Мавқеи шиносномаи хориҷии Тоҷикистон дар радабандии навшудаи "Passport Henley 2025", ки ҳамасола аз ҷониби пойгоҳи консалтингии "Henley & Partners" омода ва нашр мешавад, назар ба соли гузашта, 6 зина поён рафта, дар ҷои 87-ум қарор гирифтааст. Соли гузашта кишвари мо дар мавқеи 81-ум буд.
Тибқи иттилои ин пойгоҳ, шиносномаи тоҷикӣ имконият медиҳад, ки шаҳрвандон ҳамагӣ ба 55 кишвар бидуни раводид сафар кунанд.
Ин пойгоҳ шиносномаи мамлакатҳое, ки имконияти бе раводид ё бо раводиди соддашуда сафар карданро медиҳад, радабандӣ мекунад.
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қазоқистон дар ҷои аввал қарор дорад. Ин кишвар мақоми 67-умро ишғол карда, аз шаҳрвандонаш барои сафар ба 78 кишвари ҷаҳон раводид талаб намекунад.
Шиносномаи хориҷиии Қирғизистон дар ҷои 81-ум қарор дошта, шаҳрвандонашро имконият медиҳад, ки ба 62 кишвар бидуни раводид сафар намоянд. Ӯзбекистон бошад мақоми 82-ро ишғол кардааст. Бо шиносномаи ин кишвар ба 61 кишвар бе раводид ворид шудан мумкин аст.
Туркманистон бошад дар ҷойи 93-юм қарор дорад. Реҷаи бе раводиди ин кишвар дар 48 мамлакат амал мекунад.
Шиносномаи Русия низ мавқеашро аз даст дода, пас аз Венесуэла ва Молдова аз зинаи 46 ба 50-ум поин рафт.
Қобили зикр аст, ки се зинаи аввали радабандии навро кишварҳои Осиё ишғол кардаанд: Сингапур дар мақоми аввал (шаҳрвандон метавонанд аз 227 кишвари ҷаҳон ба 193 кишвар бидуни раводид ворид шаванд), Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи дуюм (190 кишвар) ва Ҷопон дар зинаи сеюм (189 кишвар).
Дар радабандиҳои шинсонома нишон дода мешавад, ки то кадом андоза дорандагони он метавонанд соддаву осон ба дигар давлатҳои ҷаҳон сафар кунанд. Чӣ қадре, ки шахс бисёртар ба давлатҳо бидуни раводид ё бо раводид зимни расидан ба онҳо сафар карда тавонад, ҳамон қадр шиносномаи ӯ “қавитар” шуморида мешавад.
Дар ҳамин ҳол, бар асоси маълумоти “Passport Index”, дар соли 2025 шиносномаи Тоҷикистон дар аз рӯи сатҳи озодии ҳаракат мақоми 66-умро ишғол мекунад. Соҳибони он метавонанд ба 23 кишвар бидуни раводид сафар кунанд, визаро дар 47 кишвар пас аз расидан ба кишвар гиранд ва ҳамчунин иҷозатномаи электронӣ (eTA) дар 4 кишвар ба даст оранд.
Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, низоми бидуни раводид бо 35 кишвари ҷаҳон амал мекунад, ки аз ин шумор 23 кишвар ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста аз навъи шиноснома вуруди бидуни раводидро таъмин мекунанд. Боқимонда, танҳо дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ бидуни раводид ворид мешаванд.





“500 ҳазор сомонӣ зарар кардам”. Савдогарони бозори сӯхтаи “Гулистон”-и Панҷакент дар бораи зарар ва қарзҳояшон гуфтанд
Раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд мулоқот ва машварат мекунанд
Таноқуз дар чорводорӣ: Истеҳсол зиёд шудааст, аммо нарху воридот ҳам афзоиш ёфтааст
Вазири дифои Тоҷикистон бо ҳамтои покистонияш дар Исломобод мулоқот кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 ноябри соли 2025
Консулҳои Тоҷикистон дар чор музофоти Русия ва як шаҳри Қазоқистон нав шуданд. Онҳо кистанд?
Ҷузъиёти кушта ва захмӣ шудани ду ноболиғ дар пайи ҷанҷоли гурӯҳи наврасон дар Душанбе
Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии "Тоҷикистон–2025" шурӯъ шуд
Завқӣ Завқизода аз мансаби вазири рушди иқтисод озод ва сафир дар Амрико таъин шуд. Боз киҳо аз вазифа озод шуданд?
“Ховар” аз “маҳдудияти нерӯи барқ” хабар дод. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки истеҳсоли нерӯи барқ кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста