ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 17 ОКТЯБР
- Дар Тоҷикистон дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи сомон” идома дорад. Дар баргаҳои мо бубинед, ки имрӯз кадом филм дар куҷо намоиш дода мешавад:
- Имрӯз, соати 10:00 дар толори Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар (ошёнаи дуввум) бахшида ба муаррифии китоби тозанашри нависанда ва рӯзноманигор Маҷид Салим “Қафасоб” маҳфили эҷодӣ баргузор мешавад. Вуруд озод аст.
- Имрӯз, дар даври сеюми марҳилаи интихобӣ аз гурӯҳи “А”, тими миллии футболи духтарони то 17-солаи Тоҷикистон бо дастаи Сурия бозӣ анҷом медиҳанд. Бозии дигари ин гурӯҳ байни Филиппин ва Малайзия баргузор мешавад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 17 ОКТЯБР
Соли 2017 – Қабри Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон ва яке аз раҳбарони Тоҷикистони шӯравӣ аз Боғи Садриддин Айнӣ ба оромгоҳи Лучоб кӯчонида шуд.
Пештар аз он, мақомот чаҳор қабри раҳбарони собиқи сиёсӣ ва рӯшанфикрони тоҷик – Ҷаббор Расулов, Боқӣ Раҳимзода, Камол Айнӣ ва ҳамсараш Муқаддима Ашрафиро шабона пинҳонӣ ба ин қабристон интиқол доданд. Мақомот тасмим гирифт, ки дар Боғи Айнӣ танҳо қабри тармимшудаи сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ боқӣ мемонад.
Соли 2004 – Пойгоҳи низомии Русия 201 дар Тоҷикистон расман ифтитоҳ шуд.
Соли 2013 – Тоҷикистон созишномаи транзити моликияти Британияро тавассути қаламрави худ аз Афғонистон тасдиқ намуд.
Соли 2019 – Сомон Маҳмадбеков, гуштигири тоҷик ба унвони чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон соҳиб шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1914 – Мавлуди Кенҷа Мирмуллоев, Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Тоҷикистони шуравӣ.
Соли 1943 – Мавлуди Шодӣ Шабдолов, сиёсатмадори тоҷик, раиси пешини Ҳизби коммунистии Тоҷикистон.

Шодӣ Шабдолов ба ҳайси яке аз ходимони собиқадори сиёсиву давлатӣ қариб 25 сол роҳбарии Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва 4 маротиба вакили парлумон интихоб шуд.
Аз камтарин сиёсатмадорон ва вакилони фаъоли парлумони Тоҷикистон дониста мешуд, ки вобаста ба масоили мубрам ҳамеша мавқеашро ошкоро ва боҷуръатона баён медошт. Соли 2016 аз фаъолияти сиёсӣ канор рафт ва бознишаста шуд.
Дар зер мусоҳибаи охирини ин сиёсатмадори тоҷикро бо “Азия-Плюс”, ки дар рӯзи 80-солагиаш, ду рӯз пеш аз маргаш пешниҳод мекунем: Шодӣ Шабдолов: Дар ягон ҳолат мавқеамро тағйир надодаам.
Соли 1959 – Зодрӯзи Миралӣ Раҷабзода, раиси пешини шаҳри Норак ва ноҳияи Файзобод, собиқ узви Маҷлиси миллӣ.
Соли 1973 – Мавлуди Ғайрат Азиззода, раиси пешини ноҳияи Мастчоҳ, вакили Маҷлиси намояндагон.

Соли 1994 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуровро ва cоли 2014 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст. Ихтисос-омӯзгор, молия ва қарз.
Солҳои 2010—2014 ҳамчун директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Захираи моддии Суғд"-и Агентии захираҳои моддӣ ва соли 2014 чан моҳ муовини аввали директори ин корхона кор кардааст. Аз декабри cоли 2014 то соли 2020 раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд буд.
1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд ва як навбат кор кард. Дар интихоботи моҳи марти соли равон ҳам вакили парлумон интихоб шуд.
Соли 1976 – Қулмамад Элназаров, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шуравӣ дар 70-солагӣ даргузашт.
Соли 1992 – Кароматулло Қурбонов, овозхон, мусиқидон ва оҳангсози тоҷик дар 30-солагӣ ба қатл расид.

Кароматуллоҳи Қурбон аз чеҳраҳои саршиносу овозхонҳои пуртарафдори поёни солҳои 80 ва оғози солҳои 90-ум буд.
Кароматуллоҳи Қурбон дар тӯли фаъолияти эҷодии кӯтоҳи худ тавонист, дар саҳнаи тоҷик мактаби шахсии овозхонии худро созмон диҳад. Сурудҳои ӯ бисёр чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, тӯю ҷашнҳоро оро додаанд. То имрӯз ҳазорҳо нафар ҳаводори овози ӯ мебошанд ва мактаби ӯ аз давомдортарину пурпайравтарин мактабҳои эстрадаи тоҷик аст.
Ӯ аз даврони мактабхонӣ ба омӯзиши мусиқӣ шурӯъ намуда, дар аввал ҳамроҳи дӯстонаш гурӯҳи созию овозии “Суғдиён”- ро ташкил намуд. Баъдан, аз гурӯҳ ҷудо шуд ва ба дастаи ҳунарии “Гулшан” ба кор даромад. Қуллаи эҷодиёти сароянда ба охири солҳои 80-ум - аввали солҳои 90-ум рост меояд, вақте ки ӯ воқеан яке аз солистҳои асосии ин дастаи машҳур буд. Матлаби “Азия-плюс”-ро ба муносибати 60 солагии ин овозхони саршиноси тоҷик инҷо бихонед: Кароматуллоҳи Қурбон - қурбонии саршиноси ҷанги шаҳрвандӣ. Имрӯз бояд 60-сола мешуд
Ӯ шаби 17-уми октябри соли 1992 бо дастаи ҳунариаш ҳангоми бозгашт аз тӯйи яке аз ҳаводоронаш аз ноҳияи Ёвон аз ҷониби аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ ба қатл расонида шуд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 17-уми октябр дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо камбизоатӣ таҷлил мешавад. Таърихи ин рӯз ба 17-уми октябри соли 1987 рабт мегирад, ки беш аз 100 ҳазор нафар дар майдони Трокадеро дар шаҳри Порис ҷамъ омаданд ва маҳз дар он ҷо соли 1948 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул шуд.

