Tcell аз сӯи ширкати байналмилалии Ookla ҳамчун “Шабакаи зудтарин дар Тоҷикистон” дар нимаи аввали соли 2025 эътироф шудааст.

Озодхон Давлатшоев, директори генералии Tcell гуфт, ки “ин дастовард натиҷаи меҳнати софдилона ва садоқати дастаи Tcell, инчунин дастгирии саҳмдорон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки рушди рақамиро бо сиёсати оқилонаашон дастгирӣ менамоянд”.

“Ҳар як сармоягузории Tcell бо ҳадафи амиқ— баланд бардоштани сифати зиндагии мардум, пешбурди рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва сохтани ояндаи рақамии Тоҷикистон анҷом дода мешавад”, - гуфт ӯ.
Акс аз ҷониби ширкат пешниҳод шудааст

Ба таъкиди номбурда, дар соли 25-солагии фаъолияти Tcell ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ин ҷоиза рамзи ифтихор ва масъулияти нав барои сохтани ояндаи рақамии Тоҷикистон мебошад.

Бояд гуфт, ки ширкати байналмилалии Ookla яке аз пешсафони ҷаҳонӣ дар соҳаи таҳлили шабакаҳо ва омӯзиши сифати интернет мебошад.

Платформаи маъруфи Speedtest ҳар рӯз садҳо миллион озмоиши истифодабарандагонро ҷамъоварӣ мекунад ва тасвири воқеии суръат ва сифати шабакаҳоро дар ҷаҳон пешниҳод менамояд. Ҷоизаҳои "Speedtest Awards" ба ширкатҳое дода мешаванд, ки дар пешниҳоди суръати баланд ва сифати хизматрасонӣ натиҷаҳои беҳтаринро нишон медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.