ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 15 ОКТЯБР

- Имрӯз дуввумин синамоҷашнвораи “Тоҷи сомон” дар Тоҷикистон оғоз ёфта, то 20-уми октябр идома мекунад. Давоми ин рӯзҳо беш аз 40 филми 15 кишвар намоиш дода мешаванд. 

- Имрӯз, соати 17:00 дар доираи синамоҷашнвораи "Тоҷи сомон", дар толори синамои "Ватан", Рӯзҳои синамои Эрон баргузор мешавад. Дар доираи он барномаи фарҳангӣ доир шуда, филми ҳунарии "Шаҳсавор", бо коргардонии Ҳусйен Намозӣ намоиш дода мешавад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 15 ОКТЯБР

Соли 2006 – Зиёда аз 60 нигораи арзишманд аз Осорхонаи таърихии қалъаи Ҳисор рабуда шуданд.

Соли 2014 – Эмомалӣ Раҳмон беш аз 20 роҳбари ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаҳои гуногуни Русияро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Соли 2020 – Дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нави истеҳсоли шоколади “Ҳаловат” ба фаъолият оғоз кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1930 – Зодрӯзи Пӯлод Бобоҷонов, ахтаршинос ва физикдони шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика.

Пӯлод Бобоҷонов

Пӯлод Бобоҷонов аз ахтаршиносони маъруфи тоҷик буда, аксари дастовардҳои ҷаҳонии илми нуҷуми Тоҷикистон ба номи ӯ рабт дода мешавад. Ӯ ҳамчун яке аз бузургтарин астрофизикҳои қарни гузашта дар сатҳи Тоҷикистону ҷаҳон шинохта шудааст.

Ӯ баъди хатми Институти педагогии Ленинобод ба номи Киров ва аспирантураи Институти давлатии астрономии ба номи Штернберги Институти давлатии Маскав ба номи Ломоносов, ба Институти астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон ба кор омада, ду навбат директори ин боргоҳи илм ва то охири умр директори фахрии он буд. Дар ин миён 13 сол (1971-1984) ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ буд.

Таҳқиқоти Пӯлод Бобоҷонов ба физика ва динамикаи шиҳобҳо, тақсим шудани моддаҳои шиҳобӣ дар фазои байнисайёравӣ ва таҳаввули мадори онҳо бахшида шудааст. Ӯ мадори зиёда аз 400 шиҳоб ва 20 сели нави шиҳобиро кашф кардааст.

Бо роҳбарии Пӯлод Бобоҷонов бори аввал дар Институти астрофизикаи АИ ҶТ асбоби наззорӣ-шиҳобӣ сохта шудаанд, ки он ба усули нави мушоҳидаҳои фотографӣ ва радиолокатсионии шиҳобҳо асос гузошт. 

Ҳамчунин ба шарафи олими ситорашиноси тоҷик астероиде номгузорӣ шуда, "Асредоиди Бобоҷонов" унвон гирифтааст.

Олими тоҷик 10-уми феврали соли 2023 дар 92-солагӣ даргузашт.

Соли 1936 – Мавлуди Раҷабалӣ Қудратзода, адиб ва рӯзноманигори тоҷик.

Соли 1950 – Зодрӯзи Шамсиддин Муҳиддинов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Шамсиддин Муҳиддинов

Шамсиддин Муҳиддин, ки роҳи дурударози ҳунариро тай кардааст, барои равнақи ҳунару мусиқии тоҷик хидматҳои мондагор ва боарзиш анҷом додааст.

Ӯ соли 1973 дар озмуни “Бӯстон” бо иҷрои “Муноҷот” дурахшид ва роҳаш ба сӯи санъат боз шуд ва пасон кор дар Кумитаи телевизион ва радио, узвият дар дастаи “Дарё” ва ансамбли “Шашмақом” - ҳама марҳалаҳои такомули ҳунари ӯ буданд.

Беш аз 40 суруди мондагор, аз “Ироқи Бухоро” то “Хами мӯй”-и Шамсиддин Муҳиддин дар хазинаи тиллоии санъати тоҷик сабт шудаанд ва суруди “Ироқи Ҳисор” аз навовариаш дар Шашмақом маҳсуб мешавад.

Ӯ соли 1994 бо унвони ифтихории Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2003 бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон қадр шуд.

Ҳоло дар ансамбли “Шашмақом”-и “Шамси Ҳисор” ба тарбияти шогирдон машғул аст. Гузориши “Азия-Плюс”-ро аз маҳфили 55-солагии фаъолияти эводиаш дар ин матлаб мутолиа кунед: Аз Ҳисори шодмон то толорҳои Порис. 55-солагии фаъолияти мақомсарои шаҳир Шамсиддин Муҳиддин таҷлил шуд

Соли 1950 – Зодрӯзи Султонмурод Бобомуродов, ҳунарпешаи театру синамо.

Султонмурод Бобомуродов

Султонмурод Бобомуродов аз ҳунарпешагони шинохтаи тоҷик буда, дар филмҳое чун “Достони Сиёвуш”, “Шикорчӣ аз Минархар”, “Ашк ва шамшер”, “Дар орзуи падар” нақш офаридааст, ки дар таърихи синамои тоҷик бемонанданд. 

Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода буда, солҳо дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ва Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ кардааст.

Симои ӯ дар намоишҳои “Баҳроми Чӯбина”, “Фарёди ишқ”, “Шоҳ Эдип”, “Драмаи миллат”, “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” дар нақшҳои гуногун падид омадааст.

Соли 1951 – Мавлуди Раҳмат Назрӣ, Шоири халқии Тоҷикистон.

Раҳмат Назрӣ

Раҳмат Назрӣ аз чеҳраҳои намоёни шеъри муосири тоҷик буда, ҳанӯз аз айёми ҷавонӣ ба дунёи шеър ва калом дил баста буд.

Ӯ дар шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил намуда, фаъолияти худро ҳамчун рӯзноманигор дар нашрияи “Маориф ва маданият” оғоз кардааст. Минбаъд дар вазифаҳои гуногун – аз корманди Иттифоқи нависандагон то муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” фаъолият намудааст.

Аз соли 2002 Раҳмат Назрӣ котиби масъули Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ буда, ҳамзамон узви Садорат ва Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Эҷодиёти ӯ аз замони мактаб оғоз ёфта, нахустин шеърҳояш дар маҷаллаи “Машъал” ва рӯзномаҳои “Маориф ва маданият”, “Комсомоли Тоҷикистон” ба табъ расидаанд. Масири эҷодии Раҳмат Назрӣ пурбор аст. “Ситораи рӯз”, “Лолаи оташ”, “Сарнавишт”, “Меҳроб”, “Ҳафтранг”, “Садои хомӯшӣ”, “Ширмаҳтоб” аз китобҳои маъруфи шоиранд.

Соли 1958 – Зодрӯзи Миралӣ Достиев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Миралӣ достиев

Миралӣ Достиев сарояндаи шинохтаи операи тоҷик буда, дар ин баробар дар вазифаҳои давлатӣ низ фаъолият кардааст.

Ӯ беш аз 20 сол, солҳои 1981-2002 сарояндаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ буда, аз соли 2002 директор ва сарояндаи ҳамин театр буд. Солҳои 2006-2013 муовини аввали вазири фарҳанги кишвар ва аз моҳи декабри соли 2013 дубора директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таъин шудааст.

Ӯ соҳиби маҳорати баланди касбӣ ва овози фораму дилнишин буда, дар операҳои композиторони тоҷик ва классикии ҷаҳон беш аз 30 нақш офаридааст. Онегин дар “Евгений Онегин”, Фигаро дар “Сартароши севилӣ”, Наср дар “Рӯдакӣ”, Исмоил дар “Амир Исмоил”, Рустам дар “Рустам ва Суҳроб” ва Восеъ дар “Фарёди дуриҳо” аз беҳтарин офаридаҳои ӯ мебошанд.

