдавсӣ баргузор мешавад.
Чорабинии фарҳангии ноҳияи Сино рӯзҳои 7-ум ва 8-уми сентябр соати 17:00 дар Боғи Умари Хайём мегузарад.
Пагоҳ, 5-уми сентябр соати 18:30 чорабинии фарҳангии ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ дар Амфитеатри Аҳорун барпо мешавад.

Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт чорабинӣ рӯзи 6-уми сентябр дар майдони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (майдони 800 солагии Маскав) баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯзҳо сокинону меҳмони пойтахт метавонанд ба боғҳо ройгон ворид шуда, дар чорабинӣ иштирок кунанд.
Зимнан, дар рӯзҳои ҷашн дар дигар шаҳру навоҳии кишвар низ баргузории чорабиниҳои идонаи сайругашти оммавӣ, консерт ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.
Сокинони кишварчанд рӯз истироҳат мекунанд?
Имсол ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ, сокинони кишвар, ки реҷаи 5-рӯзаи корӣ дар ҳафта доранд, се рӯз пайиҳам - 7, 8 ва 9-уми сентябр истироҳат мекунанд.
Мувофиқи меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” Рӯзи истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат эълон шудааст.
Ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми сентябр ҳамчун Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Имсол аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикитсон 34 сол пур мешавад.





Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста