Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” қисми якуми ҳикояи “Ҳамсар”-и Антон Чехов, нависанда ва драматурги машҳури рус дар тарҷумаи Обиди Шакурзода, адабиётшиноси шинохтаи тоҷик манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.
Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.
Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ ва “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддинро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.
Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани ҳикояҳои Антон Чехов дар тарҷумаи Обиди Шакурзода оғоз карданд.
Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.
Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ ва “Телеграм”-и радиои “Азия-Плюс” метавонед, гӯш кунед.



Тағйирот ба оинномаи Иттифоқи нависандагон имкон дод, Низом Қосим бори сеюм раис интихоб шавад
Дар либоси кормандони БДА Тоҷикистон дурбинҳои назоратӣ насб мешавад
Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев соҳиби унвони Устоди байналмилалии шатранҷ шуд
Умри якасра. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар одамони аз 100-сола боло зиндагӣ мекунанд?
Дар маркази вилояти Хатлон ҳамоиши байналмилалии "Хатлон инвест Бохтар-2025" оғоз гардид
Тоҷикистонро дар "Abu Dhabi Grand Slam 2025" 10 ҷудокор муаррифӣ мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 18
Дар Тоҷикистон омӯзгорону кӯдаконро ба пахтачинии “ихтиёрӣ” маҷбур мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 ноябри соли 2025
“Ман меравам, Сармаддеҳ мемонад”. Аз даргузашти Баҳманёр – шоҳаншоҳи “сарзамини ормонӣ” 5 сол гузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста