ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 11 ОКТЯБР
Соли 1930 – Бори аввал дар муассисаҳои таълимии Иттиҳоди Шӯравии собиқ фанни “Омодагии ибтидоии ҳарбӣ” ҷорӣ гардид.
Соли 2004 – Дар Люксембург миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расид.
Соли 2010 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон супориш дод, ки содироти чорво, гӯшт, картошка, пашм ва металл пурра манъ карда шавад.
Соли 2020 – Дар Тоҷикистон интихоботи навбатии президентӣ баргузор шуд. Дар он Эмомалӣ Раҳмон бо касби 90,92% овози интихобкунандагон пирӯз гардид.
Соли 2023 – Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар он байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Бруней - Доруссалом дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии напардохтани андоз аз даромад ва молу мулк Созишнома ва якчанд лоиҳаи қонунҳо ба тасвиб расид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1912 - Зодрӯзи Солеҳ Раҷабов, ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии имрӯза) дар солҳои 1956-1971.
Соли 1920 – Мавлуди Мустафо Шарқӣ, нависанда.
Соли 1953 – Мавлуди Тоҷинисо Саидова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Тоҷинисо Саидова, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик буда, дар жанрҳои аз ҳам мутафовит - мазҳака, драма ва фоҷиа нақш офаридааст. Махсусан дар иҷрои нақшҳои мазҳакавӣ истеъдоди хоса дорад. Нақшҳои ӯ дар намоишҳои “Интихоби домод”, “Хостгорӣ”, “Исёни арӯсон”, “Садо аз тобут”, “Кафшҳои Абулқосим”, “Охирин арӯси амиралмӯъминин”, “Бахтатро бедор кун”, “Эдип”, “Ҷияни хира”, “Имтиҳон” ва “Лаку Пак” аз беҳтарин нақшҳои иҷронамудаи ӯ дар саҳнаи театр маҳсуб меёбанд.
Бештари мухлисон Тоҷинисо Саидоваро тавассути намоишномаи телевизионии “Зани оҳанин”, новеллаи “Оина” ва силсиланамоишҳои телевизионии “Дугонаҳо ба театр мераванд” мешиносанд.
Ҳунарпеша дар филмҳои бадеии “Муҷассамаи ишқ”, “Хатти парвоз”, “Дар ҷарӣ”, “Қӯшатир”, “Марди мутааллиқи ду зан” низ нақш офаридааст.
Ӯ 16 сол дар Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ва шурӯъ аз соли 1991 дар театр-студияи “Оина” фаъолияти ҳунарӣ доштааст.
Соли 1967 – Зодрӯзи Хуршед Низомов, мусиқишинос ва найнавози тоҷик, раиси пешини Иттифоқи композиторони Тоҷикистон.

Хуршед Низомов мусиқишиноси тоҷик буда, фаъолияти чандинсолаи худро ба рушди санъати миллӣ бахшидааст.
Фаъолияти эҷодии ӯ аз соли 1986 оғоз ёфта, аввал ҳунарманди оркестри созҳои миллии назди Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ва сипас Оркестри эстрадии “Гулшан” буд. Солҳои минбаъда ба фаъолияти омӯзгорӣ ва роҳбарӣ пардохта, солҳо омӯзгори Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, сардори шуъба ва раёсатҳои Вазорати фарҳанг буд.
Хуршед Низомов аз соли 2017 то 2020 раисии Иттифоқи композиторони Тоҷикистонро ба ӯҳда дошта, баъдтар директори Маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарӣ ва мусиқии Кумитаи телевизион ва радио гардид. Аз соли 2024 Хуршед Низомов сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аст.
Соли 1970 – Зодрӯзи Аслиддин Пӯлодов, муаррих, докторӣ илмҳои фалсафа.
Соли 1973 – Мавлуди Парвиз Шодизода, вакили Маҷлиси намояндагон.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 11-уми октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии духтарон таҷлил мегардад. Ин рӯз бо қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст, то ба ҷомеаи ҷаҳонӣ зарурати ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шараф ва имкониятҳои баробари духтаронро хотиррасон намояд.

Ҳадафи асосии ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи давлатҳо ва ташкилотҳо ба мушкилоти духтарон дар ҷомеаҳои гуногун, аз ҷумла маҳдудият дар таҳсил, издивоҷҳои бармаҳал, зӯроварӣ, табъиз ва нобаробарии иҷтимоӣ, ки рӯ ба рӯ мешаванд.
Ҳамчунин, 11-уми октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фарбеҳӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба хатари фарбеҳӣ ва паёмадҳои он дар сатҳи ҷаҳонӣ таъсис ёфтааст.
Зиёд шудани шумораи одамони фарбеҳ аз мушкилоти асосии асри XXI мебошад. Фарбеҳӣ боиси афзоиши бемориҳои қалбу раг, диабети қанд, бемориҳои буғум ва ҳатто навъҳои гуногуни саратон мегардад.

Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) ва як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ тавсия медиҳанд, ки давлатҳо барномаҳои миллӣ оид ба мубориза бо фарбеҳӣ таҳия кунанд.
11-уми октябри соли 1852 дар Австралия аввалин донишгоҳ – Донишгоҳи Сидней ифтитоҳ ёфт. Донишгоҳ он замон ҳамагӣ бо се профессор ва 24 донишҷӯ фаъолияташро оғоз намуд ва бо гузашти замон ба яке аз бонуфузтарин мактабҳои олӣ табдил ёфт.
Имрӯз Донишгоҳи Сидней ба рӯйхати 20 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон шомил аст.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 11 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм, рӯзона 21+26º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 26+28º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9º хунук, рӯзона 5+10º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 10+12º гарм, рӯзона 26+28º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 23+25º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 27+29º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 21+23º гарм.




Пул, нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҷойи зист… Донишҷӯёни тоҷик чӣ мушкил доранд ва онро чӣ гуна ҳал мекунанд?
Ҷазои садҳо кас барои ифлоскунии ҳаво. Мақомот огоҳ мекунанд, ки сӯзонидани хазон ҷавобгарӣ дорад
Ҳукми зиндони Парвиз Одинаев, ки ба куштори писари 15-солааш муттаҳам буд, содир шудааст
Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд меравад? Чанде аз роҳҳои вилоят се рӯз баста мешаванд
Суруданду рақсиданду ашк рехтанд. Ҷашни 60-солагии “Гулшан” чӣ гуна гузашт?
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки дар Душанбе Маркази минтақавии ҳуши маснӯӣ таъсис дод шавад
Ҳайати баландпояи Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ мулоқот кардааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 22
Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон нисбат ба ҳамсояҳояш зудтар рушд мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 ноябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста