Абдуқодири Рустам, нависанда, мунаққид, тарҷумон ва пажӯҳишгари маъруфи тоҷик, ки барои таҳрири китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-и Абдухалил Холиқзода, моҳи феврали соли 2024 ба 4,5 сол равонаи зиндон шуд, имрӯз ба синни 67 қадам гузошт.

Абдуқодири Рустам (Қодири Рустам) яке аз зиёиёни соҳибмавқеи тоҷик аст, ки то замони зиндонӣ шуданаш ҳамвора мавқеашро перомуни масоили мубрам ба расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ иброз медошт.

Ӯ 13-уми октябри соли 1958 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш, ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шомил шуда, онро хатм мекунад.

Соли 1981 дар нашриёти “Ирфон” аввал чун мусаҳҳеҳ ба кор оғоз карда, баъд муҳаррири хурд ва муҳаррир будааст. Пасон солҳо кори рӯзноманигорӣ кардааст.

Нахустин китобаш бо номи “Бурси дуреша” соли 1986 дар нашриёти “Ирфон” чоп шуд, ки маҷмуаи насри бадеии адиби ҷавон ба шумор мерафт.

Абдуқодири Рустам
Акс аз саҳифаи фейсбуки Абдуқодири Рустам

 

Муҳоҷират ва пажӯҳишҳои ӯ

Ҷанги дохилӣ ӯро низ ба гирдоби муҳоҷирати иҷборӣ ҳаво дод ва чанд сол дар Қазоқистон зист. Соли 2003 дар Олмотӣ китоби ӯ бо номи “Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар” чоп шуд.

Дар Олмотӣ, ки дар дафтари хабаргузории эронии ИРНА фаъолият мекард, дар канори кори хабарнигорӣ ба пажӯҳиш машғул шуд. Таҳия ва шарҳи китоби донишманди қаблазинкилобии рус А. Шишов “Таджики” (Олмотӣ, 2005), таҳия ва шарҳи муфассали “Девони Рӯдакӣ (Олмотӣ, 2007) низ самараи кори эҷодии ӯ дар ин солҳост.

Баъдан “Девони Рӯдакӣ” дар таҳияи ӯ солҳои 2008, 2012 дар Теҳрон, соли 2015 дар Душанбе ва соли 2019 дар Хуҷанд бо ҳуруфи форсӣ ва сириллик ба чоп расид.

Соли 2010 дар нашриёти “Шуҷоиён” китоби “Чойхонаи “Роҳат”. Қисса ва ҳикоёт барои хониши пеш аз хоб” аз чоп баромад. Соли 2018 романи “Пойҳо ва рӯйҳо”-ро ба табъ расонид, ки пас аз як сол дар Теҳрон ба алифбои форсӣ чоп шуд.

 

Кори тарҷумонии Абдуқодири Рустам

Абдуқодири Рустам ба тарҷумонӣ низ машғул аст. Соли 1992 нашриёти “Ирфон” рисолаи эроншиноси маъруфи пешазинқилобии рус Н. В. Хаников “Андешаҳо роҷеъ ба таҳқиқи мардуми Эрон”-ро чоп кард, ки бисёр аз саҳифоти он ба таҳқиқи антропологӣ ва мардумшиносии мардуми тоҷик ихтисос дорад.

Соли 2020 дар тарҷумаи Қодири Рустам романи нависандаи рус Андрей Волос “Бозгашт ба Панҷрӯд” ва маҷмӯъаи ҳикояҳои нависандаи бузурги Жопун Окутогово “Азобҳои ҷаҳаннам” ба чоп расиданд.

Ҳамчунин ҳикоя ва қиссаҳои нависандагони бузург А. П. Чехов, Лу Син ва Луис Хорхе Борхес маҳсули заҳамоти ӯянд, ки хонандаи тоҷик бо забони модариаш мутолиа кардааст.

Дар баробари кори эҷодӣ, ҳамчунин, дар Бемористони “Ибни Сино” ба ҳайси мушовир ва корбар фаъолият мекард.

Абдуқодири Рустам соли 2014 ба дарёфти “Ҷоизаи сол”-и Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон барои тадвин ва тасҳеҳи “Девон”-и Рӯдакӣ ва соли 2021 барои тарҷумаи романи “Бозгашт ба Панҷрӯд” бо Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мушарраф шудааст.

Оиладор ва соҳиби як писар аст.