Миралӣ Дӯстиев соли 2015 вориди парлумон шуд. Ӯ баъди оне, ки Низом Қосим раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъин шуд, бидуни интихобот аз рӯйи феҳристи ҷумҳуриявии ҲХДТ вакил интихоб гардид.

Ҳоло роҳбари бадеии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ мебошад.

Соли 1973 – Мавлуди Саодатшо Матробиён, вакили Маҷлиси намояндагон.

Соли 2020 – Юсуф Акбарзода, адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик дар синни 82 даргузашт.

Соли 2020 - Исмоил Шафиев, собиқ директори Оҷонсии таъмини дороиҳои махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар синни 74 даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 15-уми октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии “асои сафед” таҷлил мегардад, ки рамзи истиқлолият ва озодии ҳаракати шахсони нобино дониста мешавад.


Таърихи пайдоиши асои сафед ба соли 1921 рост меояд. Он замон дар шаҳри Бристол дар Британия Ҷеймс Биггс ном аксбардори ҷавон баъд аз садама нобино шуд. Вай барои роҳгардӣ аз асои сиёҳ истифода мебурд, аммо пай бурд, ки ронандагон онро намебинанд. Аз ин рӯ, ӯ асои худро сафед ранг кард, то намоён бошад. Ин иқдоми одӣ баъдан ба рамзи ҷаҳонии нобиноён табдил ёфт.

Бино ба иттилои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), дар ҷаҳон тақрибан 36 миллион нафар пурра нобино буда, 1,3 миллиард нафар бо мушкилоти гуногуни биноӣ зиндагӣ мекунанд.

Ҳамчунин 15-уми октябр Рӯзи ҷаҳонии шустани дастҳо мебошад, ки онро ЮНИСЕФ эълон кардааст.


Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, ки дастҳои ношуста яке аз сабабҳои асосии марги кӯдакон дар кишварҳои Осиё ва Африқо мебошанд. Ҳадафи ин рӯз боло бурдани сатҳи огоҳии мардум дар бораи аҳамияти шустани дастҳо ҳамчун роҳи осон ва дастрас барои пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад.

15-уми октябр ҳамчунин Рӯзи байналмилалии занони деҳот таҷлил мешавад. Ин рӯз барои эътироф ва қадрдонии нақши муҳим ва заҳмати занони деҳот дар рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва хоҷагидории ҷомеа ҷашн гирифта мешавад.


Занони деҳот дар истеҳсоли озуқаворӣ, нигоҳдории муҳити зист ва таъмини амнияти ғизоии ҷаҳон саҳми бузург доранд. Бо вуҷуди ин, онҳо аксаран ба мушкилоти дастрасӣ ба маориф, тандурустӣ ва захираҳои иқтисодӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

15-уми октябри соли 1990, Михаил Горбачёв, роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ бо Ҷоизаи сулҳи Нобел сарфароз гардид. Ӯ бо ин ҳамчун ислоҳотчии бузург ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шуд, ки бо сиёсати “ошкорбаёнӣ” ва “ислоҳот” барои демократикунонии ҷомеа ва коҳиши шиддати сиёсати ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Ин ҷоиза ҳамчун эътирофи нақши ӯ дар поён додани ҷанги сард ва оғози равобити нав миёни Шарқу Ғарб арзёбӣ гардид.


15-уми октябри соли 2000 дар кӯҳи Монмартр дар шаҳри Париж “Девори муҳаббат”, ки ёдгории рамзӣ буда, муҳаббатро ба забонҳои гуногун таҷассум мекунад, ифтитоҳ шуд.

Майдони девор 40 метри мураббаъ буда, дар он ибораи “Ман туро дӯст медорам” ба 250 забон, аз ҷумла бо алифбои Брайл барои нобиноён навишта шудааст. Имрӯз “Девори муҳаббат” яке аз ҷойҳои маъруфтарини Порис ба ҳисоб меравад.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ15 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм,  рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 16+21º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 26+28º гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10º сард, рӯзона 7+12º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 27+29º гарм

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат:шабона 11+13º гарм, рӯзона 28+30º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 22+24º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.