Имрӯз, 18-уми октябр дар Кохи “Наврӯз”-и шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми ҳунарии "Моҳӣ дар шаст" баргузор мегардад. Ин филми муштараки Тоҷикистону Эрон, ки ба коргардонии Муҳиддини Музаффар офарида шудааст, қиссаи таъсирбахши писарбачаи даҳсолае ба номи Далерро ҳикоят мекунад, ки тарбиятгирандаи мактаб-интернат буда, ҳамроҳи Самади қиморбоз ба сафари тӯлонӣ аз шимол то ҷануби Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи модараш мебарояд.
Ин сафар на танҳо достони ҷустуҷӯи модари кӯдак, балки тағйири ботини ӯ ва атрофиёнаш низ мебошад. Филм бо забони рамзу абзорҳои ҳунарӣ ҷаҳони ботинии қаҳрамононро пеши рӯи бинанда боз мекунад ва паёмҳое дар бораи маънии зиндагӣ, озодагӣ ва қадру қимати инсонро дорад.
Чаро тамошобин бояд филми "Моҳӣ дар шаст"-ро бубинад? Дар бахшҳои зерин дар ин робита 7 далели муҳимро баррасӣ мекунем.
Мавзӯи тарбиявӣ ва таъсирдор. Филми "Моҳӣ дар шаст" мавзӯеро баррасӣ мекунад, ки на танҳо барои кӯдакон, балки барои бузургсолон низ муҳим аст. Қиссаи Далери даҳсола, ки дар ятимхона калон шуда, орзуи дидори модараш доштааст, метавонад ба дили ҳар кас роҳ биёбад. Сафари тӯлонии ӯ барои пайдо кардани модараш на танҳо ҷустуҷӯи ҷисмонист, балки сайри маънавӣ ва ботинии як хурдсол аст.

Коргардон тавонистааст бо забони ҳунар масъалаҳои муҳиме чун танҳоӣ, муҳаббат, тағйир ва омӯзиши зиндагиро пеши бинанда гузорад. Муколамаҳои Далер бо Самаду Нигора (ҳамсари Самад ва муррабии мактаб-интернат) ва муколамаи Самад бо мӯйсафеди 92-солае, ки ба зиёрати оромгоҳи модараш меравад, паёмҳое дар бораи маънии зиндагӣ ва ҷойгоҳи модар дар зиндагии ҳар фардро доранд.
Тасвирҳои филм, аз қабили дарахти сабзи навбар, тасмимгирӣ дар сари сероҳа, сайди моҳӣ ва раҳо кардани моҳиҳои ба қулоб афтода, ҳамагӣ рамзҳое аз бархурди манофеъ ва таззодҳои рӯзгори қаҳрамонон ҳастанд.
Манзараҳои зебои Тоҷикистон, аз шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Айнӣ, Панҷакент, Муъминобод, Ваҳдат, Норак, Душанбе пасманзари филмро зебо мекунанд.
Ҳамкории касбӣ бо мутахассисони сатҳи баланди эронӣ. Филми "Моҳӣ дар шаст" на танҳо ҳамкории синамоии Тоҷикистону Эрон аст, балки нахустин лоиҳаи бузурги муштараки ду кишвар дар даврони истиқлол маҳсуб мешавад.
Ин филми киностудияи "Довфилм" бо ҳамкории ширкатҳои маъруфи эронии "IFilm" ва "30CUP", инчунин киностудияҳои "Тоҷикфилм" истеҳсол гардидааст. Дастаи эҷодии филм аз мутахассисони касбӣ ва боистеъдод аз Эрону Тоҷикистон иборат аст, ки ҳар кадоме дар соҳаи худ дар ҷашнвораҳои бонуфуз, бахусус Ҷашнвораи Фаҷр, борҳо соҳиби ҷоизаҳо шудаанд.
Оҳангсози филм Фардин Халъатбарӣ яке аз мусиқидонони машҳури синамои Эрон аст, ки барои офаридани мусиқӣ дар силсилафилмҳои маъруфе чун "Шаҳрзод" шуҳрат дорад. Ӯ ҳашт маротиба дар Ҷашнвораи Фаҷр номзади дарёфти ҷоизаи "Симурғи булӯрин" дар бахши "Беҳтарин мусиқии филм" шудааст.
Садогузори филм Ораш Қосимӣ низ дар филмҳо ва силсилаҳои машҳури эронӣ фаъолият кардааст ва барои кори садои худ дар филми "Хуруҷ" дар Ҷашнвораи филми Фаҷр номзадии ҷоизаи "Беҳтарин садобардор"-ро ба даст овардааст.

Танзимгари филм Имоди Худобахш низ яке аз танзимгарони боистеъдод дар синамои муосири Эрон аст, ки барои кори дақиқи худ дар танзими филмҳое чун "Кӯпал", "Хуруҷ" ва "Нозирон" эътироф шудааст.
Ин ҳамкорӣ боиси он шудааст, ки сифати техникӣ ва ҳунарии филм дар сатҳи баланди байналмилалӣ қарор гирад. Садо ва овози филм бо касбият танзим карда шуда, мусиқии он ҷонбахш ва дилнишин аст.
Нақшофарии Сайёра Сафарӣ дар аввалин филми тоҷикӣ. Сайёра Сафарӣ асосан бо нақшофариаш дар синамои Русия маъруф аст. Ӯ соли 2009 ба майдони синамо ворид шуд ва то 2024 дар 13 филму силсилафилм нақш офарид.
Сайёра Сафарӣ бештар баъд аз иҷрои нақши марказӣ дар силсилафилми русии маъруфи "Гюльчатай" (2011) дар Русия маҳбубият ёфт.

Сафарӣ барои аввалин бор дар филми тоҷикӣ ҳузур пайдо кард. Дар филми "Моҳӣ дар шаст" ӯ нақши Нигора, сармураббии ятимхонаро бо забони меъёр ва равони тоҷикӣ иҷро мекунад, ки ин барои бисёре ғайричашмдошт буд.
Барои омодагӣ ба ин нақш, Сайёра Сафарӣ чанд муддат дар ятимхонаи воқеӣ зиндагӣ карда, бо тарбиятгирандагон вақт гузаронда, ҳаёт ва душвориҳои онҳоро аз наздик мушоҳида кардааст. Ин ба ӯ имкон дода, ки нақши Нигораро бо хуб ва боэҳсос офарад.
Ин нақшофарӣ на танҳо барои корномаи ҳунарии Сайёра Сафарӣ муҳим аст, балки барои синамои тоҷик низ рӯйдоди хурсандкунанда мебошад, зеро ҳунарманди боистеъдоди тоҷикро ба саҳнаи синамои миллӣ бозгардонд.
Абдулло Абдураҳимзода, бозёфти коргардон. Нақши марказии филм, Далери даҳсола, аз ҷониби Абдулло Абдураҳимзода, писарбачаи ҳаштсолае аз мактаб-интернати Душанбе, иҷро шудааст. Коргардони филм Муҳиддини Музаффар барои ёфтани иҷрокунандаи ин нақш аз миёни 1800 донишомӯзи парваришгоҳҳои кишвар ҷустуҷӯ кардааст ва ниҳоят Абдуллоро интихоб намудааст.

Абдулло худ тарбиятгирандаи мактаб-интернат аст ва зиндагии парваришгоҳро хуб медонад. Ӯ дар филм на ҳамчун актёр, балки ҳамчун кӯдаке, ки тавонистааст тамоми таҷрибаи зиндагии худро дар нақш гузорад, амал мекунад. Ба гуфтаи синамошиносон, Далер яке аз бозёфтҳои коргардон аст, бозии табиӣ ва таъсирбахши ӯ боиси он шуда, ки бинанда дар сафари ӯ ширкат намояд.
Муҳиддини Музаффар тавонистааст бо забони рамзу абзорҳои ҳунарӣ ҷаҳони ботинии Далерро барои бинанда боз кунад. Далери кӯчак ва муштоқи дидори модар дар роҳи расидан ба ин ҳадаф "ба камол мерасад" ва ҳатто бо шеваи бархӯрд ба ҳаводиси муҳити атрофаш боиси тағйири хисолу рафтори ҳамсафараш Самади қиморбоз мешавад.
Ҳунарофарии ҳунармандони ҳирфавии тоҷик. Филми "Моҳӣ дар шаст" ба ғайр аз Сайёра Сафарӣ ва Абдулло Абдураҳимзода, як гурӯҳи ҳунармандони машҳури тоҷикро низ ҷалб кардааст, ки ҳар яке аз онҳо нақши худро бо хотирмон бозидаанд.
Хуршед Мустафоев, ҳунарманд ва коргардони маъруфи тоҷик, нақши Самадро иҷро мекунад, ки ба қиморбозӣ майл дорад ва зиндагиаш ба воситаи ин одати зараровар табоҳ шудааст. Бозии Хуршед Мустафоев он қадар таъсирбахш аст, ки бинанда метавонад тағйири дарунии ин қаҳрамонро дар тӯли сафар ба воситаи таъсири Далер мушоҳида кунад.
Исфандиёр Ғуломов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон нақши мӯйсафеди 92-солаи роҳгузареро бозидааст, ки ба зиёрати оромгоҳи модараш меравад ва бо Самад ва Далер дар роҳ мулоқот мекунад. Ин порчаи як аз лаҳзаҳои хотирмони филм аст, ки дар ангораҳои ҳар бинанда боқӣ мемонад - ҳар се як ҳадаф доранд: ҷустуҷӯи модар.

Дар филм инчунин Асалбек Назриев ва Асланшо Раҳматуллоев, ду Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Моҳпайкар Ёрова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон нақшҳои дигарро бозидаанд, ки ҳар яке филмро қувват додааст.
Ин гурӯҳи ҳунармандони ботаҷриба ва боистеъдод ба филм рӯҳ бахшидаанд ва онро ба осори ёдмоне табдил додаанд.
Нахустнамоиши ҷаҳонӣ дар Олмон ва нахустҷоиза дар Эрон. Филми "Моҳӣ дар шаст" қабл аз намоиши расмии худ дар Тоҷикистон, дар кинофестивалҳои байналмилалӣ ҷоиза гирифт ва собит кард, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ рақобатпазир аст.
Дар Синамоҷашнвораи миллии Душанбе "Тоҷи Сомон" дар соли 2024, филм соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Пас аз ин, аввали моҳи октябри соли равон филм дар 37-умин Кинофестивали байналмилалии кӯдакон ва наврасони Исфаҳон дар Эрон Ҷоизаи хоссаи котиби фестивалро дар номинатсияи филмҳои ҳунарии пурраметражи байналмилалӣ ба даст овард. Ин нахустин ҷоизаи байналмилалии филм буд.
Нахустнамоиши ҷаҳонии филм дар 30-юмин Синамоҷашнвораи байналмилалии бачагон ва навҷавонон "Шилингел" дар шаҳри Хемнитсе, Олмон бо ҳузури коргардон Муҳиддини Музаффар ва бозигари нақши марказӣ Абдулло Абдураҳимзода баргузор шуд. Филм дар ин фестивал аз ҷониби тамошобинон ва аҳли ҳунар, ба гуфтаи таҳиягарон, баҳои баланд гирифт.
Рӯнамоии аввали филм дар хориҷ 21-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид. Дар расонаҳои эронӣ даҳҳо хабару гузориш ва нақд пиромуни ин филми муштараки Тоҷикистону Эрон нашр шудааст.
Имконияти ягонаи тамошо: пас аз ин дигар намоиш дода намешавад. Шоми имрӯз дар Кохи “Наврӯз” дар Душанбе соати 19:00 нахустнамоиши филми ҳунарии "Моҳӣ дар шаст" бо иштироки созандагони филм аз Тоҷикистону Эрон баргузор мегардад. Ин намоиш дар ҳошияи Синамоҷашвораи дуюми байналмилалии "Тоҷи Сомон" сурат мегирад. Пас аз ин, имконияти тамошои филм дар Тоҷикистон то дер фароҳам намешавад, зеро филм ба сафари байналмилалӣ ба ҷашнвораҳо меравад.
Ин имконияти ягона аст, ки метавонед ин филми хуб ва таъсирбахшро дар шароити синамо, бо садову тасвири баланд, дар ҳузури коргардон ва созандагон тамошо кунед. Ошиқони синамо бояд ин фурсатро аз даст намедиҳанд ва ҳатман ин шом ба Кохи Наврӯз оянд, то шоҳиди як рӯйдоди муҳим дар таърихи синамои тоҷик бошанд.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 ноябри соли 2025
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Муаллими пиёда”. Қиссаи омӯзгоре, ки барои дарсгӯӣ 5 километр роҳро пиёда тай мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 ноябри соли 2025
Гулҷаҳон Бобосодиқова: “Ҳоло вақти хонашинӣ нарасидааст”
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории домоду арӯс
Парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Самарқанд пурра бекор шудаааст
Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузории худро дар нишасти тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва ИМА муаррифӣ кард
Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷа, таваҷҷуҳ ба зеҳни сунъӣ ва “либоси номувофиқ”. Ректорҳои навтаъин чӣ нақшаҳо доранд?
Мақомоти Қазоқистон 53 мусофири тоҷикро аз сардӣ наҷот додаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста