Раёсати Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика феҳристи асарҳоеро, ки барои соҳиб шудан ба ин ҷоиза дар соли 2026 пешбарӣ шудаанд, эълон кард.
Бахши адабиёт
Ба навиштаи ин ниҳод, дар бахши адабиёт раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ду асар - романи “Нони шарикӣ” аз Мирзо Саидзода ва маҷмуаи шеърҳои “Номаи офтоб” аз Давлати Раҳмониёнро пешниҳод кардааст.
Бояд гуфт, Мирзо Саидзода, нависандаи тоҷик романи таърихии “Нони шарикӣ (сад сол бо Русия)”-ро ду соли пеш навишт, ки атрофаш вокунишҳои гуногун ба вуҷуд омад. Дар ин роман яке аз мавзуъҳое, ки бо гузашти солҳо пиромунаш баҳс кам намегардад, яъне паҳлуҳои мусбат ва манфии даврони Шӯравӣ тасвир ёфтааст.
Ҳамчунин, раёсати Иттифоқи нависандагон дар бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон “Хонаи мо – гулхона” - маҷмуаи шеъру манзума, чистон ва тарҷумаҳои Абдусаттори Раҳмонро пешниҳод кардааст.
Бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ
Дар ин бахш маҷмуи сурудҳои “Чашмаи меҳр” аз Исматулло Холиқовро ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг пешниҳод кардааст.
Маҷмуи сурудҳои “Сози ватандорӣ” аз Фурқат Саидзодаро ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радио пешбарӣ кардааст.
Маҷмуаи адвор ва сабти сурудҳои солҳои 2023-2025 “Меъмори Истиқлол” аз Шералӣ Қосимро раёсати Иттифоқи оҳангсозон пешниҳод кардааст.
Бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ
Китоб-албоми “Живопись. Монументальная скульптура” аз Ғафур Ҷӯраевро раёсати Иттифоқи рассомон пешниҳод кардааст.
Бахши журналистика
Дар ин бахш раёсати Иттифоқи нависандагон “Чароғафрӯзон” - маҷмуаи очеркҳо ва қиссаҳои ҳуҷҷатии Бахтиёр Муртазо ва Шералӣ Мӯсоро пешбарӣ кардааст.
Бахши тарҷума, пажуҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ
Раёсати Иттифоқи нависандагон Абдусалом Мамадназаровро барои тарҷума ба англисӣ ва пажӯҳиши асарҳои Садриддин Айнӣ “Ҷаллодони Бухоро”, “Марги судхӯр”, “Исёни Муқаннаъ” ва “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”, чопи онҳо дар нашриёти Англия, ИМА, Тоҷикистон ва рӯнамоии онҳо дар шаҳрҳои Лондон, Ню-Йорк ва Душанбе пешниҳод кардааст.
Раёсати Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ аз мутахассисон ва ҳамаи ҳаводорони адабиёту санъат хоҳиш кардааст, ки дар муҳокимаи ин асарҳо тавассути расонаҳо то 10-уми майи соли ҷорӣ, фаъолона иштирок кунанд.
Ҷоизаи ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаҳои адабиёт, санъат ва меъморӣ, ки соли 1963 таъсис ёфтааст. Он дар ду сол як маротиба дода мешавад. Маблағи ҷоизаи Рӯдакӣ баробари 3500 доллар буда, маъмулан дар арафаи Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон тақдим мегардад.





Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста