Давоми се рӯзи охир, аз 18 то 20-уми ноябри соли равон чанд роҳи мошингард дар вилояти Суғд баста мешавад. Мақомоти маҳалии Суғд бо ирсол як эълон аз роҳбандии серӯза гуфтаанд, ки “он бо мақсади тамини бехатарии меҳмони олиқадр ва шахсони ҳамроҳикунанда” анҷом дода мешавад.
Эҳтимол ин ба сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилоят рабт дорад. Чунки дар гузашта чунин хабарҳо дар осотонаи сафари раисҷумҳур ба Суғд нашр мешуд.
Тибқи иттилои шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар Суғд дар пайи ин сафар чунин роҳҳо дар вилоят баста мешаванд:
18-уми ноябр: шаҳри Бӯстон, кӯчаҳои Ҳувайдуллоев, Бобоҷон Ғафуров, Гагарин ва Исмоили Сомонӣ, шоҳроҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Хуҷанд, кӯчаҳои Исмои Сомонӣ, Гагарин, С. Айнӣ то чорроҳаи Сартуқай, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон.
19-уми ноябр: шаҳри Истаравшан, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, ҷамоати Сабристонва роҳи Душанбе-Чаноқ;
20-уми ноябр: шаҳри Гулситон, кӯчаҳои марказӣ, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, роҳи автомобилгарди ҷамоати Исфисор ва Конибодом-Деҳмой, ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, кӯчаи Ҳувайдуллоеви шаҳри Бӯстон.
Вақту соати аниқи роҳбандӣ ҳоло маълум нест.
Ин ниҳод аз сокинон ва меҳмонони вилоят хостааст, ки дар ин рӯзҳо безарурат тавассути ин кӯчаҳо ҳаракат накунанд.
Тибқи анъана зимни сафар ба минтақҳо бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон як қатор бинову иншооти маъмуриву хидматӣ ва корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд.
Президент бори охир моҳи июли соли равон бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд рафта буд.





Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста