Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар маҷмаии давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе бо иштироки нахуствазири кишвар Оқил Оқилов маҷлиси нахустини солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» ба кор шурӯъ кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, пеш аз баргузории маҷлис дар саросари ҷумҳурӣ марказҳои бақайдгирии саҳмдорон таъсис дода шуда буданд, то ки саҳмдорон худро ба қайд гузошта дар маҷлис ширкат варзанд ва аз рӯйи ин ё он масоил овоз бидиҳанд. «Ҳар як саҳмдор бо ба қайд гузоштани худ хуқуқи ширкат дар маҷлисро пайдо мекард», - гуфтанд дар вазорат. Дар маҷлиси мазкур ҳамчунин хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» низ иштирок дорад, ки чанде баъд дар бораи натоиҷи он муфассал маълумот хоҳад дод.
Дар Вазорати молия аз пешниҳоди маълумот дар бораи шумораи умумии саҳмдорони нерӯгоҳи «Роғун» ба иллати «маълумоти махфӣ» будан ва танҳо ба саҳмдор ё маҷлиси саҳмдорони Ҷамъият пешниҳод кардани он худдорӣ варзиданд.
Ёдрас мекунем, ки маъракаи фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои ҶСК «НБО Роғун» бо ташаббуси сарвари давлат 6-уми янари соли 2010 огоз гардида, тобистони соли гузашта бо тавсияи Хазинаи байнулмилалии асъор фурӯши он боздошта шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, айни замон маблағи умумии саҳмияҳо ва сертификатҳои фурӯхташудаи ҶСК «НБО Роғун» 190 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста