Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз фаъол шудани як паёмрасони миллӣ бо номи “ORIZ” хабар додааст, ки  “имкони ирсоли паёмҳои матнӣ, овозӣ ва видеоиро бо интернети пастсуръат низ дорад”.

Манбаъ мегӯяд, “ORIZ” пурра аз ҷониби мутахассисони ҶСК “Тоҷиктелеком” таҳия шуда, ҳамаи пойгоҳи танзимот (серверҳо)-и он дар дохили ҷумҳурӣ ҷойгир аст.

Ин ниҳод дар шарҳи фаъол шудани ин паёмрасон навиштааст, ки “он имкон медиҳад, ки додаҳои корбарон дар дохили кишвар ҳифз шаванд, иртибот бе вобастагӣ аз кишварҳои дигар таъмин гардад, муассисаҳо ва шаҳрвандон дар муҳити амн ва боэътимод муошират кунанд".

Хадамоти алоқа  мегӯяд, дар ҳоле ки дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла, Русия, ки замоне дар истифодаи "Телеграм" ва "Вотсап" маҳдудият гузошт, паёмрасони нав имкони иртибот бе вобастагӣ аз кишварҳои дигарро таъмин мекунад.

“Ин бартарӣ, пеш аз ҳама, барои минтақаҳои дурдасти кишвар ва муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ хеле муҳим аст, зеро аксари барномаҳои хориҷӣ танҳо дар шароити интернети баландсуръат хуб кор мекунанд”, - гуфтааст ин ниҳод

Манбаъ навиштааст, пайвастшавӣ ба “ORIZ” сода ва осон буда, дар пойгоҳҳои боргирии “Google Play”, “App Store”, инчунин барои компютерҳои “Windows” ва “Mac” ва гунаи онлайнии он дастрас аст.

Барои сабтином ва фаъол сохтани паёмрасон рақами телефони дохилӣ лозим аст, то рамзеро, ки тавассути паёмак (SMS) ирсол мешавад, ба он ворид кунед ва худро ба қайд гиред.

Ба қавли хадамот, барномаи “ORIZ” чунин имкониятҳо дорад:

- ирсоли паёмҳои матнӣ ва овозӣ;

- зангҳои видеоӣ ва овозӣ бо сифати баланд;

- эҷоди гурӯҳҳо ва каналҳо барои муошират ва ҳамкорӣ;

- ирсоли бемаҳдуди файл, акс ва наворҳо;

- ташкили ҳамоишҳои маҷозӣ тавассути пайванд (ҳатто бе сабти ном).

Гуфта мешавад, ки дастрасӣ ба “ORIZ” дар тамоми кишварҳо имконпазир аст.

Дастурҳои муфассал барои танзими барномаро дар сомонаи расмии мессенҷер - orgiz.tj пайдо кардан мумкин аст.

Дар ҳамин ҳол, зимни санҷиши месенҷер, “Азия-Плюс” натавонист паём фиристад ё зангҳои овозӣ ва видеоӣ анҷом диҳад. Маълум шуд, ки тугмаҳои фармон ғайрифаъол аст. Ҳангоми кӯшиши занг задан, огоҳиномаи "Занг аз сабаби хатогӣ ба итмом расид" пайдо мешавад ва кушодани чат бо мухотиб комилан ғайриимкон аст.

Аз Хадамоти алоқа гуфтанд, ки қаблан дар бораи кори ин паёмрасон ягон шикоят нагирифта будаанд, аммо барнома пайваста такмил дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.