Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар бонкҳои Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,6 млрд сомонӣ (79 млн. $) пасандозҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, тамоили афзоиши ҳаҷми пасандозҳо дар Тоҷикистон аз соли гузашта оғоз ёфта, дар зарфи чаҳор моҳи соли равон ҳаҷми онҳо дар бонкҳо ба андозаи 11,6% афзудааст, ки гувоҳи афзоиши эътимоди мардум ба бонкҳост.

Бино ба маълумоти БМТ, айни замон ҳаҷми пасандозҳо бо асъори миллӣ 1,45 млрд. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 2,19 млрд. сомониро ташкил медиҳанд. Дар сохтори пасандозҳои бонкӣ 49,7 ё худ 1,81 млрд. сомонӣ пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ буда, 50,2 ё худ 1,83 млрд. сомонӣ аз ҳаҷми пасандозҳо ба шахсони воқеъӣ рост меояд.

Зимнан зикр гардид, ки ба ҳисоби миёна фоизҳои пасандозҳо бо асъори миллӣ - 17,09 ва бо асъори хориҷӣ – 15,69%-ро ташкил додаанд.