Онҳо ба хотири қурбониёни гуруснагӣ, шиканҷа ва камбизоатӣ ҷамъ шуда, барои адолат садо баланд карданд. Дар ҷойи баргузории он гирдиҳамоӣ санги ёдгорӣ гузошта шуд.
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, имрӯ беш аз 736 миллион нафар дар ҷаҳон бо даромади камтар аз $1,90 дар як рӯз зиндагӣ доранд.
Ҳамасола 17 октябр Рӯзи ҷаҳонии осебҳо (травма) низ таҷлил мешавад. Ин ташаббус соли 2011 дар шаҳри Ню-Деҳлӣ (Ҳиндустон) оғоз ёфт.

Ба гуфтаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ҳар сол миллионҳо нафар аз сабаби садамаҳои нақлиётӣ, суқут, ҷароҳатҳои корӣ ва хонаводагӣ ҷон мебозанд ё маъюб мешаванд. Таҷлили ин рӯз мардумро ба эҳтиёткорӣ ва риояи бехатарӣ даъват мекунад.
Шуруъ аз соли 2010, ҳамасола 17-уми октябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҷадвалҳои электронии компютерӣ таҷлил мешавад. Ин сана аз рӯйдоди таърихӣ, нашри аввалин барномаи ҷадвалҳои электронӣ бо номи “VisiCalc” барои компютерҳои шахсӣ дар таърихи 1-уми октябри соли 1979 маншаъ мегирад.

Ин барнома қадамҳои аввалини таҳаввули системаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили маълумот дар муҳити рақамӣ буд. Имрӯз ҷадвалҳои электронӣ (мисли Excel ва барномаҳои монанд) аз ҳисобҳои молиявию иқтисодӣ то таҳлили оморӣ ва таҳияи нақшаҳои илмӣ васеъ истифода мешаванд.
17-уми октябри соли 1990 дар Интернет пойгоҳи маълумотии маъруфи IMDb (Internet Movie Database) ифтитоҳ ёфт. Он бузургтарин пойгоҳи иттилоотӣ дар бораи филмҳо, барномаҳои телевизионӣ, ҳунармандон ва коргардонҳо ба ҳисоб меравад.

Имрӯз ин пойгоҳ бо зиёда аз 10 миллион маълумот яке аз манбаъҳои асосӣ барои дӯстдорони синамо дар саросари ҷаҳон аст. Он ба тамошобинон имкон медиҳад, ки дар бораи ҳар як филм – аз соли сабт то мавқеи ҷаҳонии он маълумоти дақиқ дастрас намоянд.
17-уми октябри соли 1902 дар шаҳри Детройт аввалин автомобил бо номи “Cadillac” истеҳсол шуд. Ин рӯз ҳамчун оғози фаъолияти бренди машҳури автомобилсозии амрикоӣ ба ҳисоб меравад.
Модели аввалини “Cadillac” бо муҳаррики қавӣ ва тарҳи замонавӣ сохта шуд ва хеле зуд дар ҷаҳон маъруф гардид.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 17 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 15+20º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 26+28º гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10º сард, рӯзона 7+12º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 26+28º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 24+26º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 28+30º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 20+22º гарм.




“500 ҳазор сомонӣ зарар кардам”. Савдогарони бозори сӯхтаи “Гулистон”-и Панҷакент дар бораи зарар ва қарзҳояшон гуфтанд
Раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд мулоқот ва машварат мекунанд
Таноқуз дар чорводорӣ: Истеҳсол зиёд шудааст, аммо нарху воридот ҳам афзоиш ёфтааст
Вазири дифои Тоҷикистон бо ҳамтои покистонияш дар Исломобод мулоқот кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 ноябри соли 2025
Консулҳои Тоҷикистон дар чор музофоти Русия ва як шаҳри Қазоқистон нав шуданд. Онҳо кистанд?
Ҷузъиёти кушта ва захмӣ шудани ду ноболиғ дар пайи ҷанҷоли гурӯҳи наврасон дар Душанбе
Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии "Тоҷикистон–2025" шурӯъ шуд
Завқӣ Завқизода аз мансаби вазири рушди иқтисод озод ва сафир дар Амрико таъин шуд. Боз киҳо аз вазифа озод шуданд?
“Ховар” аз “маҳдудияти нерӯи барқ” хабар дод. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки истеҳсоли нерӯи барқ кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста