Русия барномаи сафари давлати президенти ин кишвар Владимир Путин ба Тоҷикистонро эълон кард, ки дар асоси он, яке аз масъалаҳои баррасишаванда муҳоҷирати меҳнатӣ аст.

Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия ба расонаҳои ин кишвар иттилоъ додааст, ки “шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар кор мекунанд, дар соли 2024 ба ватани худ беш аз 1,8 миллиард доллар фиристодаанд, ки 17% маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистонро ташкил медиҳад”. Мақомоти Тоҷикистон ин маълумотро тасдиқ ё рад накардаанд ва чанд соли охир пинҳон медоранд.

Қаблан Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) бо такя ба Бонки Ҷаҳонӣ хабар дода буд, ки ҳаҷми интиқоли пул аз хориҷ ба Тоҷикистон дар соли 2024 5,8 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2023 27% зиёд аст. Аммо онҷо саҳми пули аз Русия ба Тоҷикистон интиқолёфта дақиқ зикр нашудааст. 

Ёвари президенти Русия ҳамчунин гуфтааст, дар Русия тақрибан 1,2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кор мекунанд, ки 16% коргарони хориҷӣ дар ин кишварро ташкил медиҳад. Оморе, ки мақомдорони тоҷик дар сатҳи раисҷумҳур онро ба чолиш кашидаанд. Тоҷикистон теъдоди муҳоҷирони меҳнатиашро дар Русия атрофи 600 ҳазор мегӯяд.

Юрий Ушаков гуфтааст, ки дар ҷараёни сафари давлатии раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон масоили муҳоҷират як мавзӯи аслӣ хоҳад буд.

"Дар ҳайат Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия шомил аст, ки дар баррасии масоили муҳоҷират ширкат хоҳад кард", - гуфтааст ӯ.

Бояд гуфт, муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва тазйиқу фишор ба онҳо аз мавзуи доғи солҳои охир дониста мешавад. Муҳоҷирон аз муносибати сард, фишори мақомоти ин кишвар, ихроҷ ва сангин шудани қоидаҳои муҳоҷират дар Русия нигаронӣ доранд.

 

Барномаи сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Ба ғайр аз масоили муҳоҷират, ҳамчунин, дар сафари давлатии Владимир Путин, ки шоми имрӯз, 8-уми октябр оғоз мешавад, масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсат, амният, тиҷорат, фарҳанг ва иҷтимоъ низ баррасӣ мегардад.

Юрий Ушаков гуфтааст, президенти Русияро дар ин сафар, муовинони сарвазир, вазирони мудофиа, умури корҳои дохила, рушди иқтисод, молия, адлия, саноат, меҳнат, маориф, тандурустӣ ва нақлиёт, ҳамчунин раҳбарони Гвардияи миллӣ, хадамоти федералии ҳарбӣ-техникӣ, “Росатом”, Маркази содироти Русия ва дигар мансабдорони баландпоя ҳамроҳӣ мекунанд.

Сафари ӯ бо гузоштани гулчанбар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, асосгузори давлати тоҷикон оғоз ёфта, субҳи 9-уми октябр дар Қасри миллат истиқболи расмӣ доир мешавад ва баъди он Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин рӯбарӯ сӯҳбат хоҳад кард.

Хабаргузории ТАСС навиштааст, ки баъди мулоқот ҷонибҳо изҳороти муштарак дар бораи тавсеаи шарикӣ ва ҳампаймонии стратегӣ  имзо мекунанд. Сипас, ҳайати ду кишвар ҳуҷҷатҳои тасдиқшударо мубодила мекунанд.

Баъди ин, роҳбарони ҳарду кишвар дар нишасти матбуотӣ дар назди хабарнигорон суҳбат мекунанд.

Ҳамчунин, рӯзи 9-уми нишасти “Осиёи Марказӣ – Русия” доир мешавад, ки дар он роҳбарони панҷ кишвари минтақа  ва раисҷумҳури Русия иштирок мекунад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин саммит майдони муҳими гуфтугӯ байни Осиёи Марказӣ ва Русия мебошад, ки дар он масоили ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ баррасӣ карда мешаванд.

ВКХ Тоҷикистон менависад, дар ин ҳамоиш таваҷҷуҳи махсус ба ҳамоҳангсозии амалиётҳо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои фаромиллӣ дода мешавад.

Рӯзи 10-уми октябр дар Душанбе нишасти сарони давлатҳои ИДМ баргузор мегардад, ки дар он дар қатори роҳбарони дигар кишварҳои аъзои созмон, раисҷумҳури Русия низ иштирок мекунад.

Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои баргузории сафари давлатӣ ва ҳамоишҳои сатҳи  байналмилалӣ, чораҳои амниятӣ дар пойтахтии кишвар сахт шуда, бархе роҳҳои ташрифотӣмасҷидҳо ва бозору марказҳои калони савдо дар шаҳри Душанбе давоми 3 то 6 рӯз баста мешаванд.

Рӯзҳои 8-10-уми октябр дар Душанбе кадом чорабиниҳо баргузор мегарданд? Дар ин хабари “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.