Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар бозорҳои ҷаҳонӣ қимати нахи пахта босуръат коҳиш ёфта, аз 5 ҳазору 200 доллари ИМА-и моҳи марти соли ҷорӣ то ба 3 ҳазору 900 доллари ИМА поин рафт.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, бинобар талаботи беҳад зиёд дар муддати хеле кӯтоҳ ин ашё ба миқдори кофӣ захира гардида, ба коҳиши арзиши он боис шудааства бино ба гузоришҳои таҳлилгарони ин бахш, қимати мазкур  то ҳосили нав боқӣ мемонад. «Аксари кишварҳо заминҳои кишти пунбадонаро хеле афзуда, коршиносон зиёд шудани ҳосили пахта дар соли равонро пешгӯӣ мекунанд ва аз ин рӯ, бозори ҷаҳонӣ ором гардида, мависми навро интизорӣ дорад», - гуфтанд дар вазорати мазкур.

Дар ҳамин ҳол, дар вазорати мазкур мавҷуд будани ҳолатҳои истифодаи вазъ ба манфиати худ ва ҷой доштани ҳодисаҳои ҳаннотиву қаллобӣ дар биржаҳои ҷаҳониро аз эҳтимол дур намедонанд, зеро баъзан наметавон сабаби аслии боло ё поинравии арзиши нахи пахтаро дақиқан шарҳ дод.

Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки соли равон майдони кишти пунбадонаро аз 160,4 ҳазор гектар то 210 ҳазор гектар афзуд, вале муяссар гардид, ки танҳо дар майдони 203,1 гектар кишти пунбадона гузаронида шавад.

Бно ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли равон пахтакорони тоҷик ният доранд, ки на камтар аз 400 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оранд, ки дар муқоиса бо соли гузашта 90 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Маълумоти оморӣ бозгӯи онанд, ки дар ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротии Тоҷикистон нахи пахта 15%-ро ташкил медиҳад ва «тиллои сафед»-и Тоҷикистон асосан ба Туркия, Русия ва Эрон содирот мешавад.

Дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар ба маблағи 68 млн. 859 ҳазор доллари ИМА 17 ҳазору 865 тонна нахи пахта фурӯхта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 ҳазор тонна камтар аст, вале дар ҳамин ҳол, ҳаҷми маблағи бадастомада аз он ба миқдори 41 млн. доллари ИМА афзудааст.