Абдуқодири Рустам ва Абдухалил Холиқзода
Акс аз саҳифаи фейсбуки Абдуқодири Рустам

 

Абдуқодири Рустам чаро зиндонӣ шуд?

Сабаби зиндонӣ шудани ӯ ба китобе бо номи “Ҳаводиси рӯзгори ман” вобаста аст. Номи Абдуқодири Рустам дар ин китоб зикр шуда, муаллиф ба ӯ изҳори сипос кардааст.

“Ҳаводиси рӯзгори ман” китоби дуввуми Абдухалил Холиқзода, тоҷир ва бунёдгузори Бемористони Ибни Сино дар Душанбе аст. Дар он муаллиф саргузашт ва дидаву шунидаҳояшро нақл карда, андешаашро дар бораи ҳаводису падидаҳои гуногуни ҷомеа иброз медорад. Аз ҷумла, аз фазои соҳибкорӣ, фасод, сатҳи пасти фарҳангу таълим дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, ҳамчунон, бардошташро аз ҳамкорӣ бо намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон баён доштааст.

Холиқзода, дар баробари овардани лаҳзаҳои хотирмони зиндагиаш, таърихи замони истиқлолро бозгӯ мекунад. Бахусус, мавзӯъи иқтисоди миллӣ, вазъи иҷтимоӣ, мушкилоти ин соҳа, омилҳои коҳиши иқтисод, роҳҳои аз миён бардоштани саддҳо аз роҳи рушд дар ин китоб оварда шудаанд. Дар китоб ҳамчунин вазъи соҳаи тандурустӣ ва роҳҳои раҳоӣ аз мушкилоти мавҷуда таҳлил гардидааст.

Абдухалил Холиқзода, муқоваи китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман" ва Абдуқодири Рустам
Коллажи Радиои Озодӣ

Бо гузашти қариб 2 моҳ аз муаррифии китоб, атрофи муҳтавои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тунде дар робита ба маҳалгароӣ доман афканд.

Муаллифро ба он гунаҳкор мекарданд, ки ба иззати нафси сокинони бархе аз минтақаҳои кишвар расидааст. Худи ӯ танқидҳоро бепоя донист ва дар навишт, “шахсоне, китоби бандаро нахондаанд, дигар ба иштибоҳ наафтанд ва агар ба хондани он азм намоянд, бидуни пешфарз мутолиа намоянд ва худ хулоса бароранд”.

Он замон китобфурӯшон гуфтанд, шахсони номаълум китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро аз ҳамаи китобфурӯшиҳои кишвар бидуни шарҳ барчидаанд.

Додситони кулли Тоҷикистон Абдуқодири Рустамро барои “барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” (моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) муттаҳам намуд. Додгоҳ бошад, бо ин модда моҳи феврали соли 2024 ӯро барои 4 солу 6 моҳ равонаи зиндон кард. Абдухалил Холиқзода 6,5 сол равонаи зиндон шуд.

 

Маъракаи сиёҳкунии китоб​​​​​​​

Баъди боздошти Холиқзода, зоҳиран маъракаи сиёҳкунии китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар сатҳи шахсиятҳои сиёсиву адабӣ оғоз шуд.

Дар умум, ҳама Абдухалили Холиқзодаро барои роҳ додан ба ғалатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, норозигӣ аз умури давлатдории имрӯза, шиорзаниҳои авомфиребона... гунаҳкор карда, таъкид намуданд, ки “мазмуну моҳияти китоб ба рӯзгори воқеии мардуми тоҷик айният надоранд”.

Дар охир, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳам китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро “мухолиф ба меъёрҳои ахлоқӣ ва миллӣ” дониста, онро зери суол бурдани “унсурҳои миллӣ, урфу одатҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ” унвон кард.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз нависандагону рӯзноманигорон боздошти Абдухалили Холиқзода ва Абдуқодири Рустамро “нофаҳмӣ” ва нашри китобро “наҳве дар ростои ситоиш ва таҳкими давлату миллат” медонанд.

Ӯ ҳоло дар зиндони маъруф ба "Якум советский"-и шаҳри Душанбе адои ҷазо мекунад. Дар тӯли умраш, ба гуфтаи дӯстонаш, садҳо китоб мутолиа кардааст ва шахсе ном бурда мешавад, ки аз адабиёти тоҷик ва ҷаҳон огоҳии амиқ дорад. Ба иттилои дастрас, Абдуқодири Рустам ҳоло дар зиндон ҳам китобдори маҳбас шудааст ва аксари вақташро дар китобхона мегузаронад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.