Соли 2025 Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон 15 парвандаи марбут ба шаҳрвандони хориҷиро баррасӣ кардааст. Дар ин бора Зокир Аминзода, муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 10-уми феврал дар нишастии матбуотӣ хабар дод.
Ӯ зикр кард, ки аз ин шумора бо иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони Чин 7 парванда, Эрон 3 парванда, Туркия 2 парванда, Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон як парвандаӣ баррасӣ шудааст.
“Як парванда бо даъвои Додситонии кулли Тоҷикистон ба манфиати шаҳрванди Эрон дар бораи беэътибор донистани шартномаи ҳиссагузорӣ, инчунин 7 парванда бо иштироки шаҳрвандони Чин асосан вобаста ба масъалаҳое, ки ба шартномаҳои байниширкатҳо алоқамандӣ доранд, инчунин якчанд шартномаҳои дигар дар бораи барқарор кардани ҳуқуқҳо байни шаҳрвандони Эрон, ки муассисони ҷамъиятҳо ва корхонаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон буданд, баррасӣ шуданд”, - шарҳ дод Аминзода.
Инчунин, ӯ гуфт, парвандаҳои марбут ба шаҳрвандони Русия, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки дар Тоҷикистон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буданд ва муассис ё директорони ҷамъиятҳо буданд, баҳсҳои онҳо низ, дар бораи беэътибор донистани шартномаҳои ҳиссагузорӣ ва ё рӯёнидани маблағҳо буд.
Ба ҷуз ин, соли гузашта ба додгоҳҳои иқтисодии кишвар 10 дархост дар бораи эътироф ва ба иҷро расонидани ҳалномаи додгоҳҳои хориҷӣ ворид шуда, баррасӣ шудааст.
Зокир Аминзода гуфт, дархостҳои воридшуда 4 адад ба Русия, 2 адад ба Қазоқистон, 2 адад ба Венгрия ва яктоӣ ба Ӯзбекистон ва Қирғизистон рост меояд.

“Асосан ҳамаи ҳалномаҳои ба додгоҳҳои олии иқтисодии Тоҷикистон воридгардида тибқи конвенсияи соли 1956 дар бораи эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои хориҷӣ ба иҷро расонида шудааст. Инчунин, мувофиқи созишномаҳои байни давлатҳои ИДМ якчанд супоришҳои судӣ аз ҷониби додгоҳҳои олии иқтисодӣ ба иҷро расонида шудааст”, - гуфт ӯ.
Бояд гуфт, ки солҳои охир Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон омори парвандаи марбут ба шаҳрвандони хориҷиро расонаӣ накардааст ва дар воситаҳои ахбори оммаи кишвар ҳам чунин рақам нест.
Ҳашт соли пеш, соли 2018 дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон 27 даъвои ширкатҳои хориҷӣ ва ҳамкорони маҳаллии онҳо баррасӣ шудааст, ки ду баробар бештар назар ба нишондодҳои соли 2017 будааст.
Дар нимсолаи аввали соли 2020 бошад, 4 аризаи даъвогӣ ба Додгоҳи олии иқтисодӣ ворид шудааст, ки иштирокчиёни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ ё ширкатҳо мебошанд.
Қонунгузорӣ ва санадҳои расмӣ ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷиро барои муроҷиат ба додгоҳ дар Тоҷикистон пешбинӣ мекунанд. Асосан, сармоягузорон ба додгоҳҳои Тоҷикистон дар ин ё он хусус шикоят мебаранд. Сармояи хориҷӣ асосан аз Русия ва Чин ба Тоҷикистон ғолибан барои бахшҳое чун саноати кӯҳӣ, бонкдорӣ, энергжӣ ва истеҳсоли семент маблағгузорӣ мешавад.




Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста