Тоҷикистон ба сокинони аз зилзила осебдидаи Афғонистон кумаки башардӯстона равон кардааст. Дар ин бора Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар дода, гуфт, корвони мошинҳои кумаки башардӯстона субҳи имрӯз, 8-уми сентябр, ба роҳ баромад.
Ба гуфтаи манбаъ, “беш аз 100 мошини боркаш бо тақрибан 3000 тонна кумаки башардӯстона ба Афғонистон раҳсипор” шудаанд.
“Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти ҳолати зарардидагон маводи ғизо, либос, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, рахти хобу болопӯши зимистона, оби ошомиданӣ, ангиштсанг ва дигар ашёи заруриро ҳамчун кӯмаки башардӯстона ирсол намуд”, - гуфтааст манбаъ.
Ёдрас мешавем, ки зилзилаи шашдараҷаӣ, ки шаби 31-уми август ба 1-уми сентябр дар шарқи Афғонистон рух дод, боиси марги беш аз 2200 нафар ва захмӣ шудани ҳазорҳо тани дигар шуд.

Намояндагони “Толибон”* пештар гуфтанд, заминларза ба ноҳияҳои Ватапур, Манугӣ, Чапа Дара, Сукӣ ва Норгул низ хисороти ҷиддӣ расонида, биноҳои зиёдеро хароб кардааст.
Мақомот ҳушдор медиҳанд, ки бо назардошти дар зери харобаҳо мондани теъдоди зиёди одамон, эҳтимоли афзоиши қурбониён вуҷуд дорад. Амалиёти наҷотдиҳӣ ба далели маҳалли душворгузар, харобии роҳҳо ва пулҳо ва қатъи шабакаҳои алоқа бо мушкилот рӯбарӯ шудааст.
Дар ҳаводиси табии солҳои гузашта кишвари мо ба мардуми Афғонистон кумакҳои башардӯстона фиристода буд.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи “Толибон” тобистони соли 2021, пас аз даҳсолаҳои ҷанг бо Амрико ва муттаҳидинаш дар Афғонистон қудратро дар Кобул ғасб кард ва инак 4 сол аст, ки ҳукумати худро таъсис додаву давлатдорӣ мекунад.
Тоҷикистон ҳукумати нави Афғонистонро ба расмият нашинохтааст ва бо ин кишвар робитаи дипломатӣ надорад, вале бо ин вуҷуд ҳамкориҳои иқтисодиро ба роҳ мондааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чӣ дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста