Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани маҷмуъи ҳикояҳои Юнус Юсуфӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми дуввуми ҳикояи “Меҳрубон” манзури ҳаводорони китоб мешавад.
Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.
Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин ва ҳикояҳои Антон Чеховро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.
Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани роман ва ҳикояҳои китоби "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ оғоз карданд.
Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.
Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ ва “Телеграм”-и радиои “Азия-Плюс” метавонед, гӯш кунед.



Кор дар Қатар. 6 ширкати қатарӣ корҷӯёни тоҷикро бо шиму кастюм ва гарданбанд ба суҳбат даъват мекунанд
“Турдиев бояд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешуд”. Як зодаи Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми куштор ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд
Савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2025 қариб 3 баробар афзудааст
КДАМ аз боздошти ду сокини шаҳри Турсунзода бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хабар дод
Муҳлати шиносоии чеҳраи нафақагирон ба охир расид. Вале то ҳол бақайдгирии онҳо идома дорад
Як шаҳрванди Ӯзбекистон бо иттиҳоми куштори генерали рус ба ҳабси абад маҳкум шуд
Боздошти як зан бо гумони фурӯхтани кӯдаки 8-моҳааш бар ивази 100 ҳазор сомонӣ
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 10
Дар пайи фаромадани тарма роҳи Душанбе-Чаноқ то ҳол баста аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста