Парвозҳои мустақим аз Душанбе ба Самарқанд ва баръакс, ки баъди таваққуфи 6-сола моҳи июли соли равон роҳандозӣ шуда буданд, пурра лағв шудааст. Ҳоло беш аз ду моҳ мешавад, ки ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Самарқанд ва баръакс мустақим парвоз намекунанд.

Дар ин бора аз ширкати ҳавопаймоии “Centrum Air”-и Ӯзбекистон, ки парвозҳоро анҷом медод, ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфтанд, далели бекор шудани парвозҳо кам будани мусофирон ва ҳамин тариқ, набудани талабот ба хатсайр аст.

"Ҳатто дар давраи барқарор будани парвозҳо ҳавопаймоҳо пур намешуданд", - афзуданд аз ширкат.

Ба иттилои манбаъ, дар ояндаи наздик байни Душанбе ва Самаркқнд парвозҳо барқарор намешаванд.

Ҳоло танҳо байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд ҳавопаймоҳо дар як ҳафта чаҳор маротиба парвоз мекунанд.   Дар ин масир ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон, "Uzbekistan Airways" ва “Centrum Air” -и Ӯзбекистон парвоз анҷом медиҳанд.

Арзиши билет дар хатсайри Тошканд-Душанбе аз 700 сомонӣ оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки парвозҳои ҳавопаймоӣ дар масири Самарқанд-Душанбе-Самарқанд пас аз таваққуфи 6-сола моҳи июли имсол аз сӯи ширкати ҳавопаймоии “Centrum Air”-и Ӯзбекистон барқарор шуда буданд.

Ҳавопаймоҳои ин ширкат дар як ҳафта ду маротиба, рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе аз Самарқанд ба Душанбе ва баръакс мусофир мебурданд. Он замон нархи билет дар хатсайри Самарқанд-Душанбе аз 608 ҳазор сӯм (тақрибан 460 сомонӣ) оғоз мешуд.

Парвози мустақим дар масири Душанбе-Самарқанд-Душанбе соли 2018 баъди таваққуфи 25-сола аз ҷониби ширкати “Тоҷик-Эйр” ба роҳ монда шуда буд. Аммо ин парвозҳо тақрибан баъди як сол қатъ гардиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.