Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — | Бо мақсади ҳалли мушкилоти камбуди бензин дар дохили кишвар, Русия дар баробари боло бурдани арзиши боҷи содиротӣ, ҳамчунин ба хориҷи кишвар баровардани онро низ маҳдуд кард.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, ин тасмими Русия танҳо ба як қатор кишварҳо дахл дошта, Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳост. «Сухан сари комилан қатъ кардани содироти бензин намеравад. Воқеъан маблағи боҷи содиротии бензин аз Русия шурӯъ аз 1-уми июни соли ҷорӣ аз 408,3 то 415,8 $ афзуда, шояд он минбаъд низ зиёд шавад», - гуфтанд дар вазорати мазкур.

Як манбаъ аз вазорати мазкур изҳор дошт, ки маълумоти пешакӣ дар бораи воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон нишон медиҳад, ки тайи моҳҳои ахир воридоти он аз Туркманистон афзудааст. «Туркманистон ҳеҷ гоҳ хоҳиши моро бобати харидории маводи сӯзишворӣ рад накардааст, вале ин ҷо гап сари нархи он меравад, зеро нисбат ба Русия маводи сӯзишворӣ дар Туркманистон гаронтар аст ва дар он ҷо низоми биржавии худӣ амал мекунад. Афзудани боҷи содиротӣ ба маводи сӯзишворӣ аз ҷониби Русия боиси он гардид, ки бозори маводи сӯзишвории Туркманистон барои мо бартарӣ пайдо карда, тамоили афзоиши воридоти он ба мушоҳида мерасад ва гузашта аз ин, Туркманистон аз Русия наздиктар аст ва мо метавонем аз ин лиҳоз низ сарфакорӣ кунем», - гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар робита баа ин масъала изҳор доштанд, ки феълан дар Тоҷикистон камбуди бензин ба мушоҳида намерасад, вале ҳар як боррасон вобаста ба имкони худ мустақилона ба роҳандозии усулҳои фурӯши он ҳуқуқ дорад.

Дар хадамоти мазкур зикр карданд, ки барои пешгирии ҳолатҳои ҳаннотиву қаллобӣ дар бозори фурӯши маводи сӯзишворӣ, таъминкунандагон метавонанд меъёрҳои фурӯши онро ҷорӣ созанд. «Дар чанде аз нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ барои як мошин на бештар аз 10 литр бензин фурӯхта мешавад. Далелҳое мавҷуданд, ки одамон якбора 100 литр бензин харида, сипас онро бо арзиши гаронтар мефурӯшанд ва бо ин амал вазъи бозори маводи сӯзишвориро ноором месозанд», - гуфтанд дар хадамот.

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ, қимати маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон то воридоти он мутобиқи боҷҳои нави содиротӣ аз Русия бетағйир боқӣ хоҳад монд.

Айни замон дар Тоҷикистон се ширкати бузурги воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ фаъолият дошта, нархҳои худро бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа месозанд. Аз рӯйи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли ҷорӣ, 41%-и бозори воридоти маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ба ҶДММ «Газпромнефт – Тоҷикистон» тааллуқ дорад. Ширкатҳои «Анахита» ва «Нури Дилшод» мутаносибан ба 10 ва 9%-и бозор соҳиб буда, қисмати боқимондаи ин бозор ба таъминкунадагони хурд мансуб аст.