ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

- Имрӯз, соати 11:00 дар Театри давлатии Лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши “Гурба, рӯбоҳ ва хурӯс” ба саҳна гузошта мешавад. Коргардони он Зафар Ҷаводов аст. Арзиши чипта барои вуруд 20 сомонӣ аст.

- Имрӯз ҳунармандони тоҷик дар шаҳри Ню-Йорк консерт медиҳанд. Др ин консерт сарояндаи маъруфи тоҷик, Исмоил Назриев, Соҳиб Назриев, Таҳмина Ниёзова, Фотима Машрабова, Нозияи Кароматулло, Нигина Амонқулова, Лоиқ Холов, Фаррух Ҳасанов, Чоршанбе Аловатов, Фирдавс Ҳошимов ва ҳунарпешагони дигари тоҷик иштирок мекунанд.

Консерти мазкур рӯзи 7-уми ноябр дар Вашингтон низ баргузор гардида буд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2007 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон фармони ифтитоҳи Консулгарии генералии Тоҷикистондар шаҳри Екатеринбурги Русияро имзо кард.

Соли 2018 – Дар ҷаласаи Кумитаи дуюми Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи Тоҷикистон таҳти унвони “Бознигарии фарогири миёнамуҳлати раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” муаррифӣ шуд.

Соли 2018 – Маркази муқовимат бо терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) ба истифода дода шуд.

Соли 2022 – Бинои қисми ҳарбии Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД мавриди истифода қарор гирифт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1877 – Мавлуди Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, файласуф, шоири форсигӯи Ҳиндустон.

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ яке аз чеҳраҳои барҷастаи фарҳангӣ, фалсафӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳон аст. Ӯ на танҳо шоири тавоно, балки андешаманд, файласуф ва сиёсатмадоре буд, ки бо сухану афкор ва асарҳояш миллионҳо инсонро ба сӯи худшиносӣ ва бедории миллӣ раҳнамун сохт.

Ӯ дар шаҳри Сиёлкӯти Панҷоб таваллуд шуда, дар донишгоҳҳои Лоҳур, Кембриҷ ва Мюнхен таҳсил кардааст. Доктори фалсафа буд ва дар соҳаи илму ҳикмат асарҳои гаронбаҳое навишт.

Шеъри ӯ омезае аз ирфон, фалсафа ва бедории миллӣ аст. Иқбол ба забонҳои форсӣ ва урду шеър мегуфт. Девонҳои маъруфи форсии ӯ “Асрори худӣ”, “Румузи бехудӣ”, “Паёми Машриқ”, “Забури Аҷам” ва “Ҷовиднома” ном доранд.

Муҳаммад Иқбол 21-уми апрели соли 1938 дар Лоҳур даргузашт. Мақбараи ӯ дар назди масҷиди шоҳии Лоҳур ҷойгир буда, яке аз маҳалли зиёрати дӯстдорони адаб ва фарҳанг аст.

Соли 1917 – Зодрӯзи Абдусалом Раҳимов, ҳунарпеша ва коргардони синамо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шуравӣ.

Абдусалом Раҳимов

Абдусалом Раҳимов яке аз чеҳраҳои барҷастаи синамои тоҷик буда, ҳамчун ҳунарпеша ва коргардон дар ташаккули синамои миллӣ низ саҳм дорад.

Ӯ таҳсилоти ҳунарии худро дар курсҳои ҳунарпешагии назди киностудияи Сталинобод (соли 1936) оғоз намуда, баъдан факултети ҳунарпешагии ГИТИС (соли 1941) ва факултети таъриху фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Омезиши дониши фалсафӣ ва таҷрибаи ҳунарӣ ба ӯ имкон дод, ки ҷаҳонбинии амиқ ва сабки хоси эҷодии худро дар саҳна ва синамо ташаккул диҳад.

Фаъолияти ӯ дар соҳаи синамо аз солҳои аввали таъсиси синамои тоҷик оғоз ёфтааст.

Абдусалом Раҳимов 5-уми январи соли 1999 даргузашт.

Соли 1937 – Мавлуди Иброҳим Ҳасанов, варзишгар-заврақрони тоҷик, Устоди шоистаи варзиш.

