Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Як ҳайати иборат аз ҳудуди 100 нафар соҳибкорону тоҷирони покистонӣ имрӯз ҷиҳати барқарор сохтан ва таҳкиму густариши робитаҳои ҳамкорӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ба ҳайат намояндагони ширкатҳои тиҷоративу саноатии Покистон дар бахшҳои дорусозиву бофандагӣ, мошинсозӣ, молия, саноати хӯрокворӣ, технологияҳои иттилоотӣ, мошинсозӣ, азхудкунии конҳои канданиҳои фоиданок, сайёҳӣ, сохтмон, мошинсозӣ, коркарди чарм ва ғайра шомил буда, онҳо бо имконоти ҷумҳурӣ шинос ва самтҳои имконпазири роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди омӯзиш қарор хоҳанд дод.

Интизор меравад, ки рӯзи 31-уми май намояндагони ҳайати Покистон дар ҳамоиши тиҷоратӣ бо иштироки нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ширкат варзида, дар ҷараёни он имконоти таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла оид ба коркарди нахи пахта баррасӣ мешаванд. Покистон ҳамчунин ба алюминии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳ оҳир сохтааст.

Дар робита ба ин масъала сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов изҳор доштааст, ки кишварҳо то ҳанӯз дорои имконоти зиёди истифоданашуда ҳастанд ва айни замон масъалаи ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни Душанбеву Исломобод мавриди ҳаллу фасл қарор дорад, ки ба густариши бештари робитаҳои ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки моҳи марти соли равон зимни сафари расмӣ ба Покистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорону тоҷирони Покистонро ба Тоҷикистон даъват карда буд.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба Покистон, ки асосан аз нахи пахта ва ангур иборат буд, 15,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар ин давра аз Покистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 6 млн. доллари ИМА асосан маснӯъоти саноати бофандагӣ ва атриёт ворид карда шудааст.