Иброҳим Ҳасанов

Иброҳим Ҳасанов ҳамчун варзишгар, мураббӣ ва олим дар таърихи варзиши тоҷик ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми бузург гузоштааст.

Ҳасанов аввалин варзишгари тоҷик буд, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби ИҶШС дар Бозиҳои олимпии соли 1960 дар Рим ва соли 1964 дар Токио ширкат варзид. Ӯ 11 маротиба қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардида, дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва аврупоӣ медалҳои нуқра ба даст овардааст.

Ӯ на танҳо варзишгари сатҳи ҷаҳонӣ, балки раҳбари шинохта низ буд. Ӯ солҳои 1984–1985 раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, солҳои 1985–1991 раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ва нахустин раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон буд. Ду маротиба ба ҳайси депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шудааст.

Солҳои охири ҳаёт Иброҳим Ҳасанов дар Ҷумҳурии Исломии Эрон фаъолияти мураббигиро идома дода, тими мунтахаби заврақронии ин кишварро роҳнамоӣ мекард.

ай 2 марти соли 2010 дар синни 73-солагӣ бар асари ҳамлаи қалбӣ дар шаҳри Теҳрон даргузашт. Ҷасади ӯ 7-уми март ба Душанбе оварда шуда, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд.

Соли 1947 – Зодрӯзи Ғолиб Исломов, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Ғолиб Исломов

Ғолиб Исломов яке аз ҳунарпешагони маъруфи театр ва синамои тоҷик аст. Ӯ пас аз хатми Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскав соли 1971, фаъолияти эҷодии худро дар Театри ҷавонони Тоҷикистон оғоз намуд.

Номбурда дар тӯли фаъолияти худ дар беш аз шаст намоиш нақшофарӣ намудааст. Аз ҷумла, нақшофарии ӯ дар намоишномаҳои маъруф чун “Хазони сари роҳ”, “Муаллими рақс”, “Пирии пурзаҳмат”, “Модар”, “Ситораи раҳнамо”, “Дилшод”, “Якпула савдо, садпула ғавғо” ва “Умед” маҳбубияти зиёд ёфтааст.

Ӯ ҳамчунин дар филмҳои тоҷикии “Чор нафар аз Чорсанг”, “Вохӯриҳои кӯтоҳ дар ҷанги тӯлонӣ”, “Вохӯрӣ дар дараи марг”, “Манзилатон обод бод” ва “Боз як шаби Шаҳрзод” нақшҳои хотирмон офаридааст.

Соли 1977 - Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шаби 8 ба 9-уми нояр  дар як ҳодисаи мармуз дар Бағдод, пойтахти Ироқ ҷон бохт. Ҷасади ӯ рӯзи 12-уми ноябр дар Душанбе ба хок супорида шуд.

Маҳмудҷон Воҳидов

Маҳмудҷон Воҳидов 38 сол умр дид ва дар камолоти ҳунараш аз олам даргузашт. Нақши Маҳмудҷон Воҳидов дар санъати миллӣ басо арзишманд дониста мешавад ва намоишҳои офаридаи ӯ дар дар мисоли “Гуфтугӯ бо худ” ва “Алломаи Адҳам” то ба ҳол шоҳкории санъати асил ҳисоб шуда, ба хазинаи тиллоии фарҳанги миллӣ дохил гардидаанд.

Дар ин радиф, намоишномаҳои “Қисмати шоир”, “Ромео ва Ҷулйетта”, “Муфаттиш”, филмҳои ҳунарии “Зумрад”, “Ҳасани аробакаш” ва “Достони Рустам ва Сӯҳроб”-и ӯ дар хотираи миллат нақш бастаанд.

Маҳмуд Воҳидов дар айни камолот - 38-солагӣ дар сафари эҷодие дар шаҳри Бағдод вафот кард. Ҷасади ӯ рӯзи 12-уми ноябри соли 1977 аз шаҳри Бағдод ба Душанбе омад ва ба хок супорида шуд. Бо гузашти беш аз 45 сол марги ӯ мармуз боқӣ монда, воқеият то ҳол ошкор нашудааст.

Дар бораи марги Мавмудҷон Воҳидов дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед: “Марги печидаву мармуз”. Пас аз 45 сол касе воқеияти вафоти Маҳмудҷон Воҳидовро ошкор намекунад

Соли 1985 – Муҳаммадқул Нарзиқулов, доктори илмҳои биологӣ, собиқ роҳбари Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи Академияи илмҳо дар 71-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 9-уми ноябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бо фашизм, нажодпарастӣ ва зиддияҳудӣ таҷлил карда мешавад. Ин сана ба як рӯйдоди фоҷиабори таърих - “Шаби булӯрӣ” (Kristallnacht) ё худ “Шаби шишаҳои шикаста” пайванд дорад.


Дар шаби 9 ба 10-уми ноябри соли 1938 дар Олмон шӯриши оммавии зиддияҳудӣ сар зад, ки аз ҷониби ҳукумати фашистии сеюми Рейх роҳандозӣ шуда буд. Дӯконҳо, хонаҳо ва ибодатгоҳҳои яҳудиён шикаставу сӯхта шуданд. Дар ин ҳамлаҳо беш аз 90 нафар кушта, тақрибан 30 ҳазор яҳудӣ боздошт ва ба лагерҳои консентратсионӣ фиристода шуданд.

Имрӯз ин рӯз ҳамчун рамзи ҳушдор аз зулму нафрат ва даъват ба таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта дар саросари ҷаҳон ёдоварӣ мешавад.

9-уми ноябри соли 1989 яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини асри ХХ - тахриби Девори Берлин ба вуқуъ пайваст.


Ин девор, ки аз 13-уми августи соли 1961 сохта мешуд, Олмони Шарқиро аз Берлини Ғарбӣ ҷудо мекард. Ҳадафи он пешгирӣ аз гурези шаҳрвандони Олмони Шарқӣ ба қисмати ғарбии шаҳр буд. Пас аз заъфу суқути режими коммунистӣ, мардум бо шодию ашкҳои хурсандӣ ба кӯчаҳо рехтанд ва бо табар, болға ва дастони худ деворро хароб карданд. Ин рӯйдод поёни рамзии ҷанги сард ва оғози ваҳдати Олмон гардид.

Имрӯз дар Олмон Осорхонаи Девори Берлин фаъол аст. Он ҷо боздидкунандагон мебинанд, ки чӣ гуна одамон барои гурехтан аз тарафи шарқӣ ба ғарбӣ аз роҳҳои аҷиб истифода мекарданд. 

Инчунин имрӯз дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии аксияҳои зиддиҳастаӣ таҷлил мешавад. Мақсади ин сана ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хатари партовҳои ҳастаӣ ва нерӯгоҳҳои атомӣ мебошад. Сӯзишвории истифодашудаи ҳастаӣ яке аз хатарноктарин партовҳои саноати атомӣ ба ҳисоб меравад ва барои сокиноне, ки дар наздикии ҷойҳои дафни он зиндагӣ мекунанд, таҳдиди ҷиддӣ дорад.


Ба гуфтаи коршиносон, хавфи садамаҳои радиатсионӣ пурра аз байн намеравад ва барои аз истифода хориҷ кардани нерӯгоҳҳои атомӣ хароҷот 10 маротиба бештар аз арзиши сохтмон аст.

Бо вуҷуди ин, дар бисёр кишварҳо то ҳол фондҳои махсуси маблағгузорӣ барои барҳамдиҳии нерӯгоҳҳо вуҷуд надоранд.

9-уми ноябр ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии лизинг мебошад. Лизинг ин навъи муосири иҷораест, ки ба шахс ё ширкат имкон медиҳад молу таҷҳизотро истифода барад ва дар охири муҳлат онро ба таври расмӣ харидорӣ кунад.


Барои соҳибкорон лизинг як воситаи муҳим барои рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Он ба ширкатҳо имкон медиҳад, ки бе сармоягузории калон фаъолияти худро васеъ намоянд.

Дар Рими қадим ва асрҳои миёна лизинг дар шаклҳои гуногун истифода мешуд. Бо рушди саноат дар Аврупо ва Амрико, ин шакли муносибатҳои иқтисодӣ боз ҳам такмил ёфт.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 9 НОЯБР

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона 3+8º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 6+11º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 7+12º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, рӯзона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 18-20º сард, рӯзона -3+2º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 10+12º гарм.  